Шамани Олтой дар ғами ёри худ
Дил дод ба русу рафт аз кӯҳ,
Ӯро, ки азизи ҷони ман буд,
Дар банди ҷигар ниҳодамаш меҳр,
Шодии ҳаёт мешумурдам..
Ӯе, ки ба ном буд Бектой.
Ман дуру дароз хӯрдамаш ғам,
Ғампеч ба каф дафе гирифтам,
Рӯ бурда ба сидқ сӯи Ӯлҳон
Яъне, ба Худои меҳргардон,
«Бектойи маро ба ман бигардон».
Гуфтам ба Худои осмонӣ
«Натвонам ман» — бигуфт Ӯлҳон.
Баргашта дубора раҳ гирифтам
Рӯ сӯи Худои зишт кардам,
Яъне, тарафи Худой — Эрлик:
«Бектойи маро ба ман бигардон».
Ин гуна бигуфтамаш варо низ
Чун сӯи Худои меҳр — Ӯлҳон.
«Бошад, бошад — бигуфт Эрлик, —
Баргардонамат, ончунон ки хоҳӣ,
Бигзор, шаман, гапи ту бошад.
Шӯяш бикушам ва ӯ дубора,
Бармегардад ба ҷониби ту.
Ҳам бо ту кунад чи рӯзҳо кӯр,
Ҳам бо ту ба нек шаб гузорад.
Аммо,
Парвоз бигирад аз дили ӯ
Бисёр ба дур руҳи нозаш.
Оваҳ, чӣ ба дур!
Лек бо он.
Коре натавонӣ кард бозаш».



