Мебинам, ки чи гуна дарахти сиёҳ оҳиста аз пайкари ман мегузарад...
* * *
Мебинам, ки чи гуна дарахти сиёҳ оҳиста аз пайкари ман мегузарад
ва дар нӯги ангуштонам баргҳои тунук меҷунбанд.
Ва ин манзара он қадар тавонотар аз ҳақиқат аст, ки пилкҳои чашм
қодир нестанд чигунагии баданро дарк кунанд.
Дар дохили ман ушна ва мағзҳои сершилм. Қишри замин
омода ба ҳар тағйирот аст, аммо мо мушоҳида мекунем
одатан он чиро,ки наздик аст — канори ҳавлӣ
ва чизҳои беҷоне,ки дар паси китфони мо зиндагии махфӣ доранд.
Шояд он чи дар хоб дидем метавонист барояд
ба берун, шояд, вожаҳо вуҷуд доранд мисли ҳайвонот
ва одамон, мисли дарахтону парандагон, донаворӣ ва ҳавуч.
Ва холигоҳи онҳо — низ интихоби биноӣ ва бовар аст.