Рўзи беҳуда

Ин саҳар ба чизе монанд нест, саҳар ҳам не он, пораи кўтоҳи рўзи аввал аст: санҷиш, намунаи ройгон, пешнавис, коре нест. Ҷои рафтан ҳам. Чизи нав сар кардан маъно надорад, охир, куҳнаҳояш — зарфҳо, дастархонҳо, рўкаши туҳфаҳо, шохаҳои сўзанбарг, ки рўи фарш рехтаанд — ҳанўз ҷо ба ҷо нашудаанд. Субҳдам мехобӣ, шомгоҳ бармехезӣ, беҳуда дар хона меравию меоӣ ва ба тиреза менигарӣ. Офтоби якуми январ, чи дар Москваю чи дар Питер, соати чори рўз ғуруб мекунад, аз ин рў, ғайр аз пораи ранги хокистарӣ, ки барфрезаҳо ба рўяш нишастаанд, ё шафақи сурхи бемор, ки паёме ҷуз зулмоти зудрас надорад, насибамон нест. Эҳсоси аҷиб. Навакак ҳамагон бесаранҷомӣ мекардем, бошитоб шампон мерехтем, ҷаҳд мекардем, ки ҷомҳоро дар вақташ, то анҷоми садои бомароми зангўлаҳои давлати абарқудрат ҷанг андозем, мекўшидем ин лаҳзаи гузариши асроромезро, ки вақти куҳан гўё хоку туроб мешаваду аз вақти нав ҳанўз дарак нест, дарёбему дарк кунем. Шодӣ мекардем, чунон ки ҳамагон дар ин лаҳзаҳо шодӣ мекунанд, аз тарс ба ҳаяҷон меомадем, ки мабодо натавонем, мабодо фурсати ба дарҳои ноаён даромадан наёбем. Аммо чун ҳамеша тавонистем, ворид шудем. Ва, инак, чашмони хоболудамонро ҷониби шафақи шомгоҳ во намуда, ба ин ҳолати ҳайратовар — на мафтунӣ, на алам, на шитоб, на афсўс, на ҳушёрӣ, на хастагӣ, на хуморолудагӣ — меафтем. Имрўз зиёдатист, чун ҳадяи зиёдатист, ки қабулаш хуш аст, лекин намедонӣ чӣ кораш кунӣ. Имрўз кўтоҳ аст, кўтоҳтарин рўзи сол. Дар ин рўз пухтупаз намекунанд — ҳама чиз пур аст, дар ин рўз ҳамагӣ як бор мехўранд, он ҳам ғизоҳои мухталифи дирўза: хўришҳои гуногун, ки таъмашон дигар шудааст, пирогҳои хушкида, ки бо сачоқҳои коғазӣ пўшонданашонро аз ёд бурдаанд, боқимондаи тухмҳои қимаро. Намедонӣ, ки ин наҳорист, лекин бо шаробу моҳии шўр, ё ғизои пешин, аммо бе шўрбо. Имрўз рўзи оромист: ҳама хандаҳову шўхиҳо дирўз буданд, акнун қувват намондааст. Хуб аст дар ин рўз берун аз шаҳр, дар бўстонсаро ё деҳа будан. Хуб аст либоси куҳнаи остинҳояш дарида, пўстини пашмҳояш рехта, ки аз нишон доданаш ба одамон мешармӣ, мўзаҳои пашминро бипўшӣ. Хуб аст аз хона берун шудану гарангогаранг истодан, беҳадаф ба осмон ва агар бахтат хандад, ба ситоразор нигаристан. Хуб аст худро асли худ — на аз касе, барои худ ҳам номафҳум, бароҳату хонагӣ, шашсолаву ҷовидон эҳсос намудан. Хуб аст дил бастану интизори фиреб набудан. Хуб аст такя кардан — ба сутуни пешайвон ва ё дўстдошта инсон. Имрўз чандон тиҳист, ки дар ёд намемонад. Чӣ кор кардед? — Ҳеҷ. Куҷо рафтед? — Ягон ҷо. Дар бораи чӣ суҳбат кардед? — Ба фикрам, дар бораи ҳеҷ чиз. Танҳо холигоҳу мухтасарбаёнӣ, чароғи хиратобу бекорхўҷагӣ, танбалии дилхоҳу хамёзаи ширин, афкори дарҳамбарҳаму хоби сахти бемаҳал. Чӣ хел зиндагӣ мекардем, агар имрўз намебуд! Чӣ хел уҳда мекардем ин зиндагиро бо ғурриши каркунандаву бераҳмонааш, анбўҳи маъное, ки барои фаҳмаш вақт намеёбем, анбўҳи рўзҳое, ки беист июлҳову сентябрҳову ноябрҳоро дар худ фурў мебарад. Рўзи зиёдативу холиву дилкаш, чўбаки кўтоҳе байни сесаду панҷоҳу чанд чўби дароз, ки ноаён дар ихтиёри мо — дурандешон ба мо — ҷўяндагони маъниву шарҳу баҳонаҳо гузоштаанд. Рўзе бешумора, берун аз ҳисоби одамӣ, рўзи оддии Хайру Баракат.