Охири тобистон
Дар охири тобистон,
наздик чу дарс ояд,
бар ёд расад пайиҳам,
он куртаи оҳорӣ,
в-он тавқи алавгӯша,
к-он туҳфа буд аз додар,
он сумка ба бӯи себ,
авроқи ба рӯи шир,
чорхатта рақамчинро,
якрост навиштанро,
наски ба тамуз хонда
раҳчинии роҳи дур
рӯи ба рӯи атлас,
дарёбии қонуни табиӣ,
дар сардии оби рӯд,
картошкаи аловқӯра,
дудғӯлаи гулханҳо,
в-он духтараки Маскав,
к-омад пайи дамгирӣ,
ӯе ки суханҳо гуфт,
дар синфи даҳум дарсест,
ташреҳи таномӯзӣ,
ана, гап куҷост!
Дар охири тобистон
Бар гӯш суруд ояд:
«Наздик ба мизонем,
Дар пушти дар истода»
Ин саҳнаи марғубро
Дигар ба давомаш чист...



