Чулишман
Барои Борис Доронин
Ман замоне, ки хостам тедевизиони куҳнаро соз кунам, яъне нақси онро, ки боиси мил-милти дилбазани экран мешуд, бартараф намоям, шонздаҳсола будам.
Чорчӯбро боз кардам, муддате ба ломпҳо, ки нурҳои пасти норанҷӣ ва кабуд доштанд, нигаристам, баъд ба яке аз онҳо даст ёзидам.
Доктор Артамонова тавонист маро аз торикии муҷалло, ки дафъатан пас аз инфиҷори нур ба он фурӯ рафта будам, берун кашад. Андаке гирифтагии забон, ки чанд моҳ азобам медод, бо гузашти замон комилан аз миён рафт. Пас аз ним сол танҳо асари захм дар кафи дасти рост ёдовари ин воқеа буду бас. Карахшҳои зардранги пӯсти дар ҳоли эҳё онро ба медузаи лиҳшуда шабеҳ карда буданд.
Аммо ба зудӣ шаҳрро дар хоб дидан гирифтам.
Ин шаҳр, ки бо санги мустаҳками сафед сохта буданд, дар паҳнои нишебӣ доман густарда буд. Дар паси биноҳо, хонаҳо ва кулбаҳои охирин, пас аз чарогоҳи сӯхта, чиғдеворҳо ва токзорҳои бенигоҳубин кӯҳ баландтар қомат афрохта ва бо буттаву санавбарҳо пӯшида буд. Баъд аз он порашахҳои сафеди махуф шуруъ мешуд, ки дар ниҳоят нигоҳро ба қуллаҳо савқ медод. Аз нимаи сентябр то охири март онҳо барфпӯш буданд ва дар зери нури офтоб медурахшиданд.
Нишебӣ ҷойе муназзаму ҳамвор ва ҷойе ба гунаи зина-зина ба шахҳои пӯсидаи хатти соҳил, ба халиҷ, ки новҳо ва қоиқҳоро паноҳгоҳ дода буд, мефуромад. Дар доманаи нишебӣ дарахтон бо баргҳои кӯчаку сахт, ки дар зери бод пушти нуқрафомашон медурахшид, рӯйида буданд. Амвоҷи маст ба қаъри устувори баҳр ҳамлавар садо дармедод, дар миёни сангҳо ғавғо эҷод мекард, пораҳои лайси обсабзҳоро ба соҳил меафканд.
Агар тагкӯчаву бунбастҳои дар байни биноҳои бидуни нақшае эъморшударо ба ҳисоб наёварем, дар шаҳр фақат ду кӯчаи васеъ вуҷуд дошт. Яке, ки бо санги сафед фаршпӯш шуда буд, ба суйи амфитеатр боло мерафт. Кӯчаи дигар дар замонҳои қадим сохта шуда, пур аз гӯдолҳо буд ва дар канори шаҳр ба ҷоддаи пурсанги ноҳамвор бадал меёфт. Ин ҷодда ба маҳалҳои номаълум дар умқи кишвар мебурд. Аз авали субҳ то нимаи шаб аз ин ҷодда аробаҳои ҳомили борҳои киштиҳо садо дардода ҳаракат мекарданд.
Ман хоб дидам, ки аз ин кӯчаҳо убур мекунам, ғиҷирроси чархҳоро мешунавам,, аробаю гардунаҳоро, ки говмешҳо мекашанд, бо нигоҳ гусел мекунам, чун ба баҳр нигоҳ мекунам, чашм нифкоф менамоям ва панҷаамро ба пешонӣ мегузорам. Ҷолиб буд, ки шаҳр тамоми сифату вежагиҳои маҳалли сукунати воқеиро дошт ва ҳеч тағайюроту дигаргуниҳоро, ки хоси хоб аст, зоҳир намекард. Чун аз ин ё он кӯча аз канори ин ё он бино мегузаштам, мутмаин будам, агар бори дигар ба ин ҷо оям (пас аз чанд рӯз ва ё шаби дигар), ҳамин роҳи сангфарш, ҳамин тангкӯчаҳо, ҳамин навдаҳои ток дар рӯйи сангдевор, ҳамин хонаҳо ва хамин одамонро хоҳам дид ва чун аз канорашон убур мекунам баъзеяшон бо ишораи сар ё даст бардошта саломам медиҳанд. Хонаи худи ман дар кӯчаи аввал, кӯчаи сарватмандон — дуруст, ки қариб дар охири он, наздик ба амфитеатр, пас аз ҳафт ҳавлӣ аз майдон воқеъ буд.
Дар хоб ман озод ба забони бегона, ки андаке манқа садо медод ва овозҳояш кашида мешуданд, ҳарф мезадам ва русӣ комилан аз ёдам рафта буд. Баробари бедор шудан ман раванди кӯтоҳ, аммо пуршиддати табдили яке ба дигареро аз сар мегузарондам: он чи худӣ ва мафҳум буд, ғулғулаи хафиф мегардид; лекин он чӣ ман тасаввуре дар борааш надоштам, чун сел аз варғи харобшуда берун меомад ва дар лаҳзае маро ғарқ мекард. Боз лаҳзае мегузашт ва ман дигар ҳеч калимаеро дар ёд надоштам, аммо дар хотир доштам, лаҳзае қабл ҳамаи он дар ёдам маҳфуз буд, вале он лаҳза мегузашту фаромӯшашон мекардам.
Сар аз болин бардошта, гоҳе хеле талош ба харҷ медодам, то бифаҳмам дар куҷо қарор дорам. Бадали офтоби маъмулӣ, кабудии рӯшани баҳр, сангҳои гарми сафед, роҳравии оҳистаи говмешҳо, ғиҷирроси тахтапулҳои новҳо, тап-тапи нарми пойҳои урёни ҳаммолон, ки аз вазни кисаҳои зарди дӯшашон дандон ба дандон гузоштаанд, бӯйи тези тӯрҳои хушкида ва обсабзҳои пӯсида — бадали ҳамаи ин шишаи бар асари борон доғдор, рӯшании хираи осмони абркашида, чароғи хира, бӯйи маргарини доғкарда, садои тоба дар ошпазхона ва овози тролейбуси суръатгирифта дар паси тиреза меояд....
Ҷуз ин зиндагии ман комилан ба гунаи маъмулӣ ҷараён дошт. Мактабро хатм карда, ба донишкадаи физикаи донишгоҳ дохил шудам. Баъд аз соли аввал ба отряди коргарӣ намегирифтанд, вале кори ман омад кард: яке аз сардорони отряд аспирант Мишка Козихин буд, ки ман бо бародар ӯ, Витка дар як гурӯҳ мехондам. Витка миёнҷигарӣ кард, баъд аз он мо якуним моҳ дар ҳафри заҳбурҳои обёрӣ дар ҳумаи Ярославл пашаҳоро ғизо медодем. Муҳим ин буд, ки мо пул кор карда будем ва метавонистем ба сафари тӯлонӣ бароем.
Ҷӯраи ман, намедонам чаро, иштиёқманди сафари Осиё буд, вале тавонистам фикри ӯро тағйир бидиҳам. Мо ба сӯйи баҳр ргоҳи шудем. Ягон се ҳафта дар соҳилҳои Қрим гаштем, баъд ба соҳили Қафқоз рафтем. Пул зуд ба охир мерасид. Мо рӯзбайъ бо мевачинӣ, тахлияи вагонҳо, бофтани бурё аз най таҳти роҳбарии тотори пир пул кор мекардем. Мутассифона, онҳо, ин соҳилҳо пургард, чиркин, барои истироҳат номувофиқ, нимаҷиноӣ буданд ва ман ҳеч чизи монанд ба хобамро надидам.
Аз он замон ҳар тобистонро дар саёҳат мегузаронам. Аввал давраи таътил бо саёҳат мегузашт, баъд рухсатиҳо. Зани аввалам бо тамоилоти ман мувофиқ набуд ва пас аз ду сол ҷудо шудем. Ба зани дувумам ҳангоми саёҳат шинос шудам. Шаш сол зиндагии хушбахтона доштем, аммо соҳиби фарзанд нашудем. Дар соли ҳафтум ман мутмаин шудам, ҳеч орзу ва андешаи оянда арзиши андаке ҳараки ангуштони ҷарроҳро надоранд. Вақте ки боз танҳо мондам, он қадар синнусоли зиёд надоштам, ки шеваи зиндагиро дигарсон кунам. Тобистон фаро расид, рухсатӣ гирифтам, лиҳофи сабук, марҳами зиддипашаро андаруни кӯлвор андохтам ва сӯйи истгоҳи роҳи оҳан раҳсипор шудам.
Муҳим на сайёҳии одӣ, балки таъмини ғизои худ аз роҳи паймонкорӣ аст; гоҳе моҳигирӣ, гаҳе кори салронӣ, гоҳе бухорисозӣ ва ё ба ҷамъоварии ҷалғӯза машғул мешавӣ. Пас аз моҳе ман марди дигаре бармегаштам, рӯзгори маъмулӣ ба назарам аҷибу ғариб менамуд. Ман шаҳри соҳили баҳрро ба хоб медидам, вале дар ҳеч яке аз саёҳатҳоям чизеро дучор наомадам, ки тавонад ёдоваре аз ин шаҳр бошад.
Дар Олтой ман бо Пилипчук, ки кандакори чӯб буд, ошно шудам. Аз ӯ хостам маро шогирд бигирад, аммо Пилипчук рад кард, гуфт, як моҳ барои аз худ кардани ин ҳунар хеле кӯтоҳ аст. Вале, ҳаройина мо дӯст шудем ва Пилипчук маро ҳамроҳи худ ба шаст верст дуртар, ба канораи дури кӯли оинавор дурахшони Телетс бурд. Рӯде, ки ба кӯл мерехт, қабл аз он муддате тӯлонӣ бо душволрӣ пайкари муҳками сахраҳо шикофта дар тангнои бисёркилометраи миёни шахҳо фишурда мешуду медамид ва ниҳоятан чун ба паҳно раҳо мешуд, ғурриши ваҳшиаш ором мешуду чун оҳе сабук дар рӯйи об ба парвоз меомад. Ин рӯд як навъ номе ваҳшӣ, шалаппосӣ, ғулғулафкан дошт, ки натавонистам муддате ба ёд бигирам ва танҳо вақте ки ин амр муяссарам шуд, ки дар байни он ва вожаи «ҷодузан» шабоҳате дуре пайдо кардам.
Пилипчук хунсардона қоиқи моториро бар хилофи ҷараён меронд. Пас аз соате дар резишгоҳи шохоби тезу пуробе истодем, қоиқро ба рӯйи сангҳо берун кашидем, абзори моҳигириро гирифтем ва ба самти боло ҳаракат кардем, то дар зиракиву таҳаммул бо хариус* сабқат диҳем. Ман пештар рафтам ва маҷрои рӯдак ба ҷойе овардам, ки сатҳи об густардатар ва умқаш бештар буд; як канораи он дар зери найзаи сафеди об, ки аз баландӣ фурӯ мерехт, меҷӯшид. Дар ин ҷо дидам ки таймени якунимметра** ду бор аз ин ҷараёни тунди об тақрибан то болои шаршара парид, вале фишори обро убур карда натавонист ва поин уфтоду шалаппос садо дардода бо дум ба об фурӯ рафт. Бори севум ҷонвари дурахшон тавонист садро бартараф кунад ва дар канори шаршара пинҳон шуд.
Вақте ки Пилипчук омад, гуфтам, ман ин ҷо хоҳам монд.
Дар он лаҳза худ ба ин гуфтаам итминон доштам.
Ман хаёл доштам дар ҷазираи зароған дар наздикии резишгоҳ сукунат ихтиёр кунам. Мо аз канори он бо қоиқ гузашта будем. Замоне ҷазира комилан беҳосил буд, вале марде ба номи Смирнов (мутобиқи овозаҳо сабаби ҳузури ӯ дар ин соҳилҳо талоши раҳоӣ ёфтан аз доми НКВД буд) фурсат ва таҳаммулашро дошт, ки бо қоиқи белдор ба ҷазира хок биёварад, агарчи то наздиктарин ҷойе, ки аз он мешуд хоки ҳосилхез гирифт, на камтар аз панҷ верст масофа буд. Ӯ дар ҷазира дарахти себ шинонд. Ман тасаввур кардам, ки метаволнам хона андозам, қоиқе бихарам, бо духтари олтойӣ издивоҷ бикунам. Зимистон шираи ҷалғӯза ҷамъ меорам, тобистон ба кӯҳ меравам. Аз наздиктарин шохаи кӯҳ соҳили дури кӯл, ки замоне дар он дайр қомат меафрохт, намудор буд. Говҳо алафҳоеро, ки дар пайҷойи деворҳои вайронкарда рӯйида буданд, намехӯрданд ва ва аз ин ҷо, аз баландӣ харобаҳои дайр нақшаи возеҳи гузаштаи ҳазфшуда менамуданд, ки нигоҳ наметавонист бифаҳмад, дар куҷо ин гузашта бо ҳол ба ҳам мерасад, дар кадом лаҳза ҳол ба оянда ворид мегардад ва оё омезиши беинтиҳо ва аҷиби онҳо хоб нест! Ман рӯи санги гарм нишаста, чашм нимкоф кардам, ба дуриҳо нигаристам ва аз дил гузаронидам, ки зиндагии одамони дигар низ, ба эҳтимоли зиёд ба хоб мемонад. Маҷрои замон ҷорист, сарбозони сурх роҳибонро ғарқ мекунанд, казакони ясавул Кайгородов сарбозони сурхро ғарқ мекунанд, неруҳои тозавориди Артиши Сурх казакҳои ясавул Кайгородовро ғарқ мекунанд. Ҳайати эъзомӣ, ки талош дошт, қаъри кӯлро таҳқиқ кунад, бемуваффақият анҷом ёфт: ғаввос, ки тоза ба оби сияҳфоми сард фурӯ рафта буд, бо аҷала сари ресмонро ҷунбонда гирифт ва чун ҳамон дам берун кашидандашу аз кулоҳи чашмкалони ғаввосӣ халос кардандаш, осемасару бимзада нақл кард (бо қатъият нахост дубора ба зери об равад), ки онҳо ҳамон тавр дар зери кӯл истодаанд — аспони андуҳгин, роҳибон бо ҷомаҳои сиёҳ, казакҳо бо шинелҳои дароз, аскарони сурх бо либосҳои низомӣ...
— Хуб, бас дигар сайёҳ, — ғурунгид Пилипчук. — Рафтем, ки торик мешавад.
Хостам ба ӯ аз хобҳоям, ки аз даврони бачагӣ азиятам медиҳанд, хикоят кунам, аз шаҳри биношуда бо санги сафед, аз он ки ҳамаи оварагардиҳои ман талоше барои ёфтани инъикоси он дар ҷаҳони атроф аст, аз он ки танҳо дар ин ҷо, дар Чулишман ман ҳамон тавр садоҳои ҷарангосӣ ва пур аз зиндагиро шунидам, ки дар хобҳоям маро фаро мегирифтанд. Дар ин ҷо шаҳр набуд — вале чизе буд, ки метавонист онро иваз бикунад.
Ман мехостам дар ҷойе бимонам, ки моҳиҳои болтилоӣ аз обшорҳои марворидӣ ба боло мепаранд.
Аммо намондам, ва дар қатор ба назарам намуд, ки алоқаам ба сайёҳат гум шудааст.
Шаҳр бо боронҳо ва зангҳои телефон истиқболам гирифт. Аз ҷумла, котиба хабар дод, ки фардо маҷлиси курсӣ баргузор мешавад.
Ин ҳама бемаънӣ менамуд ва ба ҷойи он ки хурсандӣ, озодӣ, таассуроти тоза эҳсос бикунам, ки қаблан ҳар бор бо худ меовардам, ҳини холӣ кардани кӯлвор андуҳе хафиф қалбамро фаро гирифт.
Дароз кашидам, аз паҳлӯ ба паҳлӯ ғелидам, натавонистам бихобам. Ниҳоят, чун охирин троллейбус аз паси тиреза гузашт, садои ғурриши баргҳои себро бар асари бод шунидам.
Баъд аз кадом як садои дигар як қад паридам ва рӯйи рахти хоб нишастам.
Нури нарми субҳ дар шиша таровид, дар ҳавлӣ баргҳои хушки радаи токҳо садо доданд, мусича хеле муассир қум-қум кард.
Ман хамёза кашидам, рӯямро пок кардам, бархостам, кадом як либоси хонагиро рӯйи китф афкандам. Об дар таҳи чалак андаке монда буд. Ба навъе ба кафлес об бардошта бо дили пурғазаб дасту рӯй шустам. Аммо субҳона омода буд. Тухми обҷӯшро аз пӯст ҷудо карда, бодиринг, чанд дона зайтунро бо лаззат хӯрдам.
Ҳавлӣ дар ҳукми субҳи ором буд. Аз ҷониби нимаи занона садоҳо ба гӯш меомад. Тимон рӯйи кунда нишаста, ҳезум мешикаст.
Хостам пирамардро коҳиш кунам, ки бегоҳ ба хона об наёвардааст ва таҳдид кунам, ки аз падарам хоҳиш мекунам ӯро ба бегонагон бифурӯшад,— баъд ки бо калтак задандаш пӯшаймон мешавад, — вале ба пушти хамида ва лоғар нигаристаму фақат бо дареғ туф кардам ва ба сӯйи дарвоза роҳ гирифтам.
Аз ҳавлӣ баромада, аз кӯчаи сангфарши пурпечухам, аз канори деворҳои сангини сафед, ки аз паси онҳо шохаи дарахтон ва боми хонаҳо намудор буд, ба поин роҳӣ шудам. Дар назди сари шер, ки аз даҳони мармаринаш ба тағораи оҳаксангии дағар-буғур об мерехт, ба самти рост гаштам ва ҳамон лаҳза баҳр чашмамро рабуд ва маҷбур кард каф ба пешонӣ ниҳаму чашм нимкоф кунам.
Дар сатҳи фирӯзаии об қоиқҳои лӯбиёшаклу сиёҳранги моҳигирон ба назар мерасиданд. Дар дуриҳои пас аз онҳо бодбони сафед бо меғ меомехт.
Бори ҳазорум (ё садҳазорум) дар хаёли хеш ба андеша рафтам, ки нимаи токистони туҳфаи падарамро бифурӯшам. Ва бо пули он саҳмдори киштӣ бишавам. Ва ё шояд тамоми киштиробахарам... Аз ҷониби дигар, токистон ҳам милки хуб буд. Токҳои куҳан дар тамоми вилоят бо серҳосилӣ, ангурҳояш бо ширинӣ вв бӯяшон шуҳрат доштанд. Аммо замин одамиро ба як ҷой мебандад, киштӣ имкон медиҳад саёҳат бикунӣ!.. Назди дари Ҳаммоми шарқӣ чанд нафар буҷулбозӣ мекарданд. Бо пули андаке бозӣ кардем ва буҷул ҳам пука мебаромад. Вақте ки Премен омад, ман бохти андаки худро пардохтаму дур шудам.
Мо рӯйи хараки сангии канори девори ҳаммом нишастем. Офтоб баланд рафта, аммо соя сард буд, аз баҳр ҳам боди тозаи субҳи октябр мевазид. Барги дарахтони зайтун дар камари кӯҳ меларзиданду ранг бадал мекарданд.
— Ман чан рӯз аст фикр мекунам, — гуфтам ман. — Оё нимаи токистонро бифурӯшам? Пули хуб пешниҳод мекунанд...
— Кӣ?
— Як мард аз Ларос, — номуайян посух гуфтам ман.
Премен сар ҷунбонд.
— Вақти мувофиқ нест барои ин кор, — гуфт ӯ банди ангуштонашро кашида, ки бар асари он баъзе садо дардоданд. — Эпес ду киштии худро мефурӯшад.
Ин хабар барои ман комилан ногаҳонӣ буд. Эпеси сарватманд бо фурӯши умдаи намак машғул буд ва зимнан, мавридҳои муносиби фурӯши ҳар майда-чуйдаи дигарро низ аз даст намедод ва молики ҳафт киштии бузург буд, ки пайваста оби баҳрро менавардиданд.
— Ҳамин тавр. Зиндагӣ ба як ҳол намемонад, — пандомез гуфт Премен, мушт баставу боз карда. — Ҳоло замин арзиш дорад. Тиҷорати дарёӣ ба сабаби роҳзанҳои баҳрӣ қобили эътимод нест. Ҳар гуна ҷулҳундию авбош зиёд шуда...
Ман дили нохоҳам сар ҷунбондам.
— Ҳамааш ба ин сабаб, ки замин гарон мешавад, — бо андуҳ гуфт Премен. — Замин, ки гарон шуд, зиндагӣ гарон мешавад. Одамон охирин чизҳояшонро мефурӯшанд — баъд куҷо раванд? Сари роҳи калон мебароянд.
— Дуруст...
Мо хомӯш мондем.
— Дидӣ, ба маъбади нав пайкара оварданд? — пурсид ӯ сангчаи сафедеро ба кафи даст андохта.
— Аллакай оварданд?
— Бале. Ман дирӯз бегоҳ рафтам дидан. Хеле баднамуд. Мегӯянд, ки касоне аз он пули калон кор кардаанд...
— Ин ки кори маъмул аст...
Мо хомӯш мондем. Премен нафаси амиқ кашиду сангчаро ба канор афканд..
— Имсол майи хуб кашидам, — нохост хабар дод ӯ.
— Рост? — боназокатона таваҷҷуҳ зоҳир кардам ман.
Токистони ӯ чандон хуб набуд.
— Албатта! — ба завқ омад Премен. — Олисифат! Меравем!
Ман ба офтоб нигаристам.
— Рости гап, ман мехостам ҳоло...
— Мон ин гапҳоро! Барои чошнигирӣ менӯшем, тамом. Чӣ гуфтӣ?
Ман анфаси амиқ кашидаму розӣ шудам.
Мо аз танкӯча гузаштем, ба кӯчаи дувум ворид шудем, ҳарду говмешҳои зормонда, аробаҳои балозада ва гарду чангро, ки зиндагиро танг карда буданд, душном додем ва боз ба тангкӯча ворид шудем, ки мунтаҳӣ ба дарвозаи ҳавлии пурсояи ӯ мешуд.
Ман ҳанӯз то охир нанӯшида будам, ки Премен бесаброна ба назди миз омаду пурсид:
— Чӣ тур?
Ман маънидорона ва босадо лаб аз лаб бардоштам.
— Нӯш, нӯш, — ташвиқ кард Премен, боз даст ба кӯза ёзида. — Майи бад не, а?
Ва ҷомҳоро пур кард.
Боди сабук баргҳои арғавонии болои сарамонро ба садо овард.
Май ҳароина, мазаи талхӣ медод.
— Ҳаа-а-а, — мад кашидам ман. — Тобистони сернам буд.
— Бале, — мувофиқат кард Премен. — Аммо май ҳаройина, бад нест, а?
Ман то охир нӯшидаму лабамро пок кардам. Намехостам ӯро ранҷонам.
— Бад не, — сар ҷунбондам ман. — Вале тирамоҳ, бибин, хушк аст.
— Хеле, — амиқ нафас кашид Премен. — Токистони ту, медонам, ҳамеша серҳосил аст.
Ман ба таровиши май аз кӯза нигариста, китф дарҳам кашидам.
— Бале, маъмулан серҳосил аст... Аммо, ба ҳар сурат мехоҳам нимашро бифурӯшам.
Премен бинӣ кашид.
— Боз ҳамон гап. Албатта, кор кори туст... Вале боз мегӯям: Эпес дар ин кор таҷрибаи ғанӣ дорад. Магар беҳуда киштиҳояшро мефурӯшад?
Моеъи арғавонӣ боз дар ҷомҳо дурахшид.
Премен нону панирро ба сӯйи ман тела дод.
— Мефаҳмӣ, — гуфтам, — бо киштӣ метавон шино кард. Яъне, манзурам сайёҳат аст.
— Саёҳат ба куҷо — ҳайрон шуд ӯ. — Чиро?
Ман заҳрханд кардам. Сода, Премени сода!..
Эҳтимол май сарро гарм карда буд. Мехостам ҳикоят бикунам, ки аз кӯдакиям хобҳои аҷибу ғариб, хобҳои ваҳшӣ, ки ҳеч иртиботе бо зиндагии воқеӣ надоранд, азиятам мекунанд: сатҳи буанфши кӯл... жарфои сард, ки хеле зуд қалби шиновари бетаҷрибаро аз тапидан бозмедорад...тарҳи кӯҳҳои сияҳу кабуд дар зери офтоби тафсон... Дурахши сафеди барқ аз зери абрҳои сиёҳ... хонаи сокит дар ҷазираи ношинохта... Боғи себ... Ва рӯд, рӯд, ки ғулғулафкан аз тангно берун меояд!..
Май аз гарданаи танг маҳин қул-қул карда берун меояд.
— Чулишман, — ба забон овардам ман калимаеро, ки намедонам аз куҷо ба забонам омад.
— Чӣ мегӯӣ? — боз пурсид Премен.
Ман мижа задам ва даст ба пешонӣ бурда руъёи ба сабаби мушаххас набудан бефоидаро дур рондам.
— Мегӯям, ки ин... майи бад нест, — гуфтам ман. — Хеле майи хуб шудааст.
Ва аз ҷой бархостаму чин ба абру оварда кафи дасти ростамро, ки ба сабабе ногаҳон, гӯйӣ пас аз сӯхтан ба хориш омада буд, молидан гирифтам.
* Хариус — навъе моҳӣ, ки маҳалли зисташ рӯдҳои кӯҳӣ аст (Мутарҷим).
** Таймен — навъи моҳӣ, ки дар обҳои ширини рӯд ва кӯлҳо зиндагӣ мекунад (Мутарҷим).