Номаҳои кӯтоҳ
*
Аз чи маъюс аст домоди нишаста бо арӯс,
«Бурд бояд аз канор ин шамъи зулматбӯс,
К-он ба рӯҳу ҷисми мо бисёр монанд аст,
Мекушем ин шамъро, гӯё тасодуф дод даст».
Мекунем эҳсос, меояд ба ногаҳ боди дигар,
Шамъ неву зиндагонӣ мешавад аз он мунаввар.
Ишқ аммо мешавад танҳо садои шишавор,
Илми рағбат ҳам чу дигар илмҳо изҳор
Ҳақ намеҷӯяд, ки овои тасодуфҳост,
Дар рагу пайвандҳои ҷисм нопайдост.
*
Ҳамраҳи бероҳаат дар бистари ту шоду маст,
Тӯрро аз нури маҳ овехт моҳигир ба даст.
Он қадар ғам дод занҳоро, чи тӯлонӣ бизист,
То ки тӯраш пур зи моҳӣ бошаду аз шавқи зист.
Ташнагӣ бишкастану додан азиятҳо ба тан,
Сояи мурғон ба рӯи обҳои бешикан,
Анбӯҳи арвоҳ, ҳангоми азиятҳояшон,
Ки замоне номзад бар марги худ гардид он.
*
Пеши Ҳақ худро натонӣ ҳақ баровардан,
Не ба ишқи ғайр, не бо хонаву бо зан.
Не ба ашки шашқаторат дар раҳи пурчанг,
Не ба мушти хоки дар каф, рӯи пурожанг.
Ҳамчу тифли батн андар лона хобад мурғ,
Мурғаке дар лона чун дар батн мехобад,
Сад рухи бегона дар рӯи ту метобад.
*
Ба оби шӯр барангезӣ дар ман ташнагиямро,
Ҳаловат ҷӯям,аммо ғам хурам дар ин ҳаловатҳо.
Бувад ҷо бар азову дарду кулфат, бар азобу таб,
Ки рӯзаш дар нигоҳу номзад гардид ӯро шаб.
Ба ҳам пайвасташон чун ишқ бо як оташи камҷӯш,
Шафақшон, мисли ин ки гашт бо хокистаре рӯпӯш.
Чаро ки орзуи ҷаннати дунёст беҳуда,
Равон аст аз сари олам насими вақт осуда.
*
Бишӯяд фавраҳои маргро амвоҷи поки об,
Ба ашки дида хушдорат бихонад сатрҳои ноб:
«Килиди монда андар дар, дари нимроғу андак во,
Биларзад хона аз сардӣ, фишорад ишқ ҷонатро»...
Фазои зиндагӣ обистани ин тарси ларзон аст,
Дурӯғи ошкорову умеди раҳми Раҳмон аст.
Ба шабҳо дидагони ту фурӯғи каҳкашон медид,
Ба зарфи ҷисми ту рӯҳат ба мисли оташи ҷовид.
Ва он амсоли амвоҷе,ки дорад гардиши бисёр,
Вале не марг метобад аз он, бал чеҳраи Додор.