Ҳокими бод

(пора аз роман)

Инсоне, ки табиати бодро дорад, хамидақомату қоқина мешавад, бо ранги сабзина. Андомаш лоғар, бисёр сухан мегӯяд, тоби сардиву туман ва ҳеҷ чизи марбут ба инҳоро надорад. Табиат ба вай кам додааст, зиндагияш кӯтоҳ, хобаш сабук. Шабаҳҳо месозад, ҳаводори сурудхонӣ, ханда, баҳс ва тирандозист. Хусусиятҳои каргас, кафтор, саг ва рӯбоҳ дар вуҷудаш омезиш ёфтаанд. Инсони дар тирандозӣ бисёр моҳир табиати бодро надорад. Аммо оне ки дар сохтани шабаҳҳову хаёлот мумтоз аст, бодро чун ҳоким зери итоати хеш даровардааст ва хислатҳояш шерона ҳастанд.
                                                                                                              Вайду-Онбо, рисолаи тиббии тибетӣ.

Ҳамин гуна тасодуфҳои ғайриодӣ ва ҳамин гуна усулҳои моҳ>ирона вижагии ин навъи муҳимтарини хидмат ба ҷомеаро ташкил медиҳанд.
                                                                                                             Чарлз Диккенс, «Полиси ҷустуҷӯӣ»

Фасли 1. Театри сояҳо

Боби 1. Муҳокима

1

Чи тавре маълум аст, соли 1893 сардори номдори полиси ҷустуҷӯии пойтахт Иван Дмитриевич Путилин бознишаста шуд ва ба губернияи Новгород рафту он ҷо, дар ҳавлие бо боғи себ ва дар соҳили Волхов, сокин гардид. Пешпардохтеро, ки як нашриёти муътабар ироа намуд, рад карда натавониста, фавран ба навиштани хотираҳояш даст заданӣ шуд, ду ҳафта бо ҷидду ҷаҳд нақшаи ёддоштҳои ояндаашро тарҳрезӣ кард, номи бобҳоро гузошт, ба онҳо эпиграф баргузид, аммо дар охир дарк намуд, ки дар гумон аст худаш танҳо аз уҳдаи ин кор барояд.

Касе адиби петербургӣ Сафроновро тавсия дод. Дар мактуб, рости гап, вай бо ҳавобаландӣ нисфи ҳаққи қалами ваъдакардаи нашриётро хост, аммо дар суҳбати рӯбарӯ, бо шунидани ин ки қалами арзонтар ҳам ёфт мешавад, ба сеяк розӣ гашт. Даст доданд, Сафронов то истгоҳи қатор Иван Дмитриевичро гусел кард. Чун аслан бо пурсидани нисфи ҳаққи қалам, вай ба чаҳоряк умедвор буд, қаноатманду ҳаяҷонзада шуд, гуфт, ки талош менамояд, то услуби худро содатар, онро камтар фардӣ созад, то шахсияти ёддоштнависро дар китоб аз байн набарад, аз ин ҳам бадтар, хешро ҷойгузини вай накунад.

Онҳо дар истгоҳ хайрухуш карданд ва ду рӯз баъд Сафронов бо ҳамон қатора ба соҳили Волхов расид. Ин ҷо, дар хонаи Иван Дмитриевич, вай қариб як моҳ зиндагӣ кард ва ба навиштани хотироти соҳибхона машғул шуд. Баъд аз ин лозим буд ин навиштаҳо таҳриру такмил ва китоб ба нашр омода гардад. Дар муқова бояд ҳамчун муаллиф як ном меомад, бинобар, асар ҳеҷ ному шуҳрате ба Сафронов намебахшид, танҳо пул, агарчи ба хотири он ҳам меарзид ранҷ бикашӣ.

Дар як моҳи руҷуъҳои ҳаррӯза ба зиндагии гузаштаи Иван Дмитриевич адиб се қаламро кӯтоҳу фарсуда кард, дар ангушти миёнааш обилаи римдор пайдо шуд. Қалами қиррадор ба қалами гирд табдил ёфт, аммо навиштан боз ҳам дардовар буд. Чун Сафронов, чанд дафтарро пур карда, ба хулосае омад вақти баргаштан расида, дар боғ охирин ҳосили дарахтони себро ҷамъ меоварданд, баргҳо зард гашта буданд, субҳгоҳон дарёчаро туман мепечонид. Мавод кофӣ буд, баъди баргаштан ба Петербург танҳо онро аз ҷиҳати услуб бояд таҳрир мекард, ҳамаи воқеаҳоро аз рӯи таърих батартиб ҷобаҷо менамуд, ҷо-ҷо фазои таърихӣ ворид месохт, андак табиат ва равоншинохтӣ меафзуд.

Сафронов аз ҳоло бо завқ тасаввур мекард, ки чӣ хел ширин аст, агар ба ин кори муқаррарӣ дар хонаи худаш машғул шавад, дар оромӣ, дар тан яктаҳ, канори гурбаи дӯстдоштааш, ки рӯи роҳаткурсӣ пинак меравад ва ҳамсаре, ки дӯст надорад. Зан, ба ҳар ҳол, мардона иқрор карда, ки чӣ қадар синааш кашолтар ва камараш ғафстар мешавад, ҳамон ҳад бояд қаҳвае, ки ба утоқи шавҳараш мебарад, хушбӯйтар ва кулчае, ки ба чой ҳамроҳ месозад, ширинтар гардад.

Давон ба замони пеш меравем, мегӯем, ки то баҳор кор ба анҷом расид. Ба маҳзи он ки ёддоштҳои Иван Дмитриевич ба нашр расиданд, Сафронов ҳамаи дафтарҳои дастнависро нобуд кард, ба ҷуз як дафтар, ки дар сандуқаш нигаҳдорӣ мешуд. Ҳодисае, ки дар дафтари боқимонда навишта шуда буд, ба китоб ворид нагашт. Эҳтимол Сафронов онро барои дар оянда ҳамчун тарҳи романи худ истифода бурдан нигоҳ дошта буд, аммо ба навиштани ин асар ҳамин тавр даст назада монд. Дафтари ғафсе буд бо ҷилди сабзи порчаӣ. Дар коғази сахти дохил, ки муқоваро бо варақҳои дафтар мепайваст, ду саҳифа аз тақризи маҷаллае дар мавриди китоби Иван Дмитриевич бо ширеш часпонида шуда буд. Дар матни тақриз кадоме зери ин нукта хат кашида буд: «Чархи ресандагии сеҳрноки истеъдоди ӯ бо маҳорати яксон риштаҳои сужа ва равоншинохтиро ба ҳам мебофад». Дар канори ин навишта қайди дигаре ҳам буд: «Чархи ресандагӣ бофта наметавонад». Андак поёнтар бо хати дигар ин нукта ба баҳс кашида шуда: «Сухан аз чархи ресандагии сеҳрнок меравад. Агар сеҳрнок аст, пас ҳама корро метавонад».

Дар чанд ҷои миёнаҳои дафтар пораҳои буридае аз рӯзномаи «Осиё», аз солҳои 1913—1914 часпонида шудааст. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки бо гузашти ду даҳсола аз шунидани ин қисса Сафронов дубора ба он таваҷҷуҳ карда будааст. Чаро чунин шуда, дар қисматҳои поёнӣ мушаххас мешавад. Ҳамин тавр, маънии ин пораҳо ҳам то расидан ба охир чун рози сарбамуҳр боқӣ мемонад. Вале зуд мутаваҷҷеҳ мешавӣ, ки ҳамаи ин наиштаҳо марбут ба Муғулистон аст ва пораҳои сирешшуда ҷойҳои мунтахаб аз хотироти афсари рус Солодовников мебошанд, ки соли 1913 ба ҳайси мушовири низомӣ дар канори артиши шӯришгарони муғул будааст. Якуним сол қабл Муғулистони Берунӣ (Халха) истиқлоли худро аз Пекин эълом намуда буд ва Солодовников бояд ба муғулҳо дар самти ташкили воҳидҳои размовар барои мубориза бо чиниҳо кӯмак мекард.

Дар нигоҳи аввал қайдҳои ӯ бидуни ҳеҷ иртиботе бо навиштаҳои дафтар оварда шудаанд. Масалан, қиссаи Сафронов дар мавриди ошноияш бо Иван Дмитриевич бо ин пора қатъ мегардад:

«Бо ёдоварӣ аз Чингизхон, гумон доштам, ки муғулҳо чун мардуми ҷангҷӯй дар набард ҷидду ҷаҳд нишон медиҳанд ва ба ман лозим меояд то замоне, ки онҳо навтарин силоҳҳои аврупоӣ ва усулҳои муосири ҳарбро наомӯзанд, оташи ҳарорату майлашонро хомӯш кунам.

Ба зудӣ муътақид шудам, ки тасаввуроти ман ба он ҳадде аз ҳақиқат дур аст, ки муғулҳои ҳозира аз гузаштагони хеш.

Акнун ҳамаи муғулҳо буддоӣ ҳастанд ва заъфи оромишталабӣ, ки тавассути «дини зард» ба онҳо илқо шуда, ба нафрини воқеии ин қабилаи бадбахт табдил ёфтааст. Дар вақти ҳаракатҳои низомӣ кулли дастаи аскарони савора мавқеи худро тарк карда, ба ибодатгоҳи ҳамсоя «барои тоат» мерафтанд, ба мусалсалҳо хорза* мепошиданд, аммо онҳоро равған намекарданд, гурӯҳи роҳибони тобеи штаб ҳамеша ба дастурҳои ман дахолат менамуданд, ба замми ин, дар масоили ҷойгирсозии қисмҳои мо ва истифода аз тӯпхонаҳо чунон ғайрати динӣ нишон медоданд, ки ман ба шубҳа афтида, дар симои онҳо ҷосусони чиниро медидам. Дар он ҷое, ки тиру гулӯлаҳо нигаҳдорӣ мешуданд, ҳамеша, аз чӣ сабабе, оби зиёд пайдо мешуд, аммо дар қуттиҳои мусалсал умуман об набуд. Миёни барзаговҳои барои кашонидани тӯпҳо таъйиншуда пайваста тоун муайян мегардид, чорпоёнро барои моякӯбӣ мебурданд, аммо баъд онҳо ҳамроҳ бо ҷуфтгарон беному нишон мегаштанд. Майдонгурезон бисёр буданд, аммо дуздҳо боз бештар, ҳама аз ҳамдигар чизе медуздиданд ва ҳамзамон байни ҳам туҳфаҳое радду бадал мекарданд. Ҳама саросар ҳусни ният доштанд, аммо ҳеҷ кас коре намекард.

Ҳуҷҷатҳои муҳимтарин, агар умуман гум нашаванд, ҳафтаҳо дар назди сардорони муғули ман мехобиданд, вале фолбинону сеҳргарон ба таври ғайриодӣ фаъол буданд. Нақшаҳои амалиёти ҷангӣ бо мавқеи ситорагон дар осмон ва рахҳои кафидани белаки гӯсфанди ба оташ партофта санҷида мешуданд, фармони таъйингашта барои ягон рӯзе, ки ин ҷодугарон наҳс мешумориданд, бо виҷдони пок ба иҷро намерасиданд, зеро он рӯз куллан аз тақвим ҳазф мегардид.

Билофосила, ба таври мисол, пас аз дуюм рӯзи севуми моҳ чаҳорум номида мешуд, баъд аз он — ду рӯзи панҷум. Сеяки рӯзҳои ҳар моҳ рӯзҳои номавҷуд эълом мешуданд, чоршанбе, панҷшанбе ва ҷумъа чун ҳамон як таърих қайд мегаштанд, ки ман дар ин бобат субҳи рӯзи шанбе огоҳ шудам.

Муғулони ман бо чирроси ваҳшиёнаашон, ки замоне тамоми мавҷудоти зинда аз Пекин то Байтулмуқаддасро ба ваҳшат меовард, ташнаи қатлу куштор ва масти шуҳрати аҷдод ҷастухезкунон ба ҳуҷум мегузаштанд, аммо бо баромадани аввалин садои тӯп пароканда мегаштанд. Ягона воситаи нигоҳ доштани тартибу интизом чӯбу калтак буд. Ман шаллоқзаниро дар артиши озодихоҳ ғайри қобили қабул мешуморидам, дар вазорати ҳарбӣ низ ин фикри маро бо ҳусни тафоҳуми комил, чунон самимона ва сидқан пазируфтанд, ки он гӯё ба худии худ мушкили ҷойдоштаро аслан аз байн бурд.

Ниҳоят вақте гурӯҳи ҷазодиҳандагон бо тантана ва таъзимкунон, чун рукни ягон ибодат, қаламдони сиёҳи локзадашаударо, ки дар дохилаш қаламчаи бамбук буд, ба пеши саф бароварданд, ман даст афшонда, вонамуд сохтам, чизеро намебинам. Мегуфтанд, ин чӯбак ба худи Абатайхони бузург тааллуқ доштааст ва аз бамбуке гирифта шудааст, ки ба таври муъҷизавӣ дар як шаб аз сари кадом роҳиби буддоии муқаддасе сабзидааст, то беваи бечора бо хӯрдани шохаҳои ҷавону латифи вай сер шавад.

Яке аз ин навдаҳо акнун бо як ҷӯя барои шоридани хун ҳамроҳи сандуқи пул ва ливои гурӯҳ дар штаб нигаҳдорӣ мешуд. Лекин, ба ҳар ҳол, фоида ва таъсири он андак буд, муғулҳо дар мавриди сангинии ин ё он ҷиноят назари хоси худро доштанд. Савораеро, ки пушти аспаш арақшор гашта, метавонистанд то ниммурд шудан бизананд, аммо чун ҳини убур аз дарё масофасанҷи тӯп ба об ғӯтида мерафт, ҷониби муҷрими ин кор саҳлгирона ҳуштак мекашиданд.

Илова бар ин, ҳеҷ ба хулосае расида наметавонистам, ки бо дарназардошти кадом асос гурӯҳу дастаҳоро беҳтар ташкил диҳем.

Дар дастаҳои аз рӯи хусусиятҳои авлодӣ таъсисёфта тартиб бештар буд, аммо сарпечӣ ҳам хавфноктар; дар гурӯҳҳои омехта бесарусомонӣ ҳукмрон буд, аммо халалдорсозии оммавии интизом эҳтимоли кам дошт.

Ҳамаи ин ҳамроҳ бо тақвими аблаҳонаи онҳо маро дарди сар мекард, ба кӯи яъсу ноумедӣ мебурд, чун як кобуси гиребонгир бемадору заиф месохт.

«Барои мардуми Шарқ ҳама соатҳои шабонарӯз яксонанд», — гуфта буд Киплинг бо ишора ба ҷадвали хеле хоссаи ҳаракати қатораҳои мусофирбарӣ дар роҳҳои оҳани Ҳинд.

Ҳамагонӣ будани ин ҳақиқат ба ман замоне ошкор гашт, ки аз кохи беруназшаҳрии Богдо-гэгэни ҳаштум, хутухтаи Урга ва акнун ҳамзамон подшоҳ дидан кардам. Ҳудуди чил дақиқа мо, яъне фармондеҳии гурӯҳ бо роҳбарии вазири ҳарбӣ, интизори қабул истодем, сипас пазироии расмӣ низ ба ҳамин муддат давом ёфт ва дар тамоми ин лаҳзаҳо, қариб ки беист, ба гӯшам садоҳои мухталифи занг задани соатҳои деворӣ ва рӯимизиву рӯифаршӣ мерасиданд. Онҳо бо теъдоди зиёд дар гузаргоҳҳо, анфиладаҳо, ҳуҷраҳои расмӣ ва истиқоматӣ насб шуда буданд. Ба ман тавзеҳ доданд, ки дар се таносухи охири хеш Богдо-гэгэн соатҳои мухталиф, ғолибан зангзанандаву мусиқидорро ҷамъоварӣ мекунад. Онҳоро ба вай савдогарон, зоирон, мансабдорони чинӣ ва сафирони хориҷӣ ҳадя месозанд, аммо аз он даме, ки якуним сол қабл ба бемории рамади вазнин гирифтор гашта, биноии худро қариб пурра аз даст дод, тамоми тавони худро ба мубориза алайҳи суиқасдкунандагоне бахшид, ки нобиноии ӯро фурсате муносиб медиданд, дар низоми зиндагии дарбор чизе ба аз кор мондан сар кард, ки ақрабакҳои соат низ ба он муртабит буданд. Ё аз баҳри тофтани онҳо баромаданд, ё метофтанд, аммо ақрабакҳоро танзим намекарданд. Бархе соатҳо аз кор монда буданд ва аз миёни онҳое, ки кор мекарданд, бештарашон акнун вақтҳои мухталифро нишон медоданд.

Тамоми шабонарӯз гоҳ дар ин ҷову гоҳ дар он ҷо, гаҳ дар зинапояҳову гоҳ дар саломхона пружинаҳо тоб мехӯрданд, кӯбаҳо бедор мегаштанд, пораҳое аз увертюрҳои опера садо медоданд, суруди империяи аллакай азбайнрафта, ё як-ду банди марше, ки бо он полкҳои кайҳо хоку туроб гардида ба ҷанг мерафтанд, танинандоз мешуд. Хонаи абадият, сандуқчаи мусиқие аз хишт ва зери боми оҳанин, иқоматгоҳи Буддои ҳумкмфармо бо айнаки сабз, — ин қаср ниҳоят хотирнишонам сохт, ки агар муғулҳо дар он яке аз муҳимтарин муқаддасоти худро мебинанд, ман ҳақ надорам аз онҳо зиёдтар талаб намоям».

Аммо бармегардем ба қиссаи Сафронов.

Ҳаво ҳанӯз гарм буд, ҳамроҳ бо Иван Дмитриевич хӯроки нисфирӯзиро дар пешайвон хӯрданд. Онро аз ду тараф боғи себ иҳота карда буд. Аз ҷониби сеюми пешайвон манзараи Волхов ва мазореи даравидашуда ба чашм метофт, ки то бедзори дарёбоди самти муқобил рафта мерасид.

Ба ҷуз дуи онҳо сари миз манзаранигор Мжелский, марди ҷавоне бо чеҳраи ҷиддӣ ва чашмони ғамгини ҷанубӣ ҳузур дошт. Ду ҳафта қабл вай ба инҷо барои кашидани ангораҳо омада ва дар деҳа дар манзили деҳқони бебизоату муҷарраде мезист.

— Ҳолати аҷибест, — ба вай рӯ оварда, бо садои ғичирросии худ гуфт Иван Дмитриевич. — Сентябр акнун бошукӯҳтар гашта, воқеан тарафҳои мо зеботарин маконҳоянд, аммо дар мусаввараҳои шумо мебинем, ки ҳамеша борон, шамол, дарахтони хамхӯрда, аз бомҳо коҳ мерезад.

— Дирӯз боронак омада буд, — худро ҳақ бароварданӣ шуд Мжелский. — Ҷумъа ҳам.

— Рӯзи ҷумъа? Ман надида мондам-ку.

— Буд, буд, Иван Димитриевич, — тадсиқ кард Сафронов.

— Майлашу ақаллан як бор субҳи равшан ва шоми оромро тасвир мекардед. Не-да, ё саҳариҳои меҳолуд, ё ғурубҳои хунолуд, говгум, кадом як тобиши ғамбор аз паси абрҳои сиёҳ. Ё абрҳо парешону пар-пар, гӯё онҳоро гурбаҳо дарондаанд.

— Бале, инҷост, — Мжелский ба ангораи ба девор такядодашуда, ки ҳанӯз рангаш хушк нагашта буд, ишора кард. — Ҳама ҷо ором, як барг ҳам намеҷунбад.

— Аммо дар расмҳои шумо чӣ хел? Агар шамол нест, пас — ҳавои пеш аз раъду барқ, Офтоб аҳёнан медурахшад, — ҳавои пас аз раъду барқ. Ҳамин хел ягон чизи хуб дида намешавад. Арзанда нест. Аз афташ, агар ба Италия равед, зуд ба кашидани баҳр дар зери офтоб ва осмони нилгун мепардозед. Санавбарҳо, қасрҳо, дурахшиш, нур. Духтарон ангур мехӯранд, оббозӣ мекунанд. Кӯдакон мерақсанд. Дар ин ҷо агар занро бинед ҳам, ё бева аст ё сарбоз ва ё бо химчае аз паси буз метозад. Бачаҳо ё дар ҳавои хунук чалак кашола карда истодаанд ва ё аз раъду барқ пинҳон мешаванд. Фикр мекунед, дар Италия борон намеборад? Эҳа-а, чунон як ҳафта беист мерезад, ки аз меҳмонхона саратро ба берун бароварда наметавонӣ.

— Шумо дар Италия будед? — Пурсид Мжелский.

— Албатта.

Иван Дмитриевич ба Сафронов нигарист ва дар чеҳраи вай нишони тааҷҷубро дида афзуд, ки ин чиз барои китоб лозим нест, бо як кори шахсӣ ба он ҷо рафта буд.

— Фақат шахсӣ? — бовар накард Сафронов, чун аллакай медонист, ки тамоми корҳои шахсии вай ба ин ё он тарз бо маъмуриятҳои хидматияш дарҳам танида шудаанд.

— Бале, чун шахси воқеӣ. Рост, ғайримустақим ин сафар ба як ҷинояте низ рабт дошт, ки ман он замон таҳқиқ мекардам.

— Ана, аҷиб, қисса намоед. Мо як бегоҳи комил дар пеш дорем.

— Албатта, нақл кунед, — тарафдорӣ кард Мжелский, сарфи шомро низ ба мадди назар гирифта.

— Метарсам, ки қисса ба шумо писанд намеояд, зеро бештар на ба Италия, балки ба Муғулистон дахл дорад, — ҷавоб дод Иван Дмитриевич.

— Шумо ба он ҷо ҳам сафар доштед?

— Не, аммо ҳамеша рафтан мехостам. Мегӯянд, кишвари фавқулъода зебост, агар ҳатто бо меъёрҳои шумо бисанҷем. Ҷое хондам, ки водии дарёи Тола, ки он ҷо шаҳри муқаддаси муғулҳо Урга воқеъ аст, дараи Ломбардияро ба хотир меорад.

— Хайр, ғоз надода, ба нақл сар кунед. Ман тайёрам, — гуфт Сафронов, дафтари тозаи ҷилдаш сабзи порчаиро пеш кашида.

Аз ин ҷо бояд дар назар дошт, ки ҳамаи чизҳои дар поён омада нақли ҳарф ба ҳарфи навиштаҳои Сафронов нест. Зеро дар гумон, ки худи онҳо ҳикояти Иван Дмитриевичро айнан қайд кардаву ҳикоят ҳам ҳақиқати маҳзи бенуқс бошад. Дар ҳар се ҳолат ҳам ихтилоф ба ҳадди кофӣ бузург аст. Дар аввалӣ, шояд хеле бештар бошад, назар ба дуи дигар. Аммо аз тарафи дигар, матни хотироти Солодовников, ки ба дафтар ширеш шудааст, дастнахӯрда боқӣ
монда.

2

Дар он субҳи яке аз рӯзҳои моҳи май Иван Дмитриевич ҳамроҳ бо писарчаи сездаҳсолааш Ванечка, ягона фарзанди дар хурдӣ намурдааш, ношто мекард. Занаш паси миз нанишаст. Пас аз ғизо додан ба мардон ва гусели онҳо, якеро ба кору дигариро ба гимназия, камтари дигар хоб рафтан мехост.

Қаблан ин гуна нақшаҳо пинҳон мемонданд, аммо ба қарибӣ ҳамсоязан мақолаеро, ки дар кадом як маҷаллаи занона чоп шуда буд, барои хондан ба вай дод. Мақола исбот менамуд, ки ҷисми ҷинси латиф назар ба мардҳо ба хоби бештар ниёз дорад. Акнун зан бо дарки ин ки комилан дар ин амал ҳақ аст, дубора ба ҷогаҳи хобаш даромаданӣ буд.

— Майлаш, ман ба дилат задаам, бо писарат ҳам суҳбат кардан намехоҳӣ, — гуфт вай аз дасти Иван Дмитриевич рӯзномаро гирифта, — аммо агар хулоса бароврадаӣ, ки қувваи ҳозимаатро пурра нобуд созӣ, ақаллан як китоб хон. Кайҳо боз дар дастат китобе надидаам.

Воқеан, чун сардори пулиси ҷустуҷӯӣ Иван Дмитриевич ҳамеша банди кор буд, кам мехонд, достоннависони муосирро умуман намедонист. Вақте пас аз ду соат ба вай гуфтанд, ки нависанда Николай Каменский дар хонаи худаш, дар бинои шумораи ҳашти кӯчаи Караванная кушта шудааст, аввалин бор номи ин адибро шунид.

Маъмур Гайпел бо тахаллуси Донишҷӯ, аз донишҷӯёни таҳсилро ба поён нарасонда, барои гузориш додан ҳозир шуд. Вай ҳамчунин охирин китоби Каменскийро овард, ки яке лозим мешавад гуфта харида буд. Иван Дмитриевич китобро ба ҷайбаш гузошт ва Гейпелро ба дунболи фойтунчӣ фиристод. Он дар панҷ дақиқа ҳозир шуд. Ҳамин ки ба фойтун нишастанд, марди миёнасоле, ки палтои шинам ва дар даст асо дошт, наздашон омад.

— Дар ёдам ҳаст, дар ёдам ҳаст, — ба вай фурсати даҳон кушодан надода гуфт Иван Дмитриевич. — Насаби шумо Печенисин, шумо роҳбари бемористони руҳии Обуховск ва ду ҳафта қабл ба назди ман омада будед. Кадом девонае гурехтааст.

— Вайро ёфтед?

— Ҳатто накофтем. Гуфта будам-ку, мо ба ин гуна корҳо машғул намешавем.

Фойтун ба роҳ баромад, аммо Печенисин аз лабаи он дошта пеш омадан гирифт.

— Ман дар ин ҷо рӯйхати нишонаҳои ӯро навиштам, — гуфт вай. — Бигиред, илтимос мекунам. Яке лозим меояд?

Аз рӯи тараҳҳум Иван Дмитриевич он рӯйхатро гирифт, каме баъдтар ба он нигарист ва андешид, ки бо ин нишонаҳо ҳар дуюм одами дар кӯча бударо метавон боздошт кард. Ҳақиқатан, як аломати хос, ғуррие дар қантараки бинияш, доштааст, аммо онро пурратар тасвир кардан гуноҳ набуд-ку.

— Агар ҷустуҷӯи девонаҳоро ҳам сар кунем, худамон ҳам яқин аз ақл бегона мешавем, — гуфт ба Гайпел. Вай сар такон дод, Иван Дмитриевич коғазро ғиҷим карда, як тараф партофт, китоби Каменскийро гирифт ва номашро хонд: «Сари дуроҳа». Аз мундариҷа маълум буд, ки ин на роман, балки маҷмуаи ҳикояҳост. Иван Дмитриевич ба тақдир такя мекард, ки дар ин гуна лаҳзаҳо ҳамеша ба вай меҳрубон буд ва фикр накарда, таваккалан, гӯё фол медида бошад, саҳифаеро боз намуд. Ҳикояи «Театри сояҳо» буд. То расидан ба Караванная фурсат ёфт, ки онро хонад.

Достони ҳикоя ба шарҳи зер буд:

Шоҳзодаи муғул Намсарай-гун, полковники «дастаи байрақдор», аз насли Чингизхон, ки ҳақ дошт дар кулоҳаш ду пари товуси сечашмака бошад, дар ҳайати сафорати Чин ба Петербург меояд. Ҳамроҳи сафир вай ҷойҳои дидании пойтахтро тамошо мекунад, дар бал иштирок менамояд, ба опера меравад. Дидаҳояш дар вай таассуроти амиқ мегузоранд. Баъд аз як моҳ вай эълон мекунад, ки мехоҳад ба дини насронӣ гузарад ва бо оини юнонӣ ғусли тамъид намояд.

Драгоман Н., ки ровии ин достон аст, якумин шуда аз ин тасмими вай огоҳ мешавад, ки барои кадом як шоҳзода аз ғайрирусҳои сибирӣ ҳодисаи одӣ, аммо барои як буддоӣ фавқулъода аст. Ҳодисаи беназир, ки монандаш нест, аммо пас аз шубҳаҳои зиёд, машваратҳо бо руҳониён ва муносиботи бюрократӣ, ки аз худи оғоз ба ҳикоя фазои хаёлпардозонае бо услуби Салтиков-Шедрин мебахшад, ин хулоса ҳосил мегардад, ки хоҳиши Намсарай-гун бароварда шавад.

Нҳоят пинҳонӣ, он гуна ки худи Намсарай-гун хоста буд, ғусли тамъид сурат мегирад. Хидматгузораш, аъзои сафорат ва худи сафир ҳам чизеро пай намебаранд. Ин кор хавфи эҷоди мушкили дипломатӣ надорад, дар мавриди ба раияти давлати рус гузаштани вай ҳатто сухан намеравад, аммо амалдорони вазорат бовар надоранд, ки аз ин пас Намсарай-гун ба Пекин ҳамон гуна, ки қаблан буд, хидмат карда тавонад. Дар тағйири дини ин шоҳзода онҳо кадом як ҷанбаи сиёсиро мебинанд. Ин амалро рамзан ибрози омодагӣ намудани шоҳзода барои мусоидат ба тақвияти нуфузи русҳо дар Осиёи Марказӣ маънидод мекунанд. Ҳамчунин ба ҳамон Н. супориш медиҳанд таҳқиқ намояд, ки воқеан ҳамин хел аст ё не.

Пас аз тамъид Намсарай-гун табрикоти мақомҳои расмӣ ва ҳадяҳои занҳои онҳоро дарёфт мекунад, сипас ҳамроҳи Н. ба манзили хеш меояд, ва маҳз ҳамин ҷо, ҳини чойнӯшӣ беҳуда будани умед бастанҳо ба шоҳзодаи муғул ошкор мегардад. Маълум мешавад, ки ду ҳафта қабл, ҳини ҳузур дар намоиши операи Гуно «Фауст» дар театри Мариинский, Намсарай-гун мефаҳмад, ки дар ҷаҳон иблисе вуҷуд дорад, ки инсон метавонад ба он руҳи худро бифурӯшад, аниқтараш, онро бо иҷро шудани дилхоҳ хоҳиши худ иваз намояд. Кадоме аз тарҷумонҳои сафорат ба шоҳзода мефаҳмонад, ки ин гуна муомила, додугирифт дар пайи муоҳидаи махсус сурат мегирад. Ба ҷои ранг ё сиёҳӣ дар он хуни фурӯшанда истифода мешавд, аммо ба Иблис танҳо руҳи насрониҳо лозим аст. Дигарҳоро вай эътироф намекунад ва ба ҳеҷ муносибате бо соҳибони онҳо намепардозад.

Маҳз ҳамин имконият таваҷҷуҳи Намсарай-гунро ҷалб менамояд. Барои Н. пӯшида боқӣ мемонад, ки шоҳзода аз душмани бани башар маҳз чи чизе гирифтан мехоҳад, аммо метавонад мантиқи фикреро, ки ӯро то назди зарфи калисо бурда, муайян созад.

Аз замони кӯдакие, ки дар соҳили Онона, дар саҳроҳо паси сар намуд, Намсарай-гун қатъӣ дарк намуда буд, ки ҳар инсон се руҳ дорад: сайн-сунс — руҳи неку, дунд-сунс — миёна ва му-сунс — бад ё золим. Ва ҳамин охирӣ бояд шайъи додугирифт бо Иблис мешуд. Шоҳзода рӯирост роҳибро огоҳ намуд, ки танҳо яке аз руҳҳояш — му-сунсро ғусли тамъид медиҳад, аммо тарҷумон ӯро нодуруст фаҳмида, ин суханашро на чун «бад» ё «золим», балки «руҳи гунаҳкор» тарҷума кард. Дар ин ҷо табиӣ буд, ки иқрори Намсарай-гун чунин шумруда шавад, ки вай қаблан бо пайравӣ кардан аз «имони зард»-и дурӯгӣ, яъне дини буддоӣ ғарқа дар гуноҳ буд ва акнун мехоҳад бо ғусли тамъид пок гардад. Ва кашиш ҳам маҳз ҳамин гуна фаҳмид, шоҳзодаро ором намуд ва маросимро бо дили пур ва бе ҳеҷ тардид анҷом дод.

Ҳамин тавр, асли воқеа ба Н. ва сардорони вай маълум мегардад. Онҳо ба ҳолати ногувору аҳмақонае афтида, дар ин бобат ба касе даҳон накушоданро авло медонанд ва худи шоҳзода бовар дорад, ки моли босифат дар даст дорад ва харидор ба зудӣ хоҳад расид. Вале вай шитоб надорад, агарчи сафорат аллакай барои рафтан аз Петербург омодагӣ мебинад, ходимон аз пайи ҷамъугири васоил ҳастанд. Ҳамагӣ чанд рӯз боқӣ монда, вале Намсарай-гун умедашро аз даст надода. Шоҳзода сокит аст. Ҳар бор ба маҳзи ин ки соат ба нимашаб мерасад, дари роҳравро мекушояд ё ба назди тиреза меояд, гӯш медиҳад, ба торикии кӯча менигарад ва мунтазир мемонад. Ҳеч касе нест, дар зимн, пасфардо сафорат ба ватан бармегардад.

Дар охирон шаби қабл аз сафар Н. то дер дар ҳуҷраи шоҳзода нишаст. Кайҳо вақти ба хона рафтан шуда, аммо чизе вайро нигоҳ медорад. Дар хилватгоҳи Намсарай-гун оромӣ ҳумфармост. Хидматгорҳо хобидаанд, шоҳзода худ аз самоворе, ки ба вай пас аз ғусли тамъид туҳфа карда буданд, чой мерезад. Пушти тиреза сентябри гандидаи Петербург, ҳавои тира, хиш-хиши баргҳо, тақ-тақи мудҳиши тунукапораҳои қоши иморатҳо. Аз вазиши бодғарҳо шуълаи чароғи рӯи миз беқарор мешавад, ба рақс меояд, сояҳо дар девор медаванд, дар кунҷҳо фишурда мешаванд, паси пардаҳо пинҳон мегарданд ва бо вазидани дубораи бод боз ба рақсидан дар рӯи коғаздевориҳо меоғозанд. Ҳар қадар нисфи шаб наздиктар гардад, ҳамон қадар дар бозии ларзони онҳо кадом як чизи маънодор бештар ба назар меояд, тадриҷан аз харҷумарҷ сужаи мубҳам, беохир дарҳаму барҳам, аммо ба ҳар ҳол, сужа пайдо мешавад. Ҳунармандони безабон саҳнаеро, ки аз такрору тағйирот иборат аст, дар мавзуи умедҳои барҳадар, хоҳишҳои фурӯнишастаи хушбахтӣ наоварда, орзуҳои зебое, ки ҳини амалисозӣ ба акси худ табдил меёбанд, бозӣ мекунанд.

Дар Н. эҳсоси аҷибе пайдо мешавад, гӯё нақшҳои беқарору кӯчандаи ин сояҳои сиёҳи беист дар ҳаракат ва тобишу шакли худро тағйирдиҳанда ба ҷунбиши пардаҳо ё дарахтони паси тиреза, ҳатто ба нурҳои моҳ, фонус ва чароғ ҳеҷ рабте надоранд. Ҳуҷра номаълумакак ба театри чинии сояҳо табдил меёбад, нақшҳо гӯё тавассути кадом як мавҷуди ноаён ба девор афтида ва тарҳи онҳо бо нуре ҳамон андоза ғайритабиӣ аз ҳам ҷудо мешавад. Ба назар чунин менамояд, ки дар ин намоиш руҳҳо нақш меофаранд, руҳҳое, ки аз қадим дар маконҳое зинда ҳастанд, ки тамаддунҳои гуногун ба ҳам меоянд ва фоҷеабор қодир ба дарки ҳамдигар нестанд. Чунин фикр мекунад, Н, ки ду доншигоҳро хатм кардааст, аммо Намсарай — гун найчаро макида истода, сари ин масъала меандешад, ки меҳмони деринтизораш ба кадом сурате зоҳир мешуда бошад. Бо кулоҳи бунафши дорои пари сиёҳи парандаи шаб, бо шамшере дар канор, мисле ки дар опера буд, ё шакли воқеии худро хоҳад гирифт? Латифа аст, аммо дигар барои муаллиф хандаовар нест. Моҳе, ки аз миёни абрҳо сар бурун мекунад, тирезаро дар меҳи заҳрогини кабуд фурӯ месозад, дарахтон баландтару даҳшатноктар хиш-хиш мекунанд. Рақси зебо, дар аввал ҳатто бокарруфари сояҳо ба арғушти шайтонӣ бадал мегардад ва агарчи Н. ҳаргиз бовару майл ба қувваҳои фаротабиӣ надорад, вуҷудашро эҳсосоти бад фаро мегиранд. Вай кӯшиш менамояд шоҳзодаро аз нияташ баргардонад, аммо Намсарай-гун дар мавқеаш устувор аст. Забони ишораҳоро, ки бо он ҳунармандони рӯи девор чизҳоеро мефаҳмонанд, намефаҳмад. Хайрухуш кардаву дарро аз пасаш пӯшида, Н. мебинад, ки намоиши рӯидеворӣ аллакай аз сатҳу доираи хеш берун мебарояд, васеъ мешавад ва беист ба самти анҷом меравад, ба ҷое, ки пешбинии фурӯпошии ҳама тасаввурот, хун ва марг душвор нест. Дар аъмоқи ҳар ду тамаддун, масеҳӣ ва буддоӣ қувваҳои аз ноогоҳон пинҳон об мешавад, фрусат фаро мерасад, онҳо чун гудоза, пӯстаи нозукро медарранд, ҳама чизи аз пеши роҳашон баромадаро ба хокистар табдил медиҳанд.

«Бо картаҳои нишонадор бо сарнавишт бозӣ кардаву вайро мағлуб намудан мумкин нест», — фикр мекунад Н. Он гуна, ки дар хоб ё ҳини вараҷа рух медиҳад, ин фикри сода ба назараш бисёр пураҳамият менамояд. Вай дар роҳрав қадам мезанад ва Намсарай-гун чой менӯшаду теппаҳои ватани худ, галаҳои асп, юртаҳои сафеди рӯи алафҳои сабз, селаи парандагони муҳоҷирро дар осмони кабуд ба ёд меоварад.

Тирамоҳ, занон дар улусҳо** аз паси корвони парандагони ба самти ҷануб пар кашида шир мепошанд, то бо ин «роҳи сафед» ва бехатар парандагон баҳорон шод ба ватани худ бозгарданд. «Оё Намсарай-гун ба он ҷо бармегардад?» — фикр мекунад Н. ба айвонак баромада. Ин ҷо роҳиби пир аз аҳли рикоби шоҳзода сари ду по нишастааст. Вай хобида наметавонад, барои вай ҳавои хонаи сангӣ дам аст. Н. ба вай тамоку медиҳад ва дар мавриди се руҳ мепурсад: ба инсоне, ки яке аз онҳоро гум мекунад, чӣ рух медиҳад? Роҳиб мегӯяд, бидуни сайн-сунс — руҳи неку инсон ба ҳайвон табдил меёбад, аммо метавонад умри дароз бинад, бе дунд-сунс — руҳи миёна ӯ ҳеҷ андозаву меъёреро намешиносад ва зуд мемирад; бидуни му-сунс вай фавран ҳалок мешавад, барои он ки бидуни заррае шар зиндагии заминӣ ғайримумкин аст.

Ҳамин вақт ногаҳон аз хилвати Намсарай-гун садои даҳшатангезе баланд мешавад. Н. ба ақиб медавад, дарро боз мекунад. Ҳеҷ касе нест, шоҳзода рӯи фарш афтида. Вай мурда, мурда, агарчи ҳеҷ захме дар баданаш нест, фақат сари яке аз ангуштони дасти чапаш андаке бурида. Ҳамчунин як пари ғоз ба чашм мерасад. Онро ба даст гирифта, Н. мебинад, ки нӯги он бо хуни тоза ва ҳанӯз хушкнашуда олуда аст.

Сужаи ин ҳикоя ба назар аҷиб мерасид, аммо аз ҳама шигифтангез ин буд, ки сензура чунин ҳикояро ба чоп иҷозат дода. Яқин, зоҳиран, сензуркунанда танҳо то он ҷое хонда буд, ки шоҳзодаи муғул тасмим ба ғусли тамъид гирифт ва ба ин фикр, ки асари дар дасташбуда комилан хушбинона аст, ба хондани давоми ҳикоя танбалӣ карда буд.



  *Хорза — мусалсал аз қимиз.

**Улус — бошгоҳи кӯчманчиҳо.