Шинел

Дар Ватан чу шуд тозон рахши барфтўфонҳо,
Аз китифи Башмачкин бурда ман шинелашро.

Бас буд он барои ман, ҳам барои фарзандон,
Дил маро вале дар он мекашид азоби ҷон.

Дар дил аст ёди он, гарм кард бас пуштам,
Ман ду пиразанро ҳам аз даруни он куштам.

Кард банди зулмотам, буд аз фиреби ў
Ҳам ғами Катерина, ҳам азияти Муму.

Мисли бум будам шод аз шинели бад бар тан,
Кардаам ба хун ғарқа хонадони шаҳро ман.

Дар бофтам дар он бар фарози садҳо сар,
Гуфтанам бувад мудҳиш, будан аст мудҳиштар.

Пеши оташи ҷовид, пеши дори сарболо
Оварад ба ман имон дузду раҳзану мулло!

Дар ҷаҳон намедонад кас, ки кист он раҳзан,
К-ин Кремлшин дузди он шинел бувад бар тан