Тарзи зисти мардуми шимоли Россия

(пораҳо)

Видоъи дуру дароз

Ҷавон се қадам гузошту хам шуда, бо як даст ба зонуяш такя
Овард ва бо дасти дигар устухонеро бардошт.
Нишон гирифт... ба канор! Дур шав, эй мардуми тамошогар.
Ба ду канор: ба бозии шавқовари русӣ халал нарасон.

                                                                                   А. С. Пушкин

Айёми бачагӣ дар русто маҳз бо ҳамон бозиҳои кўдакӣ дар мағз-мағзи ҷони мо маҳфуз мондааст то ҳол. Он бозиҳо бо корҳои фоидаовар тавъаманд. Инро бояд гаштаю баргашта таъкид кард... Масалан, шикори моҳӣ ва ё бо асб кор кардан мисоли равшани ин умумиятҳоянд. Метавон боз даҳҳо мисоли дигар овард аз бозии кўдакон ба кор ва ё, баръакс, ноаён ба бозӣ табдил ёфтани кор. Дар оғози баҳорон, ҳангоми обхезии дарё аз он гузаштан лаззати аҷибе дошт барои мо, бачаҳо. Охир, ҳангоми анҷоми ин амал кўдак на танҳо ҷисман обутоб меёфту дар мубориза ба об ҷасурӣ меомўхт, бал худ бехабар кори хайреро анҷом медод. Айнан мисли ин амал писарбача на танҳо молҳоро мечаронд, балки онҳоро аз ҳуҷуми гургу хирсҳо ҳифз менамуд. Асбу аробасаворӣ барои ў пеш аз ҳама савора сайр кардан буд, на алафу порую ҳезум кашондан.

Ин ҳама бозиҳо аз ҷониби калонсолон тарғибу дастгирӣ меёфт. Аммо наврасон боз бозиҳои зиёде доштанд, ки ба меҳнати манфиатовар рабт дошт. Падару модар ва бародарону хоҳарон, умуман ҳама калонсолон гўё бозиҳои беҳударо пай намебурданду баъзан нимшўхӣ худашон онҳоро ба кўдакон гўшзад мекарданд. Наврасону кўдакон худ аз насл ба насл ин бозиҳоро ба ёдгор мегузоштанд.

Дар байни даҳҳо чунин бозиҳо якеашон сохтани осиёбчаҳои обию бодии кўдакона маҳсуб меёфт. Бори аввал дар сохтану сари мехи чўбини байни полез гузоштани фирфираки одӣ бародари калонӣ, бобо ва ё падар ёрӣ мерасонд. Аммо баъд намехостем, ки касе ёрӣ диҳад... Дере нагузашта ҷойи фирфиракро тамсилаи обҷувоз мегирифт. Аз чунин обҷувоз то сохтани дарғот дар наҳрчаҳои баҳорӣ бо чархаи пуркунандаи осиёб як қадам аст.

Шилдироси ин наҳрчаҳо хомўш нагардида, дар беша наҳрчаи дигар пайдо мешавад: дар ним рўз шираи ширини тўс як сатилчаро пур мекунад. Дар дара баргҳои туршаки шилха пайдо мешаванду дар ин ҷо хўшаҳои камол пухта, қад мекашанд. Онҳоро танҳо дар вақти тару тоза, мулоим ва ширадориашон хўрдан мумкин. Аммо то алафдаравӣ расанд, ғафсу дурушт мешаванд. Агар буғуми аз ҳама калони поёнии онро бурида, як тарафашро маҳкам бубандеду сўзанҳои санавбарро ба он халонед ва поғаро ба химчаи бед печонед, як асбоби обгирӣ ҳосил мешавад. Онро аз об пур карда, писарбачаҳо дуртар аз ҳамсолони хеш пинҳон мешуданду онро ҷониби онҳо равон мекарданд. Фавраки борику тези об то ҳашт-даҳ метр мепарид ва духтарчаҳо ҳайрон ба осмони софу беабр дида медўхтанд, ки ин боронак аз куҷо пайдо шуд?

Агар бо корд ба дарозии ин асбоб роғи зиче бурида, сахт пуф кунед, ба най табдил меёбад. Охирҳои тобистон, вақте ки ғубайро мепазад, аз он фуркалка* месохтанд, ки меваҳои ғубайроро ба воситаи он беовоз то бист-сӣ метр партофтан мумкин буд. Дар сари шохи дарахт ва ё миёни анбуҳи алаф камин гирифта, метавон хурўсу гурба ё ҳамсолонро тирборон кард. Аммо... лаҳзае ин ҷо таваққуф мекунем.

Ба ёд биёред, мо ҳикояамонро аз чӣ оғозида то куҷо расидем. Охир ба ин асбоб дар масофаи наздик на танҳо чашми хурўсеро метавон кўр кард... Барои қалби кўдак пай бурдани марзи хайру шар осон нест, вай метавонад бо дили соф низ онро убур кунаду ин гузариш (ҷиноят)-ро ба одат табдил диҳад. Як бозии безарар метавонад дар як лаҳза ноаён ба шўхӣ, шўхӣ ба эркагӣ бадал шавад ва аз эркагӣ то авбошӣ як қадам аст... Бино бар ин калонсолон аз оғоз пеши роҳи шўхиро мегирифтанду риояи меъёрро дар муносибати кўдакон ва эҳтироми анъанаю қоидаҳоро дар бозӣ тақдир мекарданд.

Ба мурури замон камонкашаки симӣ (як тири он метавонад тугмаро пора кунад) ва кашкашаки резинӣ (санги он бемалол шишаи тирезаро мешиканад) ҷойи бозиҳои безарар, аз қабили рустшавакон, «ҷанг»-у ҳуштакбозӣ ва ғайраро гирифтанд. Барои ин тағйирот мо танҳо ба тараққиёт, ки ба шарофати он бачаҳои рустоӣ ба сими пўлодину резини ёзанда даст наёфтанд, миннатдор набошем. Пас аз Ҷанги якуми ҷаҳонӣ дар рустоҳо бозигарони калонсол пайдо шуданд. Ин «бозингар» худаш ҷониби тирезаи иншоотҳои нав санг намеандохт, балки дар ҷойи бехатар нишаста, кўдаконро ба ин кор ташвиқу ҳидоят мекард. Ба ҳар ҳол бозии кўдакону наврасон то оғози Ҷанги дуюми ҷаҳон анъанаҳои хешро нигоҳ дошт.

Гуногунию пойдории онҳо вобаста аст ба интихоби чандинасра ва шароити душвори табиӣ, кору зиндагӣ. Ҳама чизи дар таги дасташон бударо истифода мекарданд. Бибидоя бе ҳеч мушкилӣ метавонист рўймоли сарашро бигираду, сегўша қат карда, ба «харгўш» табдил диҳад. Даравгар қодир буд аз як қабза гандумпоя «ҷўра»-и пахолӣ бисозад (шояд таъбири «соломенная вдова» — «бевазани зиндаҷудо» аз ҳамин ҷо пайдо шуда бошад). Ў пояҳои рости ҷавдорро ба ду ҳиссаи баробар тақсим мекарду «миёни» онҳоро баста, сарафанро поин мефароварду «домод»-ро ба рўи миз мегузошт. Агар оҳиста бо мушт ба рўи миз ҳунармандона бикўбед, «домод» ба рақс меомад. Акнун шавқу завқи кўдаконро (калонсолонро низ) ҳангоми дар рўи миз дидани рақси чанд лўхтаки пахолин тасаввур кунед! Лўхтакҳо гоҳо ба ҳам меоянду боз дур мешаванд, баъзан ба ҳам бармехўранду гоҳо аз паҳлуи якдигар мегузаранд. Муҳим ин ки онҳо дар наздики якдигар бирақсанд, дур нашаванд ва аз миз наафтанд...

Шабҳои замистон пешдаргирони одӣ метавонист барои анҷоми бисёр найрангбозиҳо хидмат бикунад. Барои сохтани «визвизак» як порча тахтачаи тунуку борик ва риштаи ғафси катон кифоя буд. Бачаҳо худашон «ғирғирак» месохтанд, ки дуру дароз чарх мезад. Ҳамчунин бозиҳои қаллобӣ, бозӣ-фиреб, найрангбозӣ бо ҳалқаю қайчӣ ва ё ҳалқаю ангуштарӣ низ зиёд буданд. Оқибат хаста мешуданду ҳамаро хоб мебурд, аммо рўзи дигар боз ягон бозии дигар ёдашон меомад. Масалан, бозии «мурғ». Дар остини пўстини кўҳна ва ё нимтанаи пахтагин як дасту як пойро меандохтанду аз қафо тугмаҳояшро мегузарониданд ва ин гуна «мурғ»-ро ба «пой рост мемонданд» ва аз қадам мондану афтиданаш ҳамаро ханда мегирифт.

Баҳорон ҳангоми ҳезумчинӣ ва тобистон дар даравҷо наврасон ҳатман барои худ аввал пои чўбини кўтоҳ ва баъд дарозтару дарозтар месохтанд ва ба ин пои чўбин дар болои газнаю об гаштан одамро бақуввату чаққон мекард**.

Бозии ҷаҳҷаҳаки рустоӣ (ба бозии бачаҳои шаҳр умуман монанд набуд) бисёр хандаовар ба назар мерасид. Бозигарон номуташаккилона дар кўча ҷамъ меомаданд, як нафари хайрхоҳе пайдо мешуду кори нофорамеро ба уҳда мегирифт, яъне ба даруни кўлмак менишаст ва ба болои кулоҳи ў кулоҳи ҳама бозигаронро мегузоштанд. Баъзан бисёр баланд мешуд ва он нафар бояд ноҷунбон менишаст, то он кулоҳманора наафтад. Баъд бозигари аз ҳама бақуввату дароз аз дур сахт давида, аз болои сари он ҷаҳида мегузашт. Сипас кулоҳҳои афтидаро ҳисоб мекарданд. Аз ҳама охир нафари хурдсол меҷаҳид. Баъзан то охир дар тори сари нафари нишаста ягон кулоҳ намемонд... Ба навбат гунаҳкор (нафари кулоҳро афтонда) чорпоя меистод. Чор нафар шахси дар кўлмак нишастаро аз ду дасту ду пояш дошта, алвонҷ медоданду бо тамоми қувва сурини ўро ба сурини нафари чорпоя нишаста мезаданд. Шумори задан ба адади кулоҳи афтондаи ў баробар мешуд. Ҳарчанд ин зарбаҳо сусту беосеб буданд, аммо садои ханда ба фалак мепечид. Ҳангоми задан он нафари чорпоянишаста аз ҷояш беҷо шуда, чанд қадам пеш мерафт. Аз ҳама хандаовар он буд, ки ў ҳангоми ба ҷойи худ баргаштан ҳаросон ба ақиб менигарист, ки бачаҳо чӣ кор карданианд. Ҳар дафъа ҳангоми қабули зарба қиёфаи ў тағйир меёфт...

Бозии қадимаи мардона дар тобистон «буҷулбозӣ» буд, ки А. С. Пушкин онро ситудааст. Ин бозиро ҳама — кўдакон, наврасону ҷавонон ва ҳатто дар вақти холӣ мардони оиладор низ, — дўст медоштанд. «Буҷул» — устухони суфтаи соқи гўсфанд, буз ва ё гўсоларо баъд аз ҷўшонидани каллапоча мегирифтанд. Буҷул ҷамъ овардан одати деринаи бачаҳо буд, онро аз бародар ба додарон мерос мегузоштанд ва баъзан харидаю фурўхта мешуд.

Он чизе, ки Пушкин устухони «рехта» мегўяд, айнан ана ҳамин буҷули калони гўсола аст. Онро сўрох ва бо сурб пур мекарданд. Баъдан устухонро бо санг ва сипас бо тахтачаи оҳанӣ, ки «бит» ва ё «битк» меномиданд, иваз карданд.

Дар даруни давра якто ва агар бозигар бисёр бошад, як ҷуфт «буҷул» мегузоштанду аз дур онро нишон гирифта мезаданд.

Ин бозӣ чанд намуд дорад ва аз бозигар ҳунари нишонагирӣ, чолокӣ ва истодагарӣ талаб мекунад. Бозиро нафаре меоғозид, ки чўбро дур партофта бошад ва аз ҳамон ҷойи афтодаи чўб шуруъ мешуд мусобиқа. Дар як намуди дигари ин бозӣ буҷулро, бино бар истилоҳи ҳарбӣ, на яктоӣ дар як қатор, балки дуто дар саф мегузоштанд. Онро дар қатор баъзан дар таги девор ва ё гоҳо дар ҷойи кушод мемонданд. Дар мавзеъи охирӣ силсилаи дуюми зарбаҳо аз ҷониби дигар зада мешуд.
Дар синфи сеюми мактаби ибтидоии динӣ сурудеро ёд медоданд:

Дар кўлмаки сари роҳ
Бачаҳо бисёранд,
Буҷулҳо чун аскарон,
Дар як қатор истоданд.

Павлункаи бобарор
Боз буҷулаш олчӣ хест.
Чун имрўз, бародарон
Ҳеч буҷул зебо нест.

Идома ва муаллифи шеърро Анфиса Ивановна ёд надорад.

Мухлиси бозигарони калонсол аз ҳисоби зану фарзанд, хешовандон ва меҳмонҳояшон зиёд буданд...

Танҳо «шаҳрбозӣ***» метавонист ба «буҷулбозӣ» баробар шавад. Он низ бисёр бозии шавқовар аст, ки то замони мо расида ва ба рўйхати расмии мусобиқаҳои варзишии муосир дохил карда шудааст.

Бозию воситаҳои дилхушии мардумро аз ҳам ҷудо кардан душвор аст, ҳарчанд онҳо ҳамеша алоҳида буданд ва аз якдигар фарқ доштанд.

Дар ҳамин аст фарқи асосии эстетикаи (зебоишиносии) мардумӣ.

Масалан, арғунчакҳои рустоӣ. Оё мешавад онро таърифу тавсиф кард? Албатта...аммо агар хонанда чӣ будани баҳор, мавсими оббозӣ, идҳои рустоиён ва ғайраю ҳоказоро надонаду дарк накунад, тасвири мо барои ў нофаҳмою дилгиркунанда аст.

Воқеан, дар Шимол аз қадим арғунчакҳои даврагард ва муқаррарӣ (лангарвор) маълуму машҳур буданд ва дар гирди онҳо ҳангоми давутози идона баъзе бозиҳои дастҷамъӣ ноаён аз мусиқӣ пур мешуд, мавзуну хушоҳанг гашта, хусусияти самоъ мегирифт.

Кўдаке, ки аз паси ҳамсоли хеш аз ҷинси дигар овора шуда, бо ў бозӣ мекунад, аллакай наврас аст, зеро ин бозии одӣ не, чизи дигарест.

Муддати дароз аз бозӣ дур будани инсони солим... Танҳо шахси дилшикаста, гирифтори ҷаҳолат, барвақт пиршуда, дилсиёҳ ва ё дилмурда ниёз ба бозӣ, шўхӣ ва хурсандӣ надорад.

Азоимхонӣ

Суханони аз нўги дирафшу дами табар тези «бо дугонаҳо ва дар ҳаммом дер нанишастан», «чизи туршмазаю намаки зиёд нахўрдан», — ҳақиқатан таъсири зўр доштанд. Онҳо на танҳо аз дарди дандон ҳифз мекарданд, балки «аз тири паррон, аз оҳани кўфташудаю нокўфтаи пўлоди кабуд, сурху сафед, тирҳои тафсон аз миси сурху сим, аз даррандаю устухонҳои вай, аз ҳар гуна пари парранда дар бешаю саҳро ва инсонҳои худию аҷнабӣ аз қабили русу тотор, мариҳову литвониён, немисҳо ва ҳамаи он қавмҳои осӣ ва душманону роҳзанҳо» эмин медоштанд.

Бисёр азоиму сеҳру ҷоду баъдҳо ба дуо табдил ёфтанд ва чунин истилоҳҳои динии масеҳӣ ба бутпарастӣ монанданд. «Худоё, ҳифз кун, бубахш маро ва дўстони деринаамро, тирро ба дарахт равон кун, парро ба парандагон, паррандаро ба осмон, ширешро ба моҳӣ, моҳиро ба баҳр, оҳану сурбро аз ман, фалон бандаи худо ва аз дўстони ҳамрозу аҳли ман ба модар-замин деҳ. Омин, омин, омин».

«Агар бо дуо кор буд мешуд, олам гулистон буд», — омадааст дар як мақол, аммо, ба ҳар ҳол, сухан шояд якҷоя бо дигар силоҳ ҳимоя мекард одамонро... Дуоҳоро ба забон оварда, инсонро бовар ба омади кори оғоз намудааш зиёд мешуд, дар вуҷуди хеш неруи маънавиро меафзуду худро ҷамъу ҷўр мекард. Дуои шикорчиён ба инсони бад, ки Н. А. Иванитский аз забони онҳо навиштааст, чунин садо медиҳад: «Бо дуо аз ҷой бармехезам, ба худ салиб кашида аз кулба бадар мешавам ҷониби дарвоза, аз дарвоза ба саҳро, ба анбўҳи бешазорон, ба ботлоқҳои ором, кўҳҳои баланд ва дар беша ҳайвонҳои хубро аз қабили санҷоб, савсор, харгўш, рўбоҳ, муши даштию паррандаи чипор, гургу хирс шикор мекунам. Дар баҳрҳои кабуд, кўлу рўдҳо ғозу мурғи қу ва мурғобии ашҳабиро мезанам. Ҳар як одами бади ба ман кинаю адоватдоштаро ҳангоми об нўшидан дар лаби баҳри кабуд рег ба ҷиғилдонаш равад, дар беша дарахтонро, ҳар шохчаи коҷу сиёҳбедро як-як шуморад, ба чашмонаш гавмиҷа рўяд, регсангро бо дандонҳояш биканад. Мисли он ки бо раҳмати худо тўфон бармехезаду бешаҳоро, дарахту гиёҳҳои хушку тарро зер мекунаду мешиканад, устухону банду буғуми он одами бад бишканад. Мисли он ки бо амри худо раъд меғуррад, тир аз паси шайтон мепарад, ҳамин гуна тир ба он инсони бад бирасад. Суханони ман, дақиқу бехато ба ҳадаф расед».

Ҳамчунин бисёр дуою азоимхонӣ бар зидди сўхтор, бемории чорпоён, ҳамчунин судҳои беадолатона ва чатоқкории шаҳриён мавҷуд буд. Тавре аён аст, аз азоимхонӣ барои кушоиши шикору ҷанг дар баробари занҳо мардон низ истифода мекарданд, аммо баъдҳо фақат занон ба ин кор шуғл варзиданд.

Дар қадим таъсири азоимхонӣ мисли имрўза гипноз моҳияти равонӣ ва худилқокунӣ доштааст. Бисёр азоимҳои рўзмарраи иҷтимоӣ бевосита пеш аз ин ё он амал пайдо шудаанд. Масалан, пеш аз ширдўшӣ кадбону нимшунаво ба гўши гов пичиррос мезад: «Вақте ки ман, бандаи худо Катерина, туро меҷўшам, қарор биист мисли кўҳи баланд, шир бидеҳ мисли дарёи равон, ист наҷунб, дум наҷунбон, поятро монугир накун».

Чистон

Шабҳои замистон, агар рақсу бозӣ набошад, ҳангоми суҳбат чистонгўӣ барои завқовар шудани машғулиятҳо ёрӣ мерасонд. Кўдакону наврасон дар дилхоҳ вақт на танҳо худашон ба ин кор машғул мешуданд, балки калонсолони кони чистонро низ, ҷалб менамуданд. Гуфтани чистони куҳнаю ба ҳама шинос ҷолиб набуд, аммо ёфтани ҷавоби чистони ношинос ва ё алҳол бофта хеле душворӣ пеш меовард. Бино бар ин шахси чистонгўянда таваҷҷуҳи ҳамаро бармеангехту бетоқат мекард ва дар охир одатан худаш посух медод. Воқеан, ку биёбед, масалан, дар чунин чистон кӣ бо кӣ гап мезанад: «Эй каҷаку айёр, куҷо гурехтӣ? Ришу сар тарошида ё не, парвоят панҷсер». Дар ёфтани ин чистон ҳатто одами зирак ҳам дарҳол дарёи печонро дар марғзору саҳрои даравшуда пеши назар оварда наметавонад. Савол: Аз беша баланду аз мўй борик чист? Азбаски ҳозир сухан аз табиат рафт, ба ин савол посух додан осонтар. Шамолу об ҳатто дар афсонаҳо ҳам қаринанд. Аз иттиҳодашон фаҳмидан душвор нест, ки «бо кадом роҳ нимсол пиёда мегарданду нимсол савора».

Вақте ки дарёро замистон ба ёд меорӣ, ҳатман шикофтани ях ба ёдат меояд: «Шишаи тирезаи гирда рўзона шикастаю шаб боз бутун». Агар баъд аз ин боз бипурсед, ки «чист, ки решааш аз боло месабзад?» шояд ягон одами ҳозирҷавоб пайдо шуда мегўяд, ки ин шўша аст.

«Кадом алафро нобино ҳам мешиносад?» — мепурсад бибӣ аз наберааш ва медонад, ки баъди чанд лаҳза нидои пуршавқу завқ баланд мешавад: «Газнаро!». Чистон дар бораи хурўс — «Ду бор ба дунё омада, боре ҳам таъмид карда нашудаасту аввалин сарояндаи олам» — метавонист хаёлоти одами калонсолро таҳрик диҳад. «Ду бародар бо як камарбанд миён бастаанд». Ин чистон танҳо дар Шимоли Россия, ки асоси тавора — ду мехи чўбин бо химча печонида шудааст, маъно дорад.

Баъзе чистонҳо мисли зарбулмасал садо медиҳанд ва, баръакс, баъзе мақолҳоро чун чистон истифода кардан мумкин. Ҳамчунин чистонҳои думаънидор низ буданд, ки андаке қабеҳ ба гўш мерасиданд. Дағалии ин гуна чистонҳоро мазмуни пандомези онон нарм мекард.

Чистонҳои шўхиомез аз қабили «Гурба дар тоқчаи тиреза нишастааст, думаш низ мисли гурба, аммо гурба не» дар ёфтани чандин муаммою масъалаҳо аз қабили «Паррандаҳо парвоз мекарданд ва бояд барои нўл зада хўрдан фуруд меомаданд. Агар онҳо дутоӣ дар ду дарахти тўс нишинанд, як дарахти тўс бе парранда мемонад, аммо агар яктоӣ нишинанд, яктояшон ҷои нишаст намеёбад. Чанд парранда парвоз мекарду дарахти тўс чандто буд?» замина мегузошт.

Қаҳрамонони афсонаҳои халқӣ низ ба якдигар чистон мегуфтанд...

* Фуркалка, фурчалка — бозичаи маъмулии бачаҳои рустоӣ, ки аз устухони хук ва ресмони бо ҳалқа дарозкардашуда таркиб ёфта буд, ки дар ҳарду канораш ҳалқаҳо ба даст меомаданд. Ном аз садои хоси ин бозича бармеояд.
**Воқеан ҳама бозию машғулияти бачаҳои рустоӣ ҳаваскорона ва дар аксари рустоҳои куҳна ташаббускору ташкилкунандагони бозиҳо сокинони ҳамон деҳаҳо буданд... Дар баъзе ҳолатҳо барои машғулияту вақтхушӣ ҷамъ овардани маблағу заҳмати зиёд, мисли сохтани арғунчак, лозим буд. Ҳамаи ин ба тариқи ҳашар анҷом дода мешуд. Асбобҳоро барои машғулияти кўдакон худи наврасон месохтанд. Масалан, лох (кўҳи сунъии барфӣ)-ро худи бачаҳо бунёд мекарданд. Ин кори осон набуд, зеро даҳҳо метри мукааб барфу садҳо сатил об мерехтанд ҳангоми сохтани он. Ҳама асбобу анҷоми барои бозӣ зарур дастсохт буд. Тўби резинӣ танҳо солҳои 20-ум пайдо шуд. То ин вақт бо тўби дастсохт бозӣ мекарданд. Аз латта, баъзан аз чарм устокорона тўбҳои мустаҳкаму таранг медўхтанд». (Аз мактуби хонанда А. М. Кренделева)
***Дар ин бозӣ бояд аз масофаи муайян бо чўбдаст муҷассамаҳои хурди чўбинро зада, аз даруни хонача (шаҳр)-ҳо берун кард.