Крохотки

Коҷ

Чӣ аҷиб дарахте! Аз он ки пӯшида аз баргҳои сӯзанияш мебинем, аз оилаи сӯзанбаргҳост? Аммо на. Тирамоҳ мерасад, дарахтони паҳнбарги атроф хазон мешаванд, гӯё мемиранд. Он гоҳ — аз рӯи дилсӯзӣ? Танҳоятон намегузорам! Ҳамнаслонам бе ман ҳам бар ҷой мемонанд, — вай ҳам баргрезон мешавад. Боз чӣ гуна бо дилагрмӣ ва мутантан, — мисли шарорапошии офтоб. Мепиндоред, ки дилаш, дилааш нарм аст? Боз ҳам на. Бофти чӯбии коҷ дар ҷаҳон аз ҳама устувортарин аст, дами ҳар табаре ба он намегузарад, рӯи об намемонад ва зери об ҳам намепӯсад, балки мисли санг маҳкаму сахт мегардад.

Ва албатта, баҳорон дубора бармегардад, ҳар сол чун ҳадяи ғайричашмдошт ва як гармои форам, — бидонед, ба мо як соли дигар фурсат доданд, дубора метавон сабз шуд ва боз назди хешон баргашт, бо баргҳои сӯзании абрешимӣ.

Ин гуна инсонҳо низ ҳастанд.

Соиқа

Танҳо дар китобҳо хондаву ҳеҷ гоҳ ба чашми сар надида будам, ки соиқа чӣ гуна дарахтонро мешикофаду мешиканад.

Ва охир дидам. Ҳини тундари нимрӯз буд, — дурахши озарахш тирезаи кулбаи моро пур аз равшании зарине кард ва дар ҳамон лаҳза, як сонияи пурра ҳам нагузашта, ғурриши раъд баланд гашт: дар фосилаи дусад-сесад қадам аз хонаи мо, ё дуртар?

Тундар гузашту рафт. Воқеан дар ҳамин наздикиҳо, дар дарахтзори канори ҷангал барқ аз миёни коҷҳои сар ба осмон дарахти зисфуни на он қадр болобаландеро баргузида буд, — аммо барои чӣ? Соиқа аз боло, андак поёнтар аз сар, — қад-қади тана, аз миёни дилаи зинда ва пурумеди дарахт гузашта буд. Вале зӯраш нарасида, то таг нарафта, — лағзида? хушкида?.. Танҳо дар наздикии бехи нимсӯхтаи зисфун заминро андак шикофида, ҳо, парахаи бузургеро ҳам панҷоҳ метр он тарафтар паронда буд. Як пораи танаи дарахт то ним ба як ҷониб афтида, ба шохаҳои дарахтони бегуноҳи ҳамсоя такя зада буд. Пораи дигар — боз як рӯз тоб овард, рӯи по истод, — бо кадом неру? — қариб пурра шикаста ва шикофи бузурги дутарафае дар он падид омада буд. Баъдтар он ҳам дар самти худ, болои душохаи меҳрубони як хоҳари қоматбаланди дигар афтид.

Мо инсонҳо ҳам ҳамин гунаем, аммо ба тарзи худ: вақте зарбаи азоби виҷдонро дарк мекунем, он аз тамоми вуҷудамон мегузарад ва ба дарозии тамоми умр меравад. Баъзеҳо пас аз ин ҳам рӯи по мемонанд, бархеи дигар на.

Ноқуси Углич

Кадоме аз мо дар бораи ин ноқус нашунидааст, ки дар пайи ҷазои ваҳшиёна аз забона ва як гӯшак маҳрум гашта буд, то дигар ҳеҷ гоҳ дар баландии манораи калисо ҷой нагирад. Ба болояш, онро дарракӯбӣ кардаву бо фойтун ба дурии ҳазор чақрим, ба Тоболск, бадарға намуданд, ба ин роҳи дуру дароз на аспҳо, балки угличҳои ҷазогирифта бори маҳкумшударо кашида бурданд. Бале, угличиҳо, — ба замми он дусад тани барои пора-пора кардани одамони давлат (қотилони шоҳзодаи хурдакак) ба қатл расида. Забони ин угличиҳоҳоро ҳам бурида буданд, то хабари рухдоди шаҳрро набаранду ба тарзи худ шарҳ надиҳанд.

Ба Сибир баргашта, дар арки Тоболск, дар калисои хурди алоҳида ҷои холишудаи ноқуси бадарғашударо дидам, — маконе, ки вай сесад соли табъиди худро, то даме, ки ба баргаштан авф шуд, дар он паси сар карда буд. Ана, ман акнун дар Углич, дар калисои Дмитрийи хуншор. Ва ноқус агарчӣ бистпуда аст ва баробар ба ними қади одам, дар ин калисо ба гӯшаи ифтихорие насб гардидааст. Нуқрааш то ҳадди рангпаридагӣ сафед шуда, кӯбакаш ноҷунбон овезон. Ва ба ман пешниҳод мекунад, — бизан!

Як зарба мезанам. Ва чи ғулғулаи ҳайратангезе дар калисо доман мегустарад. Ин садои иборат аз тобишҳои амиқ аз гузаштаҳо барои мо — ҷонҳои бехирадона шитобон ва тираву торик чӣ қадр сермаъност. Ҳамагӣ як зарба. Ним дақиқа идома меёбад, то як дақиқа тӯл мекашад ва оҳиста-оҳиставу бузургворона хомӯш мешавад, — то пурра аз миён рафтан чандсадоии рангорангашро гум намекунад. Гузашагон асрори филизотро хуб медонистанд.

Дар нахустин лаҳзаи шунидани ин хабар, ки шоҳзодаро гардан буридаанд, ходими зангӯлазани калисои ҷомеъ ҷониби манора давид, зиракона аз паси худ дарро баст, ва ҳар қадаре, ки душманон дарро кӯбиданд, бас накард, бо кӯбак ана ҳамин зангӯларо заду зад. Доду фарёду тарсу ваҳми мардуми Улич ба ҳаво хест, — зангӯла он гаҳ аз тарси ҳамагонӣ аз тақдири мулки Рус хабар медод.

Садои раъдмонанди ноқус ҳушдор аз хатари бузург буд ва даврони Ошуфтагии аввалро пешгӯӣ мекард. Акнун ба ман ҳам муяссар гашта, ки ин ноқуси азиятдидаро бизанам, — дар замони фаноёбии Ошуфтагии Сеюм. Ва аз муқоиса ҳам роҳи гурез нест: изтироби ояндабинонаи мардумӣ танҳо монеаи аламбор ба тоҷу тахт ва боярҳои беғайрат аст. Чи чорсад сол пеш ва чи ҳоло.

Бурҷ

Агар мехоҳед бо як нигоҳ ва дар як чашмандоз Русияи нимағарқшудаи моро бубинед, фурсати тамошои манораи Калязинро аз даст надиҳед.

Вай дар саҳни калисои ҷомеъ, дар маркази шаҳристони пурравнақи тиҷорӣ, наздикии бозор воқеъ буду ба майдони пеши он кӯчаҳои иборат аз иморатҳои дуошёнаи савдогарон омада мерасиданд. Ягон ғайбдон он замон пешгӯӣ карда наметавонист, ки рӯзе аз се ду ҳиссаи ин шаҳри куҳани тохтутози бераҳмонаи тоторҳо ва полякҳоро паси сар намуда, дар ҳаштумин асри мавҷудияти хеш ва бо иродаи ҷоҳилонаи ҳокимони бехирад зери оби Волга мемонад. Бунёди садди дуюм ҳама чизро наҷот дода метавонист, аммо болшевикҳо дар сохтани он хасисӣ карданд. (Хайр чӣ? Молуга куллан зери об аст-ку!) Ва имрӯз дар назди хати соҳил истода, ҳатто дар тасаввурат ҳам наметавонӣ ин Китеж ё Атлантидаи дар банд уфтодаро аз жарфои симетрии об берун бикашӣ.

Аммо аз шаҳри ғарқшуда манораи баланд чун нишон боқӣ мондааст. Калисоро мунфаҷир кардаву хиштҳои онро барои бунёди ояндаи мо кашонидаанд, — аммо аз чӣ сабаб бошад, ки бурҷро нағалтонидаанд, ҳатто пурра ғарқ накардаанд, гӯё муқаддас ё бинои ҳифозатшаванда бошад. Ҳоло манора берун аз об мондааст, бо маҳкамтарин меъморӣ аз хиштҳои сафед, бо шаш табақае, ки ҳарчӣ болотар мераванд, тангтар мешаванд (якуним табақа зери об қарор дорад). Солҳои охир барои нигаҳдории девораҳо қисмати поини онро сангчин кардаанд, Бурҷ истодааст бе ҳеҷ тоб патрофтану каҷшавӣ, бо панҷ равоқи шамолгузар ва гунбаду тири он — ба сӯи ба осмон! Сари тир — ба чӣ муъҷизае? — салиб солим мондааст.

Аз киштиҳои бузурги шиновар дар Волга, ки агар аз дур бингарӣ, баландияшон ба ним табақаи манора ҳам намерасад, мавҷҳо омада, ба девораҳои сафед бармехӯранд ва панҷоҳ сол боз мусофирони шуравӣ аз саҳни онҳо ин манзараро тамошо мекунанд.

Дар кӯчаҳои солиммондаву ғамандуди шаҳр қадам мезаниву хонаҳои аллакай каҷу валангоршудаеро, ки аҳолии маҳалҳои зериобмондаро дар онҳо ҷой додаанд, мебинӣ ва мепиндорӣ аз миёни захмиён мегузарӣ. Занҳои клязинӣ, ки то ҳанӯз ихлосмандии дерини худро ба латофат ва покии оби Волга ҳифз кардаанд, ба соҳилҳои маснуӣ барои обгардон намудани либосҳои шустаи худ мераванд.

Нимаяхкарда, дарҳамшикаста, шаҳри ниммурда, бо боқимондаҳои андаке аз биноҳои бошукуҳи қадим. Аммо дар ин гӯшаи аз назарҳо дур афтода одамони бесоҳибу фиребхӯрда ба ҷуз зистан интихоби дигаре надоранд. Зистан ва дар ҳамин ҷо.

Ва барои онҳо, барои ҳамаи касоне, ки боре чунин муъҷизаро дидаанд, аз ҳама муҳим ин аст, ки бурҷ ҳанӯз побарҷост! Мисли умеди мо, чун дуои мо: на, Худованд раво намебинад, ки тамоми сарзамини Рус ғарқ бишавад.

Пиршавӣ

Дар бораи даҳшати марг чи қадр бисёр навиштаанд, аммо агар бо хушунат набошад, он ҳалқаи табиие аз занҷираи зиндагии мост. Ба ёд меоварам шоири юнониеро аз урдугоҳ, ки маҳкум ба марг буд, беш аз сӣ сол дошт ва ҳеҷ нишоне аз тарси рӯбарӯойӣ бо марг дар табассуми нарму ғамгинаш ба чашм намерасид. Ман аз ҳоли ӯ дар ҳайрат будам. Вале вай мегуфт: «Пеш аз омадани марг дар вуҷуди мо омодагии ботинӣ рух медиҳад: ба марг комилан тайёр мешавем. Дар ин ҳол ҳеҷ чизе дигар ваҳмангез нест».

Ҳамагӣ як сол аз миён гузашта буд, ки ман ин ҳамаро дар худ таҷриба кардам, дар сиву чаҳор солагӣ. Моҳ ба моҳ, ҳафта ба ҳафта, ба марг гароиш менамудам, омӯхта мешудам, дар омодагӣ ва тансупорӣ аз ҷисми хеш пешӣ мегирифтам.

Воқеан чи содаву осон ва чи одилона аст, агар солхӯрдагӣ моро тадриҷиву ба оҳистагӣ сӯи марг бибарад. Пирӣ ҳаргиз азоби Худо нест, баракату неъмат ва рангҳои гарми худро дорад.

Чӣ хушоянд аст дидани кашмакашу ҳаёҳуи кӯдаконе, ки тоза устуворӣ ва хислат касб мекунанд. Ҳатто кам шудани қуввату мадорат низ метавонад завқбахш бошад. Муқоиса мекунӣ: пас ман ҳам қаблан чӣ гуна мисли асп қавӣ будам.

Дигар тобу тавон надорӣ, ки рӯзи дароз кор кунӣ, аммо лаҳзае осудан ва истироҳати кӯтоҳи зеҳну ҳушат низ ширин аст, ва боз рӯшании субҳи дувум ё сеюм дар рӯз туҳфаи дигар. Ва оромиши руҳ низ: — худдорӣ дар хӯрдан, ба маззаи ғизоҳо аҳамият надодан, хӯрданиҳои гуногунтамъ наҷустан: ту ҳанӯз зиндаӣ, аммо аз моддиёт, аз ҷисм болотар меравӣ.

Овози маҳини саричаҳои ғазалхон дар ҷангали нимабаҳори барфпӯш бароят ду баробар ширинтар аст, зеро медонӣ, ки ба зудӣ дигар ин нағмаҳо ба гӯшат нахоҳанд расид, пас лаззат бибар. Ва чӣ ганҷи шойгоне ҳам ҳаст, ки касе аз ту гирифта наметавонад — хотирот. Шахси ҷавон аз он маҳрум аст, ба назди ту бошад, ҳамаи хотираҳо худашон меоянд, ҳамарӯза, дар ҳоли гузариши оҳиста-оҳиста аз шаб ба рӯз ва аз рӯз ба шаб пораҳои зиндае суроғатро мегиранд.

Пиршавии табиӣ роҳ на ба зер, бал бар фароз аст.

Танҳо Худо накунад, ки пирӣ дар тангдастӣ, фақр ва сармо ба суроғамон наояд.

Он гуна, ки мо хеле аз пиронамонро раҳо кардаем...

Алафҳои бегона

Як барзгар чӣ заҳматҳое намекашад: нигаҳдории тухмӣ то мавсим, кишти дурусту муносиб, нигоҳубин то замони бар додан. Аммо алафҳои ҳарз бо суръати ваҳшиёна аз хок сар мебароранд, — на танҳо бе ягон парваришу нигоҳубин, балки алайҳи ҳар гуна муроқибат, бо тамасхур. Мисли ҳамон мақол: алафи бегона ба зудӣ намехушкад.

Ва аз чист, ки гиёҳҳои фоидаовар ҳамеша қувваи камтар доранд?

Ба таърихи бебадали башар дида медӯзӣ, чи дар рӯзгори дури гузашта, чи дар ҳамин рӯз ва бо андуҳ сар фурӯ меафканӣ: бале, бояд донист, ки ин қонуни умумибашарист ва мо аз доираи он ҳеҷ гоҳ берун омада наметавонем, на бо ҳеҷ хаёлпардозӣ ва на бо ҳеҷ чораандешӣ.

То абад.

Ва ба ҳар одаме, ки ба дунё омада, танҳо ду чиз дода шудааст: кору руҳи худаш.

Субҳ

Шабона ба руҳи мо чӣ иттифоқ меафтад? Дар беҳаракативу беҳиссии ҳини хоби ту вай гӯё раҳо аз тан озодие дармеёбад, аз кадом як фазои пок убур мекунад, аз ҳар чизи беарзише, ки ба ӯ часпида, ӯро дар рӯзи гузашта чин кардааст, ҳатто дар солиёни гузаштаи зиёд низ, раҳо мешавад. Ва бармегардад бо сафедии барфгун. Ва ба рӯи ту ҳолати субҳгоҳии бисёр орому рӯшанеро мекушояд.

Дар ин лаҳзаҳо чи фикрҳое мекунӣ! Чунин менамояд, ки ҳоло бо фаросат ва басирати ғайримунтазир ногаҳон чизеро дарк хоҳӣ кард, ки ҳаргиз нафаҳмидаӣ, чизеро, ки... Хомӯш мешавӣ, дар ҷоят ях мебандӣ. Гӯё дар ту ана-ана чизе қад мекашад, ки онро дар худат қаблан надида будӣ, ҳис накарда будӣ. Қариб нафас накашида, он ҷавонаи дурахшонро, нӯги савсани сафедеро, ки аз сатҳи дастнахӯрдаи оби абадӣ берун хоҳад омад, даъват мекунӣ ба боло.

Чӣ пурфайзанд ин лаҳзаҳо! Ту болотар аз худат ҳастӣ. Ту чизи бисёр хуберо метавонӣ кашф кунӣ, ҳал намоӣ, — танҳо бояд ин сатҳи кӯлчаи дар вуҷудат пайдо шударо ба ҷунбиш наорӣ, ба таппишу изтироб наандозӣ.

Аммо чизе ба зудӣ ҳатман он сатҳи ҳассосро сахт такон медиҳад, мешиканад, рахна мекунад. Гоҳ амали бегона, сухани бегона, гаҳе амалҳои ночизи худат. Ва ин ҷоду гум мешавад. Дар як чашм ба ҳам задан он беҳаракатӣ ва оромии ҳайратангез аз байн меравад, он дарёча ҳам.

Ва тамоми рӯз ҳарчанд мекӯшӣ, ин ҳолатро дигар дарёфта наметавонӣ.

Бале, на дар ҳар субҳ ҳам.

Парда

Бемории дил тимсолест аз худи зиндагии мо: роҳаш аз торикии комил аст ва мо рӯзи охирашро намедонем: шояд, ана, дар остони хона аст, мумкин ҳанӯз дар дуриҳо.

Вақте омоси хавфноке дар танат калон шудан мегирад, — агар худро фиреб надиҳӣ, метавонӣ замони ногузири бароят боқимондаро ҳисоб бикунӣ. Аммо ҳини бемории дил гоҳо ба тарзи фиребанда тандуруст менамоӣ, маҳкум ба марг нестӣ, ҳатто гӯё ба ту ҳеҷ чизе нашудааст, ранҷе нест.

Муборак аст ин бехабарӣ. Чи ҳадяе каримона.

Аммо дар марҳалаи авҷи бемории қалб ба назарат чунин менамояд, ки дар утоқи ба марг маҳкумшудагон нишастаӣ. Ҳар шом мунтазирӣ, ки оё шарфаи пойе ба гӯш мерасад? — Ба суроғи ман омадаанд?

Аз тарафи дигар, ҳар субҳ чи неъмате, чи таскине: ана, боз як рӯи комили дигар Худованд ба ман арзонӣ дошт. Чи қадр, чи қадр метавон зист ва чи корҳое метавон кард дар тӯли танҳо ин як рӯз!

Говгум

Расми маъмул дар манотиқи ҷанубии Русия — шомнишиниро хуб дар хотир дорам. Дар торикӣ нишастану истиқбол гирифтан аз шом. Он аз замонҳои қабл аз инқилоби Октябр ба мо расида, шояд дар солҳои бебаракат ва пурхатари ҷанги шаҳрвандӣ тақвият ҳам ёфта. Аммо ин суннати дерин аст. Аз ҳамон гармои чандмоҳаи шомгоҳони ҷануб маншаъ гирифта? — бисёриҳо одат карда буданд, ки дар афрӯхтани чароғ саросема нашаванд. Қабл аз торик шудани ҳаво ба корҳояшон, ба чаҳорпоҳояшон расидагӣ мекарданд, аммо ба хоб рафтан майл надоштанд. Аз хона берун меомаданд, ба суффачаҳои канори кулбаҳои хеш ё ба нимкатҳои чӯбии ҳавлӣ ва кӯчаҳо менишастанд, гоҳо ҳамту дар хона назди тирезаҳои кушода меистоданд, — бе шуълаи оташ чизҳои резаву беарзиш ба дид намеоянд. Хомӯш менишастанд. Ҳама гӯё ба фикру хаёлот фурӯ мерафтанд, дурудароз сукут меварзиданд. Ва ҳар касе ҳам даҳон мекушод, оромона, бе дағалӣ, ҳарфи дигареро набурида гап мезад. Аз чӣ сабабе дар суҳбатҳои онҳо дар ҳеҷ кас шӯру шавқи баҳс, таънаву неш задан ё ҷанҷол кардан бедор намегашт. Чеҳраҳо тақрибан нопайдо, баъдан аслан ба назар наменамуданд, — ва он гоҳ чизҳои ноошно дар он симоҳо ошкор мешуданд, низ дар садоҳо, ки солҳо аз таваҷҷуҳи мо дур монда буданд.

Ҳисси аҷиби ягонае ҳамаро фаро мегирифт, ки барои мо ноошност. Он аз осмони тирагуни шомгоҳӣ ором фурӯ меомад, бо ҳаво меомехт, ва аз тирезаҳо дарун мерехт, — ҳамон асли воқеӣ ва маънои нокушодаи зиндагӣ, ки банди ташвишҳои рӯзона ба он диққат намедиҳем. Даст задан бо муаммои аз назархо дур монда.

Ҷеғи хурӯс

Бо матрук гаштан ва рӯ ба харобиву нобудӣ овардани деҳаҳоямон мо ба ёд овардани ҷеғи гуногунсавти нисфирӯзии хурӯсонро ҳам фаромӯш кардаем, наслҳои нав аслан онро ҳеҷ гоҳ нашунидаанд. Аз ин ҳавлӣ ба он ҳавлӣ, аз он сӯи кӯча, аз паси ҳар тавора, дар тобистони офтобӣ, — ҳайратангез аст ин нағмаи фотеҳонаи зиндагӣ.

Руҳи одамӣ аз камтар чизе чунин оромиш меёбад. Ин овози равшан ва ларзону ширадор, ки бо ҳеҷ садои ғайре омехта намешавад, ба мо мерасонад, ки дар гирду атроф тинҷиву амонист, оромии халалнопазир ҳукмфармост. Чун ҳамин гуна рӯзи ҷорӣ то ин лаҳза расид, пас, барои чӣ ба ҳамин зайл идома наёбад? Сари машғулиятҳои созандаи худ бимонед.

Ана, хурӯс куҷое ҳамин гӯшаву канор мағрур мехиромад, шояд сафеду норинҷист, бо тоҷи сурхи баҳодурона.

Фориғ аз гам рӯи пост.

Мо низ бояд ҳамин гуна бошем.

Андешаҳои шабона

Дар урдугоҳ рӯзи дароз устухонҳоятро аз кори бисёр реза-реза мекунӣ, хаставу шалпар мешавӣ ва саратро ба болишти пахолӣ гузоштан замон аллакай мешунавӣ: — Бархезед!! Ба ҳеҷ ваҷҳ андешаҳои шабона ба суроғат намеоянд.

Аммо дар зиндагии имрӯзаи пуризтироб, беарзишу гирдгардони мо — давоми рӯз афкорамон пухта намерасанд ва гузошта ё партофта мешаванд ба баъдҳо. Аммо шабона онҳо бармегарданд, то ҳаққи худ ситонанд. Ҳамин ки дар пардаи зеҳни ту андаке шикоф афтод, кофист, то ошуфтаву ба ҳамдигар навбат надода, ба ту ҳуҷум оваранду ҳуҷум. Ва оне ки бадзаҳртару густохтар аст, барои газидани ту пешопеши дигарон тоб мехӯрад.

Аммо устувории ту, шаъни ту ин аст, ки ба ин гирдбодҳо таслим нашавӣ, баръакс ин сели сиёҳро мутеъ гардонӣ ва онро ба сӯи чизе равона созӣ, ки солимӣ бахшад. Ҳамеша фикре ҳаст, ва на якто, ки тири меҳварии оромиш рӯи онҳост, — он гуна ки дар реактори атомӣ тири меҳварии пешгирикунанда аз инфиҷорро ба ҳаракат медароранд. Танҳо лозим аст, ки ҳамин гуна тири меҳварӣ, партави наҷотбахши илоҳӣ дошта бошем, ё биёбем, аз қабл муайянаш намоем ва ба он чанг бизанем. Он гоҳ руҳу зеҳнамон пок мегардад, гирдбодҳо канор мераванд ва дар бехобиҳои тӯлонӣ андешаҳои наҷиб ва бузург ба сарамон меоянд, ки дар миёни ташвишҳои рӯзона дастрас нестанд.

Ва бояд сипос ҳам гуфт ба бехобӣ: аз ин дидгоҳ, ки ҳатто ба ҳалли мушкилтарин масъала низ метавон расид.

Соҳибихтиёрӣ.

Фотиҳа ба гузаштагон

Инсонҳои муқаддас бо хиради волои хеш ин амрро ба мо васият кардаанд.

Дар айёми шӯру шавқи ҷавонӣ, ки дар канори наздикону пайвандон ҳастӣ, ба дарки ин мавфҳум намерасӣ. Аммо бо гузашти солҳо хоҳӣ фаҳмид.

Падару модар рафтаанд, ҳамсолон мераванд. Куҷо? Ба назар, дарнаёфтанист, аз доираи дарки мо берун аст. Вале ёди рафтагон ба гунае ошкоро медурахшад ва ба мо хотирнишон месозад, ки— не, онҳо аз байн нарафтаанд.

Ва мо то замоне зиндаем, аз ин бештар дониста наметавонем. Аммо фотиҳа ба руҳи рафтагон равоқи ноаёнеро дар вусъати коинот аз сӯи мо ба ҷониби онҳо, аз тарафи ишон ба самти мо боз мекунад, наздикии номаҳдуд фароҳам меорад. Бале, ана, инҷостанд, қариб дастат мерасад. Ва онҳо ҳам барои мо ноошно ва ҳам мисли қабл муқаррарӣ менамоянд. Аммо дар синну сол ақиб мондаанд. Касе, ки аз мо калон буд, дигар ҷавонтар аст.

Агар зеҳн монӣ, баҳо, андешаҳо, душвориҳову ҳушдорҳояшонро дар худ ҳис мекунӣ. Ва дар иваз ҳарорати заминии хешро ба онҳо мефиристӣ: мумкин мо низ ба онҳо мададе расонем.

Ва ваъдаи дидор.