Борис Рижий

Соли 1974 дар Челябинск таваллуд шудааст. Шӯъбаи геофизика ва геоэкологияи Академияи кӯҳии Урал, аспирантураи Донишкадаи геофизикии шўъбаи Уралии Академияи илмҳои Россияро хатм карда, дар он корманди хурди илмӣ буд. Дар маҷаллаи «Урал» (Екатеринбург) бахши худро дошт. Аз соли 1996 дар маҷаллаҳои Урал ва сипас дар Санкт-Петербург, Москва осораш нашр мешуд. Дар фестивали назми Роттердам иштирок кардааст. Ягона китоби ашъораш «Ва ҳамин гуна...» (2000) ҳангоми дар ҳаёт буданаш ва китоби дуюмаш «Дар шамоли сард» (2001) пас аз маргаш ба табъ расидааст. Солҳои 2000—2010 чанд маҷмуаяш аз чоп баромадааст. Шеърҳояш ба забонҳои англисӣ, арабӣ, булғорӣ, итолиёвӣ, литвонӣ, олмонӣ, ҳолландӣ, сербӣ, туркӣ, фаронсавӣ ва ғайра тарҷума шудаанд. Барандаи ҷоизаи мустақили «Антибукер», ҷоизаи адабии «Северная Пальмира» (пас аз фавташ). Соли 2001 худкушӣ кардааст.
Ҳаёти дурахшон ва марги фоҷиавии Рижий ба тамоми намояндагони як насли адабӣ таассуроти ҷиддӣ бахшид. Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ӯ дар Россия ва Ҳолландия як қатор китобҳои шарҳиҳолӣ ва хотиравӣ ба табъ расида, намоишномаҳо дар театрҳои маъруф ба саҳна гузошта шудаанд, филмҳои мустанад таҳия гардиданд. Дар ҳоли ҳозир филми бадеӣ ба навор гирифта мешавад. Аз рўи шеърҳояш сурудҳо таҳия шудаанд.