Светлана Кекова
Соли 1951 дар Александровск-Сахалинск таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Саратов мебошад. Доктори илмҳои филологӣ, муҳаққиқи эҷодиёти Николай Заболотский ва Арсений Тарковский аст. Муаллифи бист китоби шеърҳо, аз ҷумла: «Дар ҳафт теппа» (2001), «Дар домани Зардкӯҳ» (2006), «Дар роҳи Эммаус» (2007), «Шеърҳо дар бораи одамон ва фариштагон» (2009), «Сад шеър» (2012), «Дарси хаттотӣ» (2012),» Себ ва салиб» (2021). Шеърҳояш қариб ба тамоми забонҳои асосии Аврупо ва Осиё тарҷума шудаанд. Барандаи ҷоизаҳои маҷаллаҳои «Знамя» ва «Новый мир», ҷоизаи ба номи Аполлон Григорев, Ҷоизаи бузурги «Москва — Транзит», Ҷоизаи байналмилаллии ба номи Арсений ва Андрей Тарковскийҳо (Украина), Ҷоизаи шоиронаи «Anthologia», Ҷоизаи нави Пушкин, ҷоизаи «Московский счёт» ва ҷоизаи байналмилаллии ба номи Волошин ва ғ. Дар Саратов зиндагӣ мекунад.
Адабиётшинос ва мунаққид Наум Резниченко ишора ба он менамояд, ки «Кекова гўё бо гуфтаи Пушкин оид ба он, ки «Ман барои андеша кардан ва азоб кашидан зиндагӣ кардан мехоҳам» баҳс мекарда бошад, аммо дар ҳақиқат ў ба шоири бузург ҳамовоз шуда, дар шеърҳояш «зиндагӣ ва фикр мекунад, ранҷ мекашад».