Шаҳраке, ки бофтам, бо одамакҳо карда ҷо...

* * *

Шаҳраке, ки бофтам, бо одамакҳо карда ҷо,
шаҳраке, ки абрҳо андохтам бо азми худ,
гашт вайрон, чунки бо андешаҳое зистем,
умр кӯтоҳ асту бояд буд зуд.

Бишканад мусиқӣ, бо сад ҷаҳди хунёгар.
Шабфурӯзакҳо фурӯзон нестанд аз дур.
Нозанин дар чашми мо дар пеши оина
Мешавад бенур.

Айби ман шуд, ман хато кардам, ҳама бишкаст,
рафт кор аз кор илоҷе нест, нест,
аз хиёбони хазонрезон равонам ман
боди тунд аз пушти ман бо баргҳо бархест.