Рӯ ба боло бурда мушхорон, газанда...

* * *

Рӯ ба боло бурда мушхорон, газанда,
Ҳам гули минову ҳам ҳулбӯву чатри сабз*,
Андаруни козаи паҳнои маҷнунбед
Мори печон мераҳонад ҷони худ аз қабз.

Чашм мепӯшам, ки аз нав боз мебинам,
Гул ба ларзиш шармгоҳашро кунад урён.
Бо манори нақшдораш чилбуғуми боғ,
В-он вазирак** чун салибак зард андар он.

Зиндагӣ ҷорист бо маҷрои хуни гарм,
Медавад бо ҷӯйи сарди балғам аз рагҳо,
Рӯд хандон меравад, аммо қавоқ андохта,
Бо ҳамин пӯшонда якрангии худ гӯё.

Бо қатори худ равон мӯрон бари соҳил,
Шохаҳоро боди дайду бишканад бе фарқ.
Савту қофия чунон оҳанги занбӯрон
Аз ҳаво овои нусрат мерасад чун барқ.

Болҳо шӯяд фаришта дар насими сабз,
Шаҳпарак парвоз гирад дар ҳавои нур.
Гӯш кун, бишнав гуворо мавҷи шодиро,
Соати хайр асту хубӣ, бо дили масрур.

Ин санавбар хоҳари ҳамкитфу пои туст,
Мефишонад сӯзанонашро ба рӯи об,
Чашма баҳри Волга мехонад суруди ҳамд,
То ки ҷон гирад аз ӯ, аз ӯ шавад шодоб.

* Чатри сабз — номи гиёҳ.
** Вазирак — номи гиёҳ.