Шеъри Державин бихонад шаббпарак...

* * *
Шеъри Державин бихонад шаббпарак,
Шод мебошад, ки кирмам ман — Худоям ман!
Кирмаки оҷиз ба ногаҳ бол бикшояд,
Болҳо нақшин ба боло мебароям ман.

Ин аниқ, ӯро барои ифтихору ғам
Ҳар асосе ҳаст, ҳатто бештар аз мо.
Мепарад болову поён, ҷамъ орад бол
Товусона чашмҳоро карда аз худ во.

Балки баъзан ин қарибӣ бо Худо ӯро
Шуд насиб аз он ки ҳампаҳлӯи кирм аст ӯ,
Беш аз мо дар азоб аст ин парии бол,
Назанине, ки тиҳӣ аз ҷурми ҷирм аст ӯ.