Ямбҳои* апрелӣ


Ман тамоми умр бишнидам навои обро
Дар хурӯҷи ҷумлаи фаввораҳо,
Дар садои резиши ҷӯбор бар толобҳо,
Дидаам онро чӣ гуна мепарад сӯи чароғакҳои кастона
Боз мегардад ба ҳавзу ҷӯйи ёна,
Чун ситора нурафшон мепарад бар дӯши мардум.

 Ман ба маргам гуфтаам як умр: меоям.
Инак,акнун омадам баҳри шиносоӣ — дар апрел,
Андар он соли яхину офтобӣ,
Он гаҳе, ки моҳ бо зӯрӣ нафас мебурд
Аз миёни абрҳои сабз. В-ахтарҳо раҳораҳ
Дар туманҳои шабеҳи шиша сӯзону шиновар
Мисли ин ки не мусибат, ғуссаҳоро месуруданд.

 Сол ҳам бигзашту шояд ҳам гузашт
Ҷумлаи ин зиндагӣ бо хандаҳои оҳанин,
Лек марг, ин марг бо боли кушода
Дар напӯшонидааст аз пушт,
Хурд мебошад ҳанӯз он ахтари рӯзи ҷудоӣ,
Балки ҳоло бар сари ҷангал шино доранд
Бесадо зангӯлаҳои моҳтоб.



* Ямб — вазни шеър дар назми Аврупо.