Бигӯ боз
ба ман гӯ боз чист андар паси он тӯдаи ахтар
аз он тирукамон чоше ба чашми нотавонам чист
аз онон ончунон бӯйе ба боғу марғзор ояд,
магар ин гуна мумкин аст, бӯ доранд ахтарҳо
кӣ пошид инчунин бар рӯи олам бӯи ононро,
ки аз савту суруди нур гардад уқдаи дил во
ба ту гӯям чӣ хоби рӯз доранд ин ҳама ахтар
ба боғу даштҳо нури дурахшоншон гувоҳи чист
гуланд инҳо ки мерӯянд гоҳе дар баҳори сабз
ва ҳатто дар зимистон дарбигиранд аз карахши барф
барои шуҳрати беҳуда ё баҳри он ки мо
заминро дӯст дорему ба худ хонем чун маъво
ба ман инак бигӯ аз чист оё баргҳои рӯҳ
чӣ гулҳоянд ҷунбон дар кабудиҳо ба боли шавқ
чунон ширин сароянд аз муҷозоте наметарсанд
табар ҳам як сарояндаст дар ин манзари зебо
ки боло бурдашон дар осмон парвозҳо гиранд
шавад дил пора-пора ончунон к-ошиқ шавад бар кас
бигӯям бар ту гулбарго ниҳоди одамӣ дар чист
ки инҳо хоҳарон — паррандагони бодҳои кӯҳ
тавваллуд аз ғуборе гашта дар парвоз ҷон доранд
нишони таҳ бувад моҳиву мурғак пайкари болост
сарояд ҳал шавад дар он кабудиҳои хуршедӣ
ки мо хурсанд бошему табассум дар лабон бошем
ба ман гӯ ҳаққи гапро гӯ чӣ мурғонанд ин мурғон
ки монанди малоикҳо кашида саф ба сӯи ҷӯ
садо аз ҳалқ биброранду зеботар зи гулҳоянд
чу парвона барои шамъ бахшам баҳри онон ҷон
ҳаёти бефано бинам чу бинамшон чунон ҳамнабз
дилам таркад қатори ин ҳама гулбаргҳои сабз
ба ту гӯям ҳама инҳо малакҳои заминиянд
лаби дарё суруди ҳасратомезе ба лаб оянд
ана ин духтарони одамӣ онон дигаргунанд
арӯси мо ва ҳатто ҳамсари мо рӯзи маҳзунӣ
чи гуна дар шаби кӯтоҳ бинӣ хоби ҷаннатро
касеро дӯст медорем, баҳраш ҷон фидо дорем
ба ман гӯ оқибат бе фанд мегӯ ин ҳақиқатро
чаро он мешавад ҳар гаҳ ки буда дар насиби мо
саҳар гулҳо шукуфон гашта мурғон нағма ороянд
талаб кун офтобат рӯшанӣ бар дӯш афшонад
лаби ҷӯ духтарон оянд тифлакҳо ба бор оянд,
вале ман нестам аз чӣ дар олам нестам зинда
худо бо ту агар зинда наӣ ҳоло чӣ ҳоҷат буданатро ҳам
надид ар рӯзро пас ҳоҷати шаб дидани ӯ чист
назода тифлро модар надорад ҳоҷати гиря
намехушкад гули нашкуфтае ҳаргиз
намеафтад паранда гар надорад дар ҳаво ҷавлон
наметаркад диле ки нест дар сина



