Ман, ки Кушнерам Александр, бидидам Римро...

* * *

Ман, ки Кушнерам Александр, бидидам Римро,
Лоҷвардии Самарқанду Бухороро бидидам,
Ончуноне, ки ба хобат баҳрро бинӣ ба гармо.
Ман Пятигорскро дидам, ки дар кӯҳи дуэлӣ дошт маъво.
Буда дар Мадриду Толедо, Женева, ё ки дар Пориж
Дидаам чандин карат ин шаҳрҳоро,
Кӣ ба ҳайрат ояд акнун аз чунин даъвои ман,
Будаам ё не, киро бошад аз ин парво.
Ман ба Темза додаам тан, ҳам ба манзилҳои дур,
Мисли Чин ё дар Крите будаам хушвақт,
Дар Венетси шодтар будам, басе шаҳри дигар.
Ҳар яке аз якдигар буданд бар ман мӯътабар.
Баҳри ман Марбург ҳам буд меҳрубон,
Амстердам ҳам на буд камтар аз он.
Ин мани коҳил, хаёлӣ, хонашин, бар худ гирифтор,
Ном орам ҷумла ононро якояк ин замон,
То ки Сезар раҳм орад бар мамолики ҷаҳон,
То Александр фишонад дасту гӯяд: ал-амон!