Алексей Иванов

Алексей Викторович Иванов (с. т. 1969) нависанда. Барандаи Ҷоизаи «Китоби бузург» (2006), «Ясная Поляна» (2006), Ҷоизаи Ҳукумати РФ (2017) ва ғайра.
Дар шаҳри Горкий (Нижний Новгород) дар оилаи киштисоз ба дунё омада, мактабро дар Перм хатм кардааст. Дар факултети журналистика ва факултети таърихи санъати Донишгоҳи давлатии Урал таҳсил кардааст. Муаллим, посбон, роҳнамо шуда кор кардааст.
Аввалин китобаш — романи таърихии «Дили Парма» (2003), мунаққидонро водор сохт, ки Ивановро чун адиби соҳибистеъдод, дорои услуби баён ва мавзӯи хос бишносанд. Романҳои «Хобгоҳи умумии хуношом», «Географ глобусро хўрд», «Тиллои шўриш», «Ҳавои бад» ва гайра аз тарафи хонандагон баҳои баланд гирифтанд. Вай инчунин дар жанри тадқиқоти фарҳангӣ дар бораи Урал як қатор китобҳо навиштааст: «Пули Россия», «Тамаддуни коргоҳи кўҳӣ», «Йобург», «Пичхор» ва гайра.
Иванов анъанаи насри классикии русро бо усулҳои фарҳанги оммавӣ пайвастааст. Дар осори ў воқеият бо тасаввуф печидаааст, баробари тезутундии вазъият ва суръати воқеаҳо тасвири зебоихои манзара ва симоҳо осори ўро хушгил сохтааст.