Ҳар ки дорад зиндагонӣ дар шимол ӯ бехабар бошад...
* * *
Ҳар ки дорад зиндагонӣ дар шимол ӯ бехабар бошад
З-он ки лирика ба шакли тозаи худ чист
он гаҳе, ки солхӯрда ришдоре марди зебо
бо хати равшан ба шалвори васеъ
духтаре, раҳ дода бар ӯ, ногаҳон пушти камар монад
як назар поро ниҳода бар сараш санҷоқи сурх
дар ҳавои дастгири ғижжаку аккордеон.
Менадонад одаме, ки зиндагонӣ мекунад андар ҷануб,
панҷаи рӯбаҳ чӣ бӯе дорад андар рӯзи сармо дар шимол,
гаҳ ба ҳам оянд духтарҳо
чарми рӯҳо сарду наврас,
аз нафасҳои касон бӯи шароб ояд,
он гаҳе ки андар атрофат дарахтон яхча мебанданд,
гашта пурпат анқариби шаб.
Ишқ аммо инчунин аст,
дар ду ҳарф онро намегӯӣ,
баҳри сеюм шахс ӯ бегона мемонад,
менаёбӣ сирру асрораш, агар ҷӯӣ.
Он куҳан мифтоҳдори ӯ, куҳан сарбоз
шишта дар каткурсӣ чу андар лонаи ларзон
дошта бо панҷаҳо аз он
бингарад бар бодҳои пушти тиреза,
бодҳое, ки ҳамегиранд неру аз бари барги сияҳгашта ҳамон.