Деворҳои дерӣ

Ҷойи баҳс акнун набошад бо замин —
аз ҳамон даҳсолаҳое, ки
бар сари ӯ аввалин парда бихобид,
баъд дуввумину сеюмин.
Лек ӯ поён фуромад
бар алайҳи булбулу мухак*,
ончуноне, ки ба хоби Гавдара**
ҳаргиз намеояд.

Зиндагии дигаре мехостам:
он касе, ки хеста аз хоб барвақт
оби ях резад ба мағзи худ,
ё касеро, ки басе дурудароз
ғел мегардад ба дастонаш китоб,
ё касеро, ки ба зулфаш
мезанад ҷавлон фурӯғи мӯҳрача.

Риштаи муҳлат валекин канда шуд,
норасида то ба ҳадди худ
танбалу варзишгаронро.
Ин манам дар асри нав
парвардаи дарду намак
ҳусни зебои туро дида
ман ба нақши худ — ҳақиқатҷӯи холис
гаштаам таслим.

Ростӣ, ҳоло
эй басо монадаст қаъри норасида
андар он ҷойе ки мо мехостем
як фурӯ рафта бароем.
Бо касе оё тавон шуд
дӯст ё ин ки бародар
бо нафасҳое, ки мо дорем
андар ин умқи ғализ?

Бо вуҷуди ин фақат бар осмон
мекунам имрӯз ман бовар,
бар ягона ӯ ба ваҳмам
мешавам пайваст.
Ончуноне, ки пас аз дав
сар ба болоҳо бубардорам
в-аз саёҳатҳои оянда
пешакӣ овеза овезам

* Фотимачумчуқ.
** Мурғобӣ.