Заранги сурх қоматхам, кубуд аст ончунон зарнаб...

* * *

Заранги сурх қоматхам, кубуд аст ончунон зарнаб,
Шавад шамшод ҳам ларзон зи сармои зимистонӣ,
Ягон чизи дигар ҳам нест... ту танҳоиву... хомӯшӣ
Ба тан бозуи ту бошад чу моҳи сарди армонӣ.

Дарахти зерфун ҳам бӯи сарди мурдае дорад,
Малисо дар карахтӣ бӯи бад аз хеш буброрад,
Дигар кас нест, танҳо бодҳову акси торикӣ,
Ғиҷирроси дарахтрон, як туву фарёди хомӯшӣ.

Ба-дон сӯ н-афканам ман чашм, сӯи раъди афсурда,
Дар онҷое, ки хомӯшӣ авезон аст дам баста,
Булутӣ заврақеро дидаву хобам даруни он
Шиноро пеш гирам аз канори сояи гардон.