Андар расми Анна Аренштейн «Хогинаи Forever»
Нимағарқа ҳама андар васати нимамеҳӣ
қаҳвапазе, ки зи уфуқ сар бикашад, ҷониби
миз омада наздику дар ин ҳол ситода сари
он миз чуноне ки бувад дастаи он дар тарафи
рост ва бинӣ-ш сӯи чап ва ҳама ҳастии он
дар васати миз.
Ҳама ҳар он чи ки бо ҳастии худ омада дар
мазҳари ин ҷост ва ҳолост ва ин ҳодисаҳое, ки
ҳамин ҷой чу ашёи даруни худи хешанд, магар
каҳва ниҳон дар худи худ дошта ҳам низ?
Магар ин маънии ҳар гуна пади’да-ст (ва
ё ин ки падида’), ки ба он воқеият низ
бигӯянд, ки доданд ба мо баҳри асорат (sik!)
андар ҳама эҳсос, ки дар фаҳмиши олам
шуда идрок.
Ҳамзамон он чу яке ҳодисаи фавқуттабиӣ
буда наздик (ва ё дур?) на алҳол, вале пеш, ки
рамзест ва ё иероглиф ва ё буда аломат. Буда
Дасте, ки ба мо медиҳад ин гуна аломоти
фаротар зи аломоти дуруште, ки бувад
қаҳвапазакро ҳадду мелок.
Ки дар бораи он ҳеҷ надонем, дуруст ин ки
надонем чӣ миқдор надонем, ки он чист.
Аз ин ваҷҳ, бубин, қаҳвапаз ин гуна намояд,
ки ситодаст лаби миз, вале боз чунин низ
намояд, ки фаротар зи лаби миз бувад он.
Намакдон вале низ дугона-ст, ба ҳадде ҳам
аз он сӯ, ҳам аз ин сӯст ва бешак намаки расм
ҳамин аст. Ва ба мо низ намояд, ки ҳамин
қаҳвапазак чизи зарурӣ бувад, он қадр ки
чашмаш накунад ҳеҷ худашро пинҳон.
Ба яқин вазъ чунин аст: бувад қаҳвапазак
лухт саропой, вале тухми кунун пухта
бикӯшад, ки ниҳонаш кунад аз чашм, чу
дар дохили худ ҷумлаи ашё. Ва бувад чашми
сеюм лозимаш, аммо чу раво нест, надорад.
Ба ду чашмаш чӣ қадар оташи девонагие
ларзаду бе аввалу охир.
З-ин муҳимтар, ки чунон Сояи Яздон ба
сараш самбули пурхавф зада хирману арвоҳи
ҷунунгаштаи ӯро бизанад неш — чу арвоҳи
мусаффои ҳамин шоха басо наҳс нишонест,
ки маънош зи тақдир ниҳон гаштан алҷон
дер шуду нест муассир.
Пас дигар пурсиши «нобудану будан»
назанад барқ ба чашмон, чу дигар нест суоле,
ки диҳанд аз ҳама бисёр.
Войи бадбахт, агар ҷон бикашад низ, на
фаҳмост, ки аз дурии беҳадду ҳудуде ба сӯи
шоха дароз аст яке Дасти пурасрор.
Даҳшат, даҳшат, даҳшат!




