Олег Юрйев
Соли 1959 дар Ленинград таваллуд шудааст. Донишкадаи молиявию иқтисодии Ленинградро хатм кардааст. Аз соли 1982 ашъораш нашр шудааст. Аз соли 1991 дар Франкфурти лаби Майн (Олмон) зиндагӣ мекард. Муаллифи шаш китоби шеър, аз ҷумла «Шеър ва хорҳои мунтахаб» (2004), «Тирпарони шоми Франкфурт» (2007), «Шеърҳо ва дигар ашъор» (2011), «Дар бораи Ватан: Шеърҳо, хорҳо ва сурудҳо 2010—2013» (2013), «Шеър ва хорҳои давраҳои охир» (2016). Инчунин зиёда аз даҳ китоби наср (пйесаҳо, романҳо, мақолаҳо дар бораи адабиёт) ба табъ расонидааст. Барандаи ҷоизаи Ҳилда Домин (Олмон), ҷоизаҳои маҷаллаҳои «Звезда» ва «Новый мир», ҷоизаҳои «Различие», «Anthologia» мебошад. Соли 2018 вафот кардааст.
Шоир дар назм аз номунтазамӣ ва ноҳамвории хаёлӣ наметарсид, баръакс, онҳоро ҳадафмандона мепарварид. Яке аз хусусиятҳои муҳими сабки шоирии инфиродии ӯ аз истифодаи ибора ва неологизмҳои кам корбастшуда, ибораҳои кӯчагӣ, ки ба мазмуни умумии баланди зеҳнӣ ҳамроҳ шудаанд, иборат аст.