Бо табиат
Фоида, албатта, дорад. Ҳаво, масалан, — ҳама шаҳриён онро мисол меоранд ва ҳамеша бо ҳаяҷону хитоба ё бо ифодаҳои мудҳиши шоирона. «Саршор»-и ягон чиз. «Аз бўи гул». «Шираи шифобахши санавбар». Хайр, чӣ хел? «Ҳавои шаҳдбори саҳро» — барои ин ифода бояд ба батареяи гармдиҳӣ басту бо ҷилдаки ашъори узви Иттифоқи навсандагони Россия — аз бахши вологдагӣ бошад, беҳтар — кўфту кўфт.
Ҳамаи ин дурўғ асту фиреб, ҳамаи ин шезлонгҳои* дар офтобак гузошташуда, қаҳвахонаҳои дар пешайвонҳои равзандор, ки равзанҳояшон сўи гулҳои ёс бозанд, чаманшиниҳои рўи сабзазори фатила, қўраҳои кабобу пашшахонаҳо ҳам. Ҳамаи ин кўшиши талқин кардану алда намудани чизҳоест номафҳум, мудҳиш, пурғавғо ё сокит; чизҳое, ки нафасашон ба рў мезанад ё тамоман наздик шудаву дар паси гарданатон истодаанд. Он чизе, ки сад бор мерониву ҳатман боз меояд.
Осмони ситоразор меояду мехобад; дилу ҷон меларзад аз самои атрбор. Лекин аввал дунё торик мешаваду заҳ мекашад, дуру сокит мешаваду дар худ фурў меравад. Ким-чӣ хел гулҳои арўсӣ, ки рўзонаву дар таронаҳои кўдакон гуланд, вале шабона... киянду чиянд аслан онҳо? Ва моҳияти барои худашон ҳам ниҳониашон чист? Он набудагист, ки барои тасвиркашӣ дар чойники сирдор ба намоишашон гузоранд?
Майса чӣ? Гулҳо чӣ? Охир, онҳо — гулҳо моро дўст намедоранд; ҳатто ба мо туф ҳам накардаанд, аслан мо барояшон вуҷуд надорем, моем, ки дар атрофи онҳо бехуд мешавем, мо, беақлони табиат, ки забони онро гум кардаем, ҳадафҳояшро намедонем, намефаҳмем, ки ин духтараки афсункори боғ барои чӣ бо давраи чархандаи сафеду арғувонӣ тоб мехўрад ва чаро ўе, ки дар бораи ҳандасаву Манделброт чизе нашунидааст, риёзии хушбўи худро тоб медиҳаду тоб; охир, аллакай говгум шудааст, нам фуромадааст, аллакай аз алафи навдаравида бўи тези маҳлули манган** ба димоғ мезанад.
Бояд майсаҳоро даравид, чароғҳои хираи боғро даргиронд, дарбачаро басту сагро сар дод, аз ҳама гуна одамони шубҳанок дурӣ ҷуст; барои тавораи баланди хиштӣ ва муҳофизон пул ҷамъ кард, лекин беҳуда аст: аз сабза, аз ғул-ғули бесадои ахтарон, аз гул, ки машғули кори номафҳуми худ аст, пинҳон шудан имкон надорад. Охир, барои ҳамонҳо харидаед ин бўстонсароро, ба ҳаяҷон омадаед, савдо намудаед, алам кашидаед ва оқибат тантана кардаед. Ҳаво мехўрем! Ҳавои тоза! Бояд наздиктар буд ба табиат, ба гамбусакҳо!
Мо аз шаҳрҳо мегурезем, чашмамонро пўшида, аз азият, дилгирӣ, корҳои арақшоркунанда, мўйҳои резон, доғҳои сиёҳи зери чашм фирор мекунем. Дур, то саҳроҳои беробита, марғзорони бепосух мегурезем; то хонаи сафеди лаби баҳри кабуд мерасем: ана, дар куҷо зиндагӣ кардан мехоҳем мо. Мехоҳем, ки шеъру норҷил*** ҳам бошаду соҳили оббозиву сачоқ ҳам.
Шомгоҳ майи ноб бошад... боз майи ноб, баъд бозу боз... то ки ҳама ин даҳшати рўбарў ғарқ шавад, то ки даҳшатҳоро набинем, то ки маъбади пурғулғулаву пурахтар, ғуввоси дилгири баҳр, карахтии кўҳҳоро фаромўш кунем, ки дар сари як риштаи борикем, дар танҳоии ислоҳнопазирем, дар биёбони табиатем ва на қунғузак ошноямон асту на келасе рафиқамон.
Парвардигор инсонро, ин ҳайвони ношуду дўстдоштаашро барои гуфтушунид ба биёбон мехонад. Парвардигор аз нимторикӣ мебарояду дар паси мо меистад. Парвардигор мулоқоти моро бо гули арўс — мулоқоте саргармсозу бе ҳарим ва чашм ба чашм таъйин мекунад. Парвардигор зери поҳо сабза мешавад, насимвор мевазад, мавҷ мешаваду сар ба соҳил мезанад, абрсон мегурезад, хобсон ба хоб медарояд, майсон мерезад. Боқимонда асрори гуфтушунидҳост.
* Шезлонг — курсии фароғат, ки кушодаву пўшида мешавад.
** Маҳлули манган — маргансовка.
*** Норҷил — кокос.