Ёдгорӣ ҳайкале аз худ ниҳодам дар сухан...

* * *

Ёдгорӣ ҳайкале аз худ ниҳодам дар сухан,
Лек бар завқи ҳама мардум бувад он созгор?
Зинда фарзандон куҷо дар пеши он сар хам кунанд,
Дида ин бутро намерезанд ашки шашқатор.

Аз набера, аз абера ҳам умеде нест, нест,
Аз миёни ҷумла ғавғо кай кунанд аз банда ёд.
Аз куҷо донанд андар оташи сӯзони шеър
Сӯхтам ман хештанро бо садоқатҳо зиёд.

Ёди ман аз ёдҳо монанди борон бигзарад,
Ё парад ҳамчун нахи шохи сафедорони роҳ.
Вожаҳоямро кӣ меҷӯяд, луғатро кофта?
Бар кӣ даркор аст баъди ман ин авроқи сиёҳ?

Ман ки фавтидам, ҳама фавтад, намонад ҳеҷ чиз,
Бар кӣ даркор аст ғамҳои ману андӯҳи ман?
Кист, к-ӯ бо ёди ман з-ин баъд саргардон шавад,
Кори худ монад, равад дар ҷустуҷӯи рӯҳи ман.

Он фидоии ҳунар аз насли манфури сухан,
Қофиябози чуруқ — аз базмҳои бесамар.
Лек, илҳомо, бикун қадраш, ки бо чи қуввате
Килки шоир буд садди ин тиҳигоҳи башар.