Барфи реза мезанад...
* * *
Барфи реза мезанад
Пайраҳа нарму тиҳист,
Одами хурдак равон
Гулгашт Гоголист.
Доимо ин тела-тела,
Ин ҷавонон дар намо,
Нестӣ шояд ту з-они ҳеҷ кас,
Меравӣ танҳо.
Ишқи хурдак,
Одами хурдак чу хас,
Андар ин асре, ки бераҳмист,
Метавонад гум шавад ҳар кас.
Ҳам шинеле нест лозим.
Як нигаҳ даркор танҳо
Лек ӯ дорад «Шанел»
Пӯшиши қимматбаҳо.
Шаккарин барфи сапед,
Ҳавли испеде, ҳавои ширмол
Одами хурдак,
Булвари Гогол.
Барфи реза мезанад
Пайраҳа нарму тиҳист,
Одами хурдак равон
Гулгашт Гоголист.
Доимо ин тела-тела,
Ин ҷавонон дар намо,
Нестӣ шояд ту з-они ҳеҷ кас,
Меравӣ танҳо.
Ишқи хурдак,
Одами хурдак чу хас,
Андар ин асре, ки бераҳмист,
Метавонад гум шавад ҳар кас.
Ҳам шинеле нест лозим.
Як нигаҳ даркор танҳо
Лек ӯ дорад «Шанел»
Пӯшиши қимматбаҳо.
Шаккарин барфи сапед,
Ҳавли испеде, ҳавои ширмол
Одами хурдак,
Булвари Гогол.




