Се шашмисраина бо вожаи об


Аз само, он сон, ки дар зарфи тиҳӣ
бо канори ғафс-ғафси қирадор
об андар чӯлпӣ* бигрифтаанд.
Аз ҳама қарқу зи сӯрохии тӯр
бигзаранд оҳиста то амсоли барф
бар сари мо бар заминҳо даррасанд.

 Зинда дар умқем мо чун обсабз,
дар самои хираи болои сар,
об резад бар сари ашъори мо.
Чун пайи алмос андар чарм
бо қатора аз сари мо меравад
зиндагӣ бо сад навову сад садо.

 В-он гаҳе ки охирин овои чарх
мекунад ях дар канора,
нур дар ҳар қатра мемирад.
Мерасад чӯпону моро мебарорад,
бингарад чоҳи сияҳро аз баландӣ
к-андар он ҷо шаҳри тиллоӣ нафас гирад.



* Чӯлпӣ — тушберагирак.