Бо нафас кас накард гармам ҳеҷ...

* * *
Бо нафас кас накард гармам ҳеҷ
Рӯи дастони оҳанини даҳр,
Парварам рӯзгори Салйерӣ,
Нест фориғхаёлиям бар сар

Баста бо риштаи сапеди ёд,
Чанбареро, ки рафта аз хотир,
Балки ёдам биоварад илҳом
Савти азёдрафаи отир.

Ҳар куҷо паҳн гашта ин оҳанг,
Ёбад ору зи ҳар гуле онро,
Гар бароӣ ту дертар дар шаб,
Бишнавӣ савти ин наво ҳар ҷо.

Дар таваққуфгаҳони беодам,
Дар дари ҳуҷраҳои бенозиш,
Куҳна авроқ саҳфа гардонам,
Мекунам зиндагии бенолиш.

Мебиёяд зи дур Салйерӣ,
Дар дилаш ёди рафта меҷӯшад
Субҳ бо ман ба дидаҳои нам
Пушти хамгашта пива менӯшад.