Аз хусуси вақти тиллоии рӯзи мо...

* * *

Аз хусуси вақти тиллоии рӯзи мо
ин камин дар кунҷи чӯян месарояд,
хӯшасон урён нумӯ карда,
хӯрда алвонҷе ба торикии субҳ,
андар он ҷойе, ки соя дар сари сӯзан бувад урён,
мепарад арзизи берӯ.
Он гаҳе к-аз остони ранггумкарда бурун оем,
дар замин афтодаву хоб аст
зери по творог,
роҳандози вагон гиряд,
меравад бар хокаи хушке трамвай,
барф меборад ба моҳи май,
мерасад бӯи дарав.

Аз хусуси меҳани пухта
не ҳама шеъру тарона хонда шуд ҳоло
дар радифи нолаи досу даравгар.
Он даме ки медароӣ бар дари субҳи нави торик,
мерасад аз гӯшае доди трамвай чун гронат,
дар вагони охирин моем?
Тангаи сарде ба каф истода мо.
Дар канори латтаҳои хамзада аз бод,
дар миёни он майи пурбарф
роҳамон буд рост,
лек аз афташ нависанда
саҳфаеро аз китоби осмонӣ канд
в-он даравгар ногаҳон ларзид
ҷаста-ҷаста пойдосашро баланд афрошта.