Николай Иванов

Николай Федорович Иванов (с. т. 1956) — нависанда, журналист ва публитсист. Барандаи ҷоизаҳои Николай Островский, Михаил Булгаков ва ғайра.
Дар деҳаи Страчевои вилояти Брянск таваллуд шудааст. Мактаби ҳарбии Суворови шаҳри Москва ва шуъбаи журналистикаи омўзишгоҳи ҳарбию сиёсии Лвовро хатм кардааст. Хизматро дар қӯшунҳои десантии ҳавоӣ оғоз намудааст. Соли 1981 ба Афғонистон фиристода шуд. Дар маҷаллаи «Советский воин» кор мекард, соли 1992 сармуҳаррири он шуд. Ҳамчун рӯзноманигори ҳарбӣ аз Тсхинвали, Қрим, Сурия, Донбасс дидан кардааст. Ҳангоми сафари корӣ ба Чеченистон ӯ дастгир шуда, пас аз чаҳор моҳ дар натиҷаи як амалиёти махсус озод карда шуд.
Устоди шинохтаи мавзӯи ҳарбӣ дар адабиёти муосир. Асарҳояш — романи «Амалиёти «Тўфон» пеш аз муҳлат оғоз шавад», новеллаҳои «Ба Светаи Ором», «Партер. Қатори ҳафтум», «Қиссаи Брянск», «Сокинони осмон», «Дар назди дарёчаи кабуд», «Боварӣ. Умед. Ҷанг», «Дар як замон, дар як макон», «Тиллои тиллоранг».