Авиатор
(пора аз роман)
Баъди хўроки пешин Гейгер рафт. Ўро вақти даромадани Валентина, дар даҳлез дидам, ки дар тан палтову дар даст телпак дошт. Садои дури қадамҳояшро аввал дар ошёнаамон, баъд дар зинаҳо шунидам. Ду рўз боз аз Валентина хоҳиш накарда будам, ки дар паҳлўи ман хобад, ҳарчанд ки дер боз инро орзў доштам. Ба иҷозаи Гейгер (ва ё ба рағми он?) нигоҳ накарда, акнун хоҳиш намудам.
Инак, ў дар паҳлўи ман, дасташ дар дастам аст. Қабзаи мўяш гўшамро мехоронад. Фикре оромам намегузорад, ки ин кори маро мебинанд. Аз он наметарсам, ки ягон кори дигари лоиқи маҳкумкунӣ, ҳатто кори айбамон ба чашми одамон меафтад, аммо ин кор... Чунон нозук, чунон ҳаяҷонбахшу номафҳум аст он, ки гумон мекунӣ замоне аллакай рўй дода буд. Аз Валентина мепурсам, ки чунин ҳолат бо ў рўй дода буд ва хотираҳои парешоне, хотира ҳам не, ягон тахмину гумон дар ин хусус дорад? «Не, — ҷавоб медиҳад, — набуд, ягон бор бо чунин ҳолат дучор нашудааст, хотира аз куҷо?»
Лекин бо ман воқеъ шуда буд чунин ҳолат, набофтаам, охир, онро. Ана ҳамин хел, даст ба дасту рў ба рў беҳаракат рўи кат мехобидем. Он вақт туфамро ҳам фурў бурда наметавонистам — метарсидам, ки садои фурў бурданамро мешунавад, аз ин рў, қасдан месулфидам, ки он садоро пинҳон кунам — ана, ҳамин хел ғайриодӣ буданд муносибатҳои мо. Аз қарс-қарси пайвандҳои баданам низ метарсидам, чунки ҳама назокату латофати муносибатҳоямонро барҳам зада метавонист. Чизе ҷисмонӣ набуд дар он муносибатҳо. Барои ман оринҷи дасташ, як ангушташ, нохуни чун пулакчаи садаф ҳамвору гулранги ангушташ кофӣ буд.
Менависаму дастам меларзад. Оре, аз бемадориву таб, лекин бештар аз шиддати бузурги эҳсос. Ва боз аз он, ки ҳама чизҳои боқимондаро хотира аз ман пинҳон медорад. Чӣ буд ин?
— Чӣ буд ин? — ашкрезон дод мезанам сўи апаам Валентина. — Барои чӣ хушбахтии ҳаётам пурра ба ёдам намеояд?
Валентина лабҳои сардашро ба пешонии ман зер мекунад.
— Шояд барои он ки он вақт хушбахтӣ маънои худро гум мекард.
Шояд. Вале барои инро фаҳмидан бояд ҳама чизро ба ёд овард.
Ба ёд меорам. Роҳи трамвай дар рўи дарёи яхбаста. Трамвайи барқии аз соҳил ба соҳили дигар равон, харакҳои қад-қади тирезаҳои он. Нигоҳи роҳбалади қатора тўфону тирагиро мешикофад, лекин соҳили дигар ҳанўз намоён нест. Чароғҳо базўр роҳро равшан мекунанд ва зери нури ларзони онҳо ҳар ноҳамвории рўи ях, тарақ ё шикастгоҳе менамояд. Роҳбалад саропо гўшу ҳуш аст, касест ў, ки аз ҳама баъд ноумед мешавад. Кондуктор ҳам қавирўҳ аст, лекин қулт-қулт аз зарфакаш нўшида, ҳушёр намудани худро фаромўш намекунад, чунки сармо ва ин манзараи маҳтобӣ ҳар касеро ҳам пахш карда метавонад, кондуктор бошад, бояд худро бедору ҳушёр нигоҳ дорад. Билетҳоро панҷтинӣ фурўхта, бо дастони яхбастааш канда мегирад. Дар зер — даҳ сажен* об, атроф пур аз бўрону тўфон, аммо киштии беҷони ў, ин чароғаки рахшони рўи ях сўи мақсади худ — ба лангари бузурги дар тирагӣ гум мешитобад. Ин лангару ин дарёро мешиносам ман. Ва акнун медонам, ки дар кадом шаҳр мезистам.
Панҷшанбе
Охир, ман Петербургро бисёр дўст медоштам. Аз дигар ҷойҳо ба оғўши он баргашта, хушбахтии аён эҳсос мекардам. Созгории он дар нигоҳи ман ба бенизомие муқобилат мекард, ки аз кўдакӣ маро метарсонду нороҳат менамуд. Ман акнун наметавонам, ки рўйдодҳои ҳаётамро, тавре ки мебояд, барқарор кунам. Танҳо ёд дорам, ки ҳар гоҳе мавҷҳои он бенизомӣ бесаранҷомам менамуд, хаёли Петербург, ҷазираи умеде, ки он мавҷҳоро бармегардонд, наҷотам медод.
Валентина сўзандору гузаронд. Ким-чи хел витамин будааст. Аз шиддати дард сарунўги андешаамро гум кардам.
Ҳа, ба ёдам омад — низом, ҷиддият. Ана, ман бо падару модарам — ман дар байн, онҳо аз ду тараф дастамро гирифтаанд ва мо аз кўчаи Театр сўи Театри Александр равонем. Мо худ таҷассуми тартибу низомем. Мо равонем ва падарам ба ман мегўяд, ки масоҳати байни хонаҳо ба баландии онҳо баробар аст ва дарозии кўча аз баландии хонаҳо даҳ баробар бештар.
Бинои театр торафт бузургтар мешавад, наздиктар меояд, ба дил воҳима меорад. Осмон пур аз абрҳо мешавад. Боз як чиз: кўчаро баъдан номгардон карда, унвони безебе доданд. Чӣ лозим буд он?
Ҳамчунин, сўхтор ба ёдам омад. Худи сўхтор не, балки чӣ хел барои хомўш кардани он рафтан. Аввали тирамоҳу охири рўз буд. Тозон, дар аспи саманд. Чун фариштаи Апокалипсис** сурнай ба лаб. Сурнай менавозаду барои аробаи сўхторнишонҳо роҳ мекушояд ва ҳама шитобон парешон мешаванд. Арорбакашҳо аспҳоро тозиёна мезананду ба канори роҳ мекашанд ва ба сўхторнишонҳо нигариста, дар ҷои худ шах мешаванд. Ана, бо кўчаи ҳамеша серодами Нева, ки акнун холист, аробаи сўхторнишонҳо метозад. Пушт ба пушти ҳам дар хараки дарозе нишастаанд онҳо, ба сар кулоҳҳои мисин доранд ва дар болояшон парчами қисми сўхторнишонӣ парафшон аст. Дар назди парчам брандмейстер*** истода, зангўла мезанад. Бо вуҷуди бепарвоиашон фоҷиавист вуҷуди сўхторнишонҳо, дар чеҳраҳояшон шуълаҳои оташе мерақсад, ки дар куҷое интизорашон аст ё, агарчи замоне ноаён аст, дар ким-куҷо аллакай аланга задааст.
Аз боғи Екатерина, ки низ оташ гирифтааст, ба сўи роҳгузарон баргҳои зард парида меоянд. Ману модарам, ба панҷараи чўянӣ ҷафс шуда, мушоҳида мекунем, ки чӣ гуна бевазнии баргҳо ба ароба таъсир мекунад: он оҳиста аз роҳи сангфарш канда шуда, рў-рўи хиёбони Нева ба парвоз медарояд. Ҳамзамон бо оташнишонҳо аробаи дуаспаи пур аз мисрону ғалтаки рўдаи обу зинапояҳо мерасад, аз паси он — аробаи дигар бо насоси бўғӣ, баъдан мошини тиббӣ барои наҷоти сўхтагон. Ман гиря мекунам ва модарам мегўяд, ки натарсам, аммо ман на аз тарс, балки аз саршории эҳсос мегирям. Аз мафтунӣ ба далериву шуҷоати онҳое, ки зери навои зангўлаҳо аз назди анбўҳи одамон сабукбол мегузаранд.
Ман бисёр мехостам брандмейстер шавам ва ҳар боре, ки сўхторнишонҳоро медидам, беовоз илтиҷо менамудам, ки маро ба сафашон қабул кунанд. Савора аз хиёбони Нева мегузаштаму ҳатман тасаввур мекардам, ки барои хомўш кардани сўхторе равонаам. Мутантан ва каме ғамгин мегирифтам худро, зеро намедонистам, ки он ҷо, байни оташи хурўшон вазъ чӣ хел мешавад, нигоҳҳои пурваҷдро эҳсос мекардам ва сарамро каме ба паҳлў хам намуда, ба шодбошии мардум танҳо бо ифодаи чашмон посух медодам. Аз вазъам маълум, ки сўхторнишон нашудам ман ва акнун, бо гузашти солҳо, барои ин афсўс мехўрам.
Шанбе
Дина тамоми рўз аз санҷиши тиббӣ гузаштам. Таассуроте аҷиб... Не, на ягон ҷоям дард карду на ногувор буд. Таҷҳизот ҳайронам кард — ин хел таҷҳизотро ҳаргиз надида будам. Ман, албатта, мутахассиси таҷҳизот нестам ва чизе, ки дар бораи онҳо гуфта метавонам, аз эҳсосам бештар нест, аммо ин эҳсос ғайриодист.
— Бисёр беҳуш будам? — баъдан пурсидам аз апаам Валентина. — Чунон бисёр, ки дар ин байн таҷҳизоти нав ихтироъ шуд?
Ба ҷои ҷавоб Валентина дар паҳлўям дароз кашида, мўи сарамро сила кард.
Замоне ҳамин хел Анастасия сила мекард сарамро. Ина бинед, ки номашро ба ёд овардам. Ёд надорам, ки ў кисту барои чӣ сарамро сила мекард, лекин медонам, ки Анастасия аст. Ангуштони ў дар байни мўйсари ман сайр мекарданду гоҳ-гоҳ андешаманд аз ҳаракат бозмемонданд. Баъд қад-қади рухсораам хамида ба гўшам мефуромаданд, нармак-нармак гўшамро даст-даст мекарданд ва ман хиширроси беҳад баландашонро мешунидам. Баъзан Анастасия пешониашро ба пешонии ман мемонду мўйҳои маро бо мўйҳои худаш якҷо мебофт. Мўйҳои зарди марову тираранги худро!
Аҷаб ҳаяҷоне мебахшид ин моро, ба ҳамин дараҷа ба ҳам монанд набудем мо.
— Дар бораи чӣ фикр мекунед? — мепурсад Валентина аз ман.
— Маро «ту» бигў, хуб?
— Дар бораи чӣ фикр мекунӣ?
— Дар бораи ҳеҷ чиз.
Дар бораи ягон чиз ҳам фикр карда наметавонам, чунки чизеро дар ёд надорам. Аз Анастасия ҳам фақат ном мондаасту халос. Ном ва боз бўйи гандумии мўйҳояш — инро ҳам фаромўш накардаам. Ё шояд таассуротеро, ки дар хотирам мондааст, бўи мўйҳои Валентина мешуморам. Ё ин хел: бўи мўи Валентина (ки низ гандумист) чизеро ба ёдам меорад, ки замоне хушбахтам карда буд.
Якшанбе
Гейгер «Робинзон Крузо»-ро овард. Лекин на нашри нави осонхонаш, балки нашри тоинқилобии соли 1906-ро. Маҳз ҳамин китобро ман дар кўдакиам хонда будам ва ў магар аз ин огоҳ буд? Метавонистам онро бо чашми пўшида, бо ламс, аз рўи вазнаш шиносам. Аз рўи бўяш ҳам, чун мўйҳои Анастасия. Дар димоғам бўи ранги матбаа, ки аз варақҳои ҷилодори ин китоб меомад, абадӣ мондааст. Он бўи ҷаҳонгардӣ буд. Хиш-хиши он варақҳо хиш-хиши баргҳои бузургу сабз ва базўр ларзони ҷазира буд, ки Робинзонро аз офтоб панаҳ мекарданд. Баргҳое, ки пагоҳиҳо аз онҳо қатраҳои булўрин метаровид. Китобро варақ мезадаму ҳар саҳифаро мешинохтам. Бо ҳар сатри он ҳама чизе, ки маро дар замони гузаштаам ҳамроҳӣ мекард — сулфаи модаркалон, садои корди дар ошхона афтода ва бўи ким-чизи бирён, ки низ аз ҳамон ҷо меомад, дуди тамокуи падар — зинда мешуд.
Душанбе
Одаме дар паси миз нишастааст. Аз паси дар мебинӣ, ки хам шуда, гирдак-гирдак ҳасиб бурида, ба даҳон мебарад. Наҳории риққатовар. Оҳ кашида, ба пиёла арақ мерезаду якбора ба ҳалқаш мепартояд ва даҳон мазза медиҳад. Гоҳ-гоҳ ба тиреза менигарад. Дар он ҷо баргҳо, гўё қўрғошимӣ бошанд, бошаст сўи замин мераванд. Бояд нарму нозук биафтанд, лекин бод ба ин имкон намедиҳад. Ман ин ҳамаро аз даҳлези торик мушоҳида мекунам. Ба дар ҷафс нашуда, аз дуртар мушоҳида мекунам, аз ин рў, касе маро намебинад. Бароям аҷиб аст: одаме, ки назораташ мекунанд, чӣ кор хоҳад кард? Вале ў ягон кор намекунад, гирдак-гирдак ҳасиб бурида ба даҳан мепартояду маъюсона бо арақ фурў мебарад. Пеш аз пиёларо гирифтан дастонашро дар рўзнома тоза мекунад. Гўё ягон чизи аҷиб не, лекин дар ёдам мондааст. Дар куҷову кай буд ин?
Чанд рўз боз табам аз 37,5 боло намеравад. Худро беҳтар ҳис мекунам, бемадорӣ оҳиста-оҳиста гум мешавад. Гоҳ-гоҳ то монда шудан дар рўи кат мешинам, лекин ҳанўз ҳам хеле зуд монда мешавам. Замоне ҳамин хел як ҷазо будааст: одамро рўи чўб ё хараки борик чунон мешинондаанд, ки пойҳояш ба замин нарасад. Хоб рафтан мумкин не, хам шудан ҳам. Дастҳо бояд дар рўи зонувон бошанд. Маҷбур мекардаанд, ки шабу рўз, то варам кардани пойҳояш ҳамин хел шинад. Он ҷазо ба харак равон кардан ном доштааст. Чӣ қадар сарам аз сафсаттаҳо пур аст...
Беҳтараш хотираи дигар аст: мо дар Лигов, дар боғи Полежаев ҳастем. Моҳи июн. Дар он ҷоҳо дарёчаи хурдакаки Лиговка ҷорист, лекин дар боғ чун ҳавз паҳнбар мешавад. Даромадгоҳ пур аз фойтуну ландо**** аст ва ман аз падарам мепурсам, ки магар ҳамаи шаҳр ба ин ҷо омадааст? Падарам чанд лаҳза меандешад, ки дар паси ин саволи ман чӣ пинҳон аст — содагӣ ё киноя. Бо эҳтиёт ҷавоб медиҳад: не, на ҳамаи шаҳр. Дар ҳақиқат, саволи бисёр рўшани рўҳбахш аст — ман издиҳоми одамонро дўст медорам. Ҳамон вақт дўст медоштам.
Дар рўи сабзазор дастархонҳо, самовару патефонҳо ба назар мерасанд. Мо патефон надорем ва ман нигоҳ мекунам, ки атрофиён чӣ гуна патефонҳояшонро тоб медиҳанд. Кӣ нишастааст, ба ёдам нест. Лекин то ҳол тоб хўрдани дастаи патефонро аён мебинам. Баъди лаҳзае мусиқӣ садо медиҳад, хирриву ботаваққуф ҳам бошад, мусиқист. Хонданашонро намегўӣ. Чӣ хел он вақт мехостам соҳиби ин қуттии пур аз сарояндагони хурдакаку овозгирифта шавам, нигаҳдориаш кунам, меҳрубонаш бошам, зимистон дар назди бухорӣ нигоҳаш дорам ва, аз ҳама асосӣ, бо беаҳамиятии шоҳона, чунон ки бо чизи деринаи одатӣ мекунанд, ба кораш дарорам. Тоб додани даста бароям кори одӣ ва дар айни замон сабаби аҷиби баланд шудани садоҳо, калиди дари зебоӣ менамуд. Дар ҳаракати он дастон чизе мотсартона, чизе аз парафшонии чўбчаи дирижёр буд, ки асбоби хомўши мусиқиро зинда мекард. Ман ҳам гоҳ-гоҳ дар танҳоӣ оҳанги шунидаамро замзама намуда, дирижёрӣ мекардам ва, ба фикрам, муваффақ ҳам мешудам. Агар орзўи брандмейстерӣ намебуд, албатта, ҳатман дирижёр шудан мехостам.
Он рўзи моҳи июн мо дирижёрро ҳам дидем. Бо оркестре, ки гўш ба чўбчаи ў дошт, оҳиста аз соҳил дур мешуд. Оркестри боғ набуд он, нафасӣ ҳам не, симфонӣ буд. Маълум набуд, ки чӣ гуна дар он амади танг меистад, лекин мусиқиаш гўё рў-рўи об шино мекард. Дар атроф қаиқҳову мурғобиҳо шино менамуданд, гоҳ нолиши белдони қаиқ ба гўш мерасиду гоҳ ға-ғаи мурғобиҳо, вале ин ҳама ба мусиқӣ ҳамроҳ ва аз ҷониби дирижёр хуш қабул мешуд. Дар ҳалқаи навозандагон, аммо ҳамзамон танҳо буд дирижёр — олами номафҳуме пинҳон аст дар ин пеша. Он чунон равшан ифода наёфтааст, ки дар касби брандмейстер аст. Чунки на бо оташ вобаста асту на ба ҳодисаҳои атроф, лекин табиати ботиниаш ҷигарсўзтар аст.
Сешанбе
Чор гурўҳе, ки варақчаи ғизо гирифтанд:
Якум — коргарон, як фунт***** нон дар як рўз, ки пурра кофист.
Дуюм — ходимони идораҳои шўравӣ, чоряк фунт нон дар як рўз.
Сеюм — зиёиёне, ки кор намекунанд, буду шуд ҳаштяк фунт.
Чорум — буржуйҳо, ҳаштяк фунт, лекин барои ду рўз. Бихўру бигард...
Аз Гейгер пурсидам, ки ҳоло ҳам варақчаҳои ғизо мавриди истифодаанд? Гуфт, ки бекорашон кардаанд. Худоро шукр. Иваз намудани он варақчаҳо чандон гуворо нест, махсусан бо собуну карасин.
Шунидам, ки дар ҷазираи Василев, дар кунҷи хатҳои Ҳаштуму Миёна нуқтаи нави варақчадиҳӣ кушодаанд. Бо азоб аз хати Петроград ба он ҷо рафтам — дар бораи ҷойҳои нав на ҳама медонанд ва одатан дар он ҷойҳо навбат камтар аст. Аз халиҷ шамол мевазиду барфи майда меборид ва ба гўшҳо мехалид. Рўймоли модаркалони раҳматиамро дода буданд, ки аз болои фуражкаам печонам, лекин мани аҳмақ шарм доштам. Ба пули Тучок расида будам, ки қариб шамол маро аз по меафтонд. Аз сумка рўмолро бароварда, ба сарам печондам. Аз чӣ шарм медорӣ, ки дар ин тўфон як қадам онсўтарро намебинӣ. Бо вуҷуди ин, ба хати Ҳаштум наздик шуда, рўймолро гирифтам.
Ба навбат истодам. Пелагея Василевна мегўяд:
— Ман Пелагея Василевна, ман — пеш аз шумо, мехоҳам дар он ҷои шамолпаноҳ истам.
— Албатта, — мегўям, — чӣ ҷои гап, Пелагея Василевна, албатта, дар ҷои шамолпаноҳ истед.
— Шумо навбатро тарк намекунед? Агар рафтанӣ шудед, ба шамолпаноҳ даромада, маро огоҳ кунед.
Ман ба аломати тасдиқ сар меҷунбонам, лекин ў дар ҷояш истодан мегирад.
— Ман меистодам, — мегўяд, — лекин табам баланд. Агар дар ин ҷо истам, намедонам ба чӣ ҳол меафтам. Бе карасин ягон чиз пухта намешавад.
Николай Кузмич меояд:
— Рав, Пелагея Василевна, ман ба ҷоят меистам, аз барои Худо, ғам нахўр.
Пелагея Василевна ҷояшро ба ў медиҳад.
— Николай Кузмич бошад, хотирам ҷамъ.
Саропои ҳамаи дар навбатбудагон — телпакҳо, китфон, мижаҳо пур аз барф аст. Баъзеҳо по ба по мекўбанд. Аз шамолпаноҳ Пелагея нобоварона ба Николай Кузмич менигарад. Ў Пелагеяро мебинад ва таънаомез сар меҷунбонад.
— Раҳмат ба ту, Николай, — мегўяд зан ва дар шамолпаноҳ ноаён мешавад.
Соати аввал ҳама шўхиҳо мекунанду аз он мегўянд, ки бе карасину ҳезум зистан душвор. Соати сеюм мегузарад, ки Сквортсови ким-чи хел ба ман шинос пайдо мешавад. Ба суҳбат ҳамроҳ шуда, мегўяд, ки соли 1919 бадтарин соли ҳаёташ буд.
— Ту худат чандсолаӣ? — мепурсад касе аз навбат, — бошӣ, нуздаҳсола будагистӣ? Ё бистсола? Дар ин зиндагӣ чӣ дидаӣ ҳанўз?
— Аввалан... — Сквортсов чунин вонамуд мекунад, ки узви комилҳуқуқи навбат аст ва ҳамроҳи ман истодааст. Бо боварӣ мегўяд, лекин навбат ба ў бовар намекунад.
— Ана вай, — мегўяд Николай Кузмич, маро нишон дода, — аз аввал истода буд, мо ўро дар ёд дорем. Пелагея Василевна ҳам, ки дар ҷояш ман истодаам, дар хотирамон ҳаст. (Аз шамолпаноҳ Пелагея намоён мешавад.) Лекин туро, мебахшӣ, ёд надорем.
Сквортсов кифт дарҳам мекашад ва аз китфонаш барфи боқимонда мерезад. Баъди лаҳзае ў бо тўфон меомезад. Бе баҳсу мунозира меравад. Тамоман аз ҳаёти ман меравад, чунки ўро, ба фикрам, дигар надидам.
Чоршанбе
Дар рўи ҷевонамон муҷассамачаи Фемида****** истодааст, ки дар рўзи хатми факултаи ҳуқуқшиносӣ ба падарам туҳфа кардаанд. Ҳанўз ширхор будам, ки онро ба ман нишон дода, гуфта буданд: ана, Фемида. Баъдан, махсусан дар назди меҳмонон, аз ман мепурсиданд: Фемида ку? Ман нишон медодам. Ман ҳанўз намедонистам, ки Фемида кист, гумон мекардам, ки ҳар чизи беҳудаи рўи ҷевон Фемида аст. Ҳама чизи муҷассамачаи Фемида маъқулам буд, ғайр аз тарозу, ки намеҷунбид. То ҳафтсолагӣ ба ин тоқат кардам ва баъд тарозуҳоро ба ҳаракат дароварданӣ шуда, қат кардаму бо болға кўфтам. Бовар доштам, ки онҳо бояд ҳаракат кунанд, гумон мекардам, ки онҳо ба чизе дармондаанд. Тарозу, албатта, шикаст.
Панҷшанбе
Имрўз баъди азназаргузаронии пагоҳирўзӣ Гейгер дар палата монд. Пуштаки курсии венагиро молиш дода, гуфт:
— Шумо аз Валентина пурсидаед, ки оё тўлонӣ беҳуш будед?..
Бо ҳарду даст ба пуштаки курсӣ такя намуда, ба ман нигарист. Ман кўрпаро то манаҳам кашидам.
— Ин ҳам махфист?
— Не, барои чӣ ин хел мегўед? Барқароршавии шумо бомуваффақият аст ва ман гумон мекунам, ки акнун баъзе чизҳоро ба шумо фаҳмондан мумкин аст. Фақат баъзе чизҳоро, ҳамаашро якбора не.
Гўё ҳамин суханонро интизор бошад, Валентина ҳамоно ба палата даромад. Дар дасташ як лаълӣ буд ва дар он се пиёлача. Баробари аз дар даромаданаш фаҳмидам, ки дар пиёлачаҳо қаҳва аст. Бўи хушаш ба димоғам зад. Бори охир кай чунин қаҳваи хуб хўрда будам? Ба ман ёрӣ доданд, ки хезам ва лаҳзае пас ҳамаи мо менишастем — рўи курсиҳо.
— Гап дар он ки, — гуфт Гейгер, — шумо дар ҳақиқат хеле тўлонӣ беҳуш будед ва дар ин муддат дар дунё дигаргуниҳо ба амал омаданд. Ман кам-кам дар бораи онҳо ба шумо нақл мекунам, шумо бошед, ҳамаи он чизеро, ки бо шумо рўй дод, ба хотир меоред. Вазифаи мову шумо ин аст, ки ин ду ҷараён беозор ба ҳам як шаванд.
Қаҳва мисли бўи хушаш аст, ҳатто аз он беҳтар. Гейгер дар бораи фатҳи кайҳон нақл кард. Маълум шуд, ки мову амрикоиҳо кайҳо боз ба кайҳон мепарем. Ҷои тааҷҷуб нест, бо ақидаҳои Сиолковский инро интизор шудан мумкин буд. (Чизе ки дар қаҳва кам намуд, қанд буд ва ман пурсидам, ки боз қанд мумкин аст? Гейгер дудила мешавад, мегўяд, ки намедонад глюкоза дар вуҷуди ман ба чӣ қодир аст.)
Аввалин шуда ба кайҳон рус парид, лекин амрикоиҳо дар Моҳ буданд. Дар бораи кайҳону Моҳ кам медонам, лекин, ба фикри ман, ба он ҷоҳо рафтан кори беҳуда аст.
— Одамон ба қаъри баҳрҳои чуқуртарин фуромаданд, — давом медод суханашро Гейгер.
Ман бо аломати тасдиқ сар меҷунбонам.
— Оё дар замони мо дар бораи ин чизҳо фикр кардан мумкин буд? — мепурсад Валентина.
— Мумкин буд, — ҷавоб медиҳам, — дар ин хусус ҳамон вақт баъзе фикрҳо буданд.
Нақлашон мекунам, ки дар ярмаркаҳо бозичае буд бо номи «сокини Австралия». Дар баллончаи шишагии пуроб ҷаноби майдаяки чашмонаш аз косахона баромадае (ў ҳам шишагӣ буд) шино мекард. Дар болои баллонча мембранаи******* резинӣ насб шуда буд. Мембранаро зер кунӣ, сокини Австралия дар атрофи тири худ давр зада, ба таг меравад. «Сокини Австралия ба қаъри баҳр рафта, хушбахтии инсонӣ мекобад!» — дод мегуфт фурўшанда. Лангидаю пойҳояшро кашола карда, ў ба таври ҳайратовар дар ярмарка мегашт ва овозаш гоҳ дар ин ҷову гоҳ дар он ҷо пасту баланд мешуд: «Сокини Австралия ба қаъри баҳр...». Боиси хушҳолии ҳамагон мешуд, ки муборизони хушбахтии инсоният чунин намуди ғайриодӣ доранд ва ин қадар чусту чолоканд.
Сокинони Россия, баръакси сокинони Австралия, бешубҳа, бо чунин суръат тоб хўрда наметавонистанд.
Дасти Гейгер дар китфи Валентина аст. Ангуштонаш гўё беихтиёр рўи қабзаи мўйҳои ў рафта меомаданд. Ба ман ишора мекунанд. Гейгер бо пичирроси театрӣ дар бехи гўши Валентина мегўяд:
— Сухан аз фатҳи табиат, балки бартар — аз масъалаи хушбахтист...
— Мубориза барои хушбахтӣ, аз афти кор, ба шумо чандон маъқул нест, ҳамин тавр не? — аз ман мепурсад Валентина.
— Сабабгори ҳамаи бадбахтиҳо ҳамон аст, — мегўям.
Валентина ҳеҷ кўшиши аз дасти (Гейгер) раҳо шудан намекунад. Механдад. Аҷиб аст, ки байни онҳо муносибате бошад? Чун ба моли худ рафтор мекунад ў бо ин зан.
Гейгер боз чизе аз соҳаи техника нақл кард, лекин ман ҳамаашро ба ёд нагирифтам. Боз як чиз — акнун бо ручкаҳои саққочадор менависанд — ҳаминро чанд рўз пеш Валентина аз ман пинҳон дошт. Нахостанд, ки он дар вуҷуди ман изтиробу ҳаяҷоне эҷод кунад. Росташро гўям, ягон таъсир накард он ба ман.
* Сажен — воҳиди дарозӣ баробари 2,16 метр.
** Апокалипсис — китоби қадимаи динӣ.
*** Брандмейстер — сардори дастаи сўхторнишонӣ.
**** Ландо — фойтуни чоркаса.
***** Фунт — 409,5 грамм.
****** Фемида — дар устураҳои Юнони Қадим Худои адлия.
******* Мембрана — парда ё лавҳаи тунуки қабулкунандаи савт, лапиш ва ғайра.