Юрий Кублановский
Соли 1947 дар Рибинск таваллуд шудааст. Шуъбаи санъати факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Москваро хатм кардааст. Дар осорхонаи Ф. И. Тютчев дар Мураново, дар осорхонаҳои Соловетский, Кирилло-Белозерский ва Ферапонтовский роҳбалад шуда кор кардааст. Ӯ узви гурӯҳи шоирии ғайрирасмии «СМОГ» буд, дар солномаи «Метропол», ки зери сензура қарор надошт, ширкат мекард. Соли 1982 маҷбур шуд, ки ба муҳоҷират равад, дар рӯзномаи «Русская мысль»-и Париж кор мекард ва соли 1990 ба ватан баргашт. Муаллифи бисту се маҷмуаи назмии дар Россия, ИМА ва Фаронса нашршуда, аз ҷумла «Дар ғарибӣ» (1993), «Рақам» (1994), «Аз тақвим дарозтар» (2001), «Дар соли нур» (2003), «Дар роҳи бозгашт» (2006), «Мунтахаб « (2006), «Як-як номгирӣ « (2010, 2012), «Ба Волга бахшида шудааст» (2010), «Изборник» (2011), «Мутолиа дар ҳавои бад» (2012), «Замонҳои вайрона» (2015), «Убури дароз» (2017). Барандаи ҷоизаҳои зиёд, аз ҷумла Ҳукумати Москва, ҷоизаҳои адабии ба номҳои Александр Солженитсин, Пушкин, «Anthologia», Ҳукумати Федератсияи Русия дар соҳаи фарҳанг, ҷоизаҳои адабии ба номи Тсарское Село, Патриархалӣ ва ғайра мебошад. Шеърҳояш ба забонҳои Аврупо ва Осиё тарҷума шудаанд. Дар Москва зиндагонӣ мекунад.
Барандаи ҷоизаи Нобел Александр Солженитсин иброз доштааст: «Шеъри Юрий Кублановский бо вафодории худ ба анъанаҳои шеърнависии рус, бо эҳсоси бузурги таносуб, истиороти нав ворид менамояд, онҳо ҳеҷ гоҳ аҷибу ғариб набуда, ҳамеша моҳиятан асосноканд, ки аксаран дубора хондан ва аз ёд карданро тақозо мекунанд».