Шер омин
Падарам омодагӣ мегирифт.
Ӯ гарданбанди пашмин, шахшул, гуногунранг — сурх, зард, қаҳваранг, норанҷиашро бар гарданаш тоб дод; он вақт бо усули фаронсавӣ, яъне бо гиреҳи нафис истифода бурдани гарданбандро намедонистанд; падарам онро мисли руси зиёӣ истифода мекард, бодабдаба, ба тарзе, ки дар рӯйи лаби боло хотима меёфт ва чун нафас мегирифтӣ, дар он нам, қирав ба вуҷуд меомад.
Падарам пӯстин пӯшида буд: ҳар гоҳе он алоҳида овезон мебуд, — метавонист ғиҷим шавад; дар тани падарам — дурусту ҳамвор мешуд.
Ман пурсидам: «Ту ба куҷо меравӣ?». Падарам бо бепарвоии сохта гуфт, ки ба мағоза барои харидани сигор меравад.
Бибиам тасдиқ кард: «Ба мағоза мераваду бармеградад».
Дарро пӯшид, аз паси он дари дигарро. Рафт.
Ману бибиам мондем. Нишастем, ӯ дар нармкат ва ман рӯйи фарш. Ба чашмонаш айнак монда, куртаи падарамро медӯзад, ба сӯзан андармон мешавад, андеша дорад: арзёбӣ мекунад, ки сари ҳамин хурдтарин чиз оташин шавад ё на; ман ба бибиам менигарам, саъй мекунам, ки ба дарки чизе бузурге даст ёбам: шояд синнам ба панҷ ё камтар аз он расидааст.
Аммо ҳеч фикре дар сарам набуд, фикрҳо умуман ба нудрат меоянд, барои ҳамин аз ҷой ҷаҳидаму давидам. Ҳатто пойпӯш напӯшидам.
Хостам нависам, ки ба дарки рӯйдод расидам, — аммо ин ҳама дурӯғ аст, чӣ гуна фаҳму дарк, ҳамту ангора пеши назарам рӯнамоӣ кард: падарам дар роҳ истода сигор мекашад ва мошин медорад; ана ба деҳа меравад, ба он ҷо, ки хонаи оилаи мост ва ҳамсараш — модари ман ӯро интизорӣ мекашад, меравад. Ӯ бо ронандаи мошини боркаш ҳамсуҳбат мешавад, ба вай папироси навъи «Беломор» медиҳад. Тирезаро мекушояд, аз роғи он бодғари февралӣ зада медарояд.
Дар кӯча ҳаво сард ва барф бисёр буд — дар русто ҳамеша назар ба шаҳр барф бисёр аст. Ҷангал аз назди дарвозаи мо оғоз меёбад — аммо шоҳроҳ аз он сӯйи ҷангал, дар масофаи якуним километр воқеъ аст. Бибиам ба мани гурезон дар ҷангал даррасид. Дар бағалаш гирифта, ба хона овард. Ман на гиря ва на кӯшиши раҳо шудан мекардам. Доштанд доштанд-дия. Тақдир набудааст.
Бибиам маро ба ҳамон ҷое шинонд, ки нишаста будам, аз бекорӣ дилгир шуда, куртаро ба даст гирифт, сӯзан бо риштааш ба курта овезон буд. Гӯё ҳеч коре нашуда.
Тасаввур карда наметавонам, ки барои чӣ фирор намудам. Фаҳмост, ки аз паси падарам.
Аммо ман ҳеч вақт волидайнамро пазмон намешудам — агар рафту маро дар меҳмонӣ назди пиронсолон мемонданд, тавре мезистам, ки гӯё коре нашуда.
Кай ихтиёрро аз даст додам?
Шояд падарам аз феврали худ бояд бармегашт ва маро рӯйи даст мегирифт.
Зеро аз ҳамон вақт ҳамааш на тавре ҳаст, ки дил мехоҳад.
Дар феврали лойолуди дигар, дар рӯзҳои охири он, писарбачаи сафедандоми ором дар кӯча мерафт (мани хурдакакро дӯст медорам, гӯё сӣ солро паси сар кардааму ӯ писарам аст), — дар деҳаи мо авбошон мезистанд, насабашон Чебряковҳо, ман онҳоро фарқ намекардам, ҳарду ҳам дароз, бо танутуш буданд, хекиртакҳои гарданҳояшон барҷаста, рӯяшон кашида, кунд, разил, — яке аз онҳо аз кифтам дошта, тела дод, ман бо тамомии бадан ба рӯйи яхи лойолуд афтодам.
Лойи деҳаи мо даҳшат буд, мислашро ҳозир намеёбӣ — ба шӯла мемонд, баҳорон болояш бо яхи тунук пӯшида мешуд, тобистон буғ мебаровард, тирамоҳ чалап-чалап садо медод. Ҳеч гоҳ хушк намешуд ва ях намебаст. Гӯё дар дохили ин лой чашмаи нафт меҷӯшид, дақиқтараш — манбаи фасод. Ҳамзамон бо афтодани ман тарактори русто кӯлмаки лойро таври лозим ҳамвору паҳн намуд. Аз паси он асб давида гузашту дар ин лойдон барои парнадаҳо ғизои гарм гузошт.
Ана ба ҳамин гандидамакон афтодам.
Ба хона ҳама олуда ба лой, мисли масхарабозе баргаштам.
Аз даҳон — ифлосӣ; гӯё постмодернист.
Модарам ҳарфе нагуфт — умедвор будам, ки мераваду Чебряковҳоро мекушад, аммо ҳамту маро шустушӯ карду халос. Ҳама либосамро бароварда, тозаашро дод.
Бори дигар — баъд аз як сол, боз феврал омад. Дар пушти мактаб футбол бозӣ мекардем — мо дар зимистон футболбозиро дӯст медоштем, тобистон кӯтоҳ аст, то интизораш мешавӣ, ки... ана тӯб мунтазири зарба истодааст. Се свитри дарида ба барам буд ва ба сарам кӯлоҳ надоштам. Тавре худам фикр мекардам, ин ба ман чолокӣ мебахшид. Дастаҳо аз синнусоли гуногун мураттаб шуда буданд. Ба дастаи ҳариф, ёдам нест чи ном дошт — ҷавоне, ки навакак аз хизмати ҳарбӣ баргашта буд, — шайтони сафедтоби мижгонҳояш сефеду хандонрӯ шомил гардид. Ман дар назди дарвоза будам. Сафедандом бо завқ, бо маҳорат бозӣ мекард. Дере нагузашт, ки зарба зад. Тӯб ба рӯям бархӯрд. Бидуни ягон муболиға ман дар осмон ду бор тоб хӯрда, афтодам; чашмам гӯё ба косахонаи сарам даромад — баъдан боэҳтиёт, бо ангуштони ларзон мижаҳоямро ба берун, ба дунёи равшан баровардам: чашмам ким чи хел лундаи гӯштро мемонд, барҷаста ба назар метофт, аз рӯйи эҳсос ангушти ба болои шуллук ниҳодаро ба хотир меовард.
Агар дар назди паҳлӯчӯби даровоза меистодам, бо сарам ба он бархӯрда, дақиқан мемурдам.
Бозии даставии ман барор нагирифт.
Маро аз деҳа мисле берун карданд, ки чӯҷаро аз лона берун мекунанд...
Ба мактаби нав бори аввал зимистон, дар феврал омадам.
Дар назди мактаб буқасурате аз синфи мувозӣ меистод — як сару гардан аз ман баланд, ҳайвони нуҳсола. Каллапӯшамро аз сарам гирифта, ба дур ҳаво дод. Ман даст ба кулоҳи ӯ дароз карда, хостам қасос бигирам. Ӯ ба осонӣ маро тела дод. Қувваҳо нобаробар буданд.
Дар танаффс аз пайаш шудам, ба худ андешидам: бояд чолокӣ нишон дод ва зарба зад, аммо ҷуръатам кифоя накард.
Дар мактаби нав муаллимае доштем, роҳбари синф, Сталинпараст, чутӯр, лоғар, тундзабон.
Рerestroika оғоз ёфт, ӯ ба қароре омад, ки демократикунонӣ ногузир аст, пурсиш гузаронд, ки дар синф кӣ бо вай чӣ тавр муносибат мекунад, — ба таври пӯшида.
Ҳаммизи ман Чибисов навишт, ки муаллима палид аст.
Ман навиштам, ки даъво надорам.
Пурсиши дигар баъди як рӯз сурат гирифт, аммо на пӯшида, балки бо гузоштани имзо.
Ҷавобҳои моро ҷамъ карда, чутӯр аз болои айнакҳои калони худ ба ман нешзанон нигариста, тоқаташ тоқ шуду ҳушдор дод: «Мебинем, ки ту — каззоб чӣ навиштаӣ».
Ӯ баъди ин тӯли чаҳор сол маро рӯзи хуш надод, ман чизеро намефаҳмидам, тоқат мекардам.
Боре баъди дарсҳо синфро мешустам — чанд сол боз ҳисси қасдигирии чутӯр хотима намеёфт, боз ҳам ин мавзӯъро бардошт: ман чӣ тавр ношуду дурӯғгӯ ҳастам, чӣ хел бо ин ҳол зиндагӣ мекунам, чӣ гуна замин маро мебардорад...
Ман аллакай солор шудам ва ҷуръат пайдо карда, ба рӯшан кардани масъала таваҷҷуҳ зоҳир намудам.
Гуфт, ки пурсишро ёд дорӣ. Дар пурсиши пӯшида ту навиштӣ, ки ман палид ҳастам, аммо дар пурсиши ошкоро нишон додӣ, ки не, палид наям. Хулоса, ту дурӯғгӯй ҳастӣ, бо ту ҳатто ба ҷосусӣ рафтан мумкин нест.
Ман гуфтам, варақи пурсишро нишон диҳед. Дар дастрасаш қарор доштааст (тӯли солҳо онро дар дафтарчаи хосса нигоҳ медоштааст, бо худ мегардондааст, то ки ҳисси қасдигирашро барангезад): бубин — мисли шуъбадабоз авроқро алвонҷ дод...
Варақҳоро дида, ман хурӯшидам — хайрият, Чибисов се сол боз дар дигар мактаб мехонд, — ин аз ман не! Инро Чибисов навишт!
Ӯ дарҳол гуфт: «...ту ҳозир маро туҳматгар мехонӣ!» — ва саволномаро пас гирифт. Табиист, ки маъзарат хостанро лозим надонист. Як муддат ба тиреза, ба барфҳои обшаванда нигарист, — фикр кард, шояд сари он, ки таҳқири чандинсолааш сари як кӯдак мабодо иштибоҳ бошад. Хулосаи ҷиддӣ баровард, ки не. Солорона ба қарор омад: ба гузашта салавот...
Инаш боз чӣ.
Арӯсҳо доштам, аммо бештари вақт надоштам.
Ман ҳамеша ба хотир меорам, духтарҳо нестанд, танҳо сарчархиҳо ва ташнагии наврасӣ вуҷуд дорад.
Масту аласт аз кадом як шабнишинии бахшида ба Соли куҳнаву нав бармегаштем, даъват шудем, ки ману ду ҳамшишаам ду бонуро гусел бикунем, чеҳраи онҳо зудуда шудаст, ҳеч як нишонеро наметавон дид.
Ман бештар хушсухан баромадам, бо тамоми неру саъй мекардам, ки гурӯҳро ба завқ биёраму хушҳол бикунам: сари ҳар вақт механдиданд.
Яке боназокат буд, рақами телефонашро дод, хоҳиш кардам.
Моҳи феврал занг задам, чизе дар мавриди хоҳиши дидорбинӣ гуфтам, идомаёбии суҳбатро чунон дастгирӣ кард, ки гӯё шамолхӯриаш ба гӯшҳояш мехалид, бо азоб, аз миёни роғҳои дандонҳои ба ҳам фишурдааш. Баъдан касе дар наздикии ӯ ғавғо бардошт, садои мардона шунида шуд, ӯ ногаҳон нимшунаво гуфт: «Маро ба ҳолам гузор, бас кун, умуман ба ту чӣ лозим?».
Гӯё ман дохили новаи дарунаш пуроб менишастам, дар баҳри пуртуғён, зери барф, дар ҳоли афтидан ба лойи яхбаста ба амвоҷи сиёҳ, хостам ба соҳил бароям, аз поён ба боло ба ин духтар бинигарам, аммо ӯ бо пояш новаи маро тела дод: шино бикун, ба ҳар куҷо, ки бихоҳӣ, ба соҳил набаро, ин ҷо бе ту ҳам..., мефаҳмӣ... Шино бикун, ба кӣ мегӯям!
Бист сол гузашт, ӯ, аз афташ, ҳозир барои шавҳараш карамшӯрбо мепазад — чунон зиндагӣ мекунад, ки гӯё чизе набуд, ҳамаро фаромӯш кардааст, — ҳамин тавр, бигузор мардаш фавран ба гӯшаи тақсимча бизанад — ба шиддате, ки он дар ҳаво парида тоб бихӯрад ва карамаш ба сақф, қандил пош шавад, атроф ҳама зери оби ҷӯшомада монад, даҳшати кӯдакона рӯ занад, — ва ӯ, шавҳараш фарёз занад: «Қанчиқ! Чаро ман бо ту алоқа кардам?!».
Охир, касе бояд барои ман қасд бигирад.
Он гоҳ ӯ мефаҳмид, ки он вақт мани бегуноҳу сармохӯрда чӣ ҳоле аз сар гузаронидам.
...аммо не, шавҳараш карамшӯрборо то охир мехӯрад, чизе намегӯяд, муҳимтарин чизро дар хеш пинҳон медорад.
Дар хизмати низомӣ, вақте ки давраи то шашмоҳагиро паси сар намудам, боре шароб нӯшида маст шудам, ба сафкашӣ ҳозир нашудам, ба осонӣ ҳама хатарҳоро паси сар карда, то кати худ расидаму хобидам.
Сарбозе мисли ман, аз ҳайати худамон, дастгоҳи аккосӣ дошт ва ӯ қарор дода, ки аксамро барои хотира бигирад: ҳамхизмат дар ҳоли хоб.
Ин шуғл зуд ба тадбири ҷамъиятӣ табдил ёфт: шамъ пайдо карданд, ба рӯйи ман гузоштанд, худоро шукр, ба дастҳоям — ва дастҳоямро ба сурати салиб болои ҳам монданд, зебо баромад.
Малофаро таври лозим ба болоям пӯшониданд, дар пешонаам тасвири салибро кашиданд, оинномаро ба қафаси синаам гузоштанд, боз чанд оинномаи дигарро болои он — пешбинӣ мешуд, ки акнун гӯё барои мутолиа вақти зиёд дорам; ба пойҳоям мӯзаи андозаи 47-ро пӯшонидаанд: майити хушахлоқ, раҳмдил...
Гулчанбари фахак бофта, ба сарам пӯшониданд.
Ба қароре омаданд, ки як шамъ кам аст, якбора се шамъ ба миёни дастонам ниҳоданд: майит аз торт чӣ камӣ дорад — магар фотиҳа ид нест? Шаробнӯшию газакҳои зимистона ҳаст, танҳо рақсидан иҷозат нест, вале сароидан, гӯё, мумкин аст.
Арвоҳ (сарбозони навомада) ҳам бенасиб намондаанд, аз дидани манзара завқ бурдаанд.
Ба қароре омаданд, ки агар дар паҳлӯям пайкораро (швабра) гузоранд, мувофиқи мақсад мешавад: агар шаётин ба назди фавтида барои меҳмонӣ биоянд, метавонам онҳоро бим бидиҳам.
Барои рӯзи мабодо тақсимчаю чӯмча ҳам гузоштанд: фарз кардем, ки кирмҳо маро мехӯранд ва ман кирмҳоро — табодули тарафайн. Ба чунин сурат метавон дурудароз хушҳолӣ намуд — аввал кӣ киро то охир мехӯрад.
Дар зери тасвири салиб дар пешонаам бо фломастер калимаи хандаовар иборат аз чаҳор ҳарф навиштанд: омин.
Номи пуршарафи сарбозии ман, ки бо ин қадар муҳорибаҳо, бо чунин дабдаба, бо ин қадар обутобёфтанҳо, хулоса бо ҳама он чи, ки дар нуздаҳсолагиам даст ёфта будам, барбод рафт.
Ҳаромзодаҳо суратҳоро чоп карданд, пулро дареғ надоштанд, онҳоро ҳама диданд.
Ҳар як қадами маро ҳангоми рафтанам ба ошхона, аз пайи супориш, ба ҳар куҷо, ки бошад, бо табассуми тамасхуромез зери назар мегирифтанд: бубин, ин бо шамъу пайкора меравад, торт аз мурдахона...
(Дар ҳамон феврал ками дигар монда буд, ки ҳангоми посбонӣ маро сармо занад — барои зиндагӣ кардан ҳавсала набуд).
«Шер омин» лақаб монд маро наздиктарин, наздиктарин чӣ, ягона рафиқам, набототшинос, дар мактаб забони фаронсавӣ омӯхта буд, чандин маротиба ба сарвақташ расида будам, бе ман ӯро мекуштанд — аммо ин дафъа ман худ мушт ба дандонҳояш фуровардам, хуни бисёр рехт, баъдҳо дандони афтодаи ӯ рӯйи мизи ошхона мехобид... Ман андешидам: шояд онро пас гардонд, ба ҷояш гузошт: ҳама чиро метавон тағйир дод.
(...баъдан ба ман гуфтанд, ки пирон (сарбозони собиқадор) хостаанд, ки шамъро ба даҳонам дароранд, аммо набототшинос нагузошта).
Дигар чизеро тағйир дода намешуд.
Маъшуқаамро барои зиндагӣ дар хонае, ки баъди чанд дафъа иваз кардан дар ихтиёри оилаи ман қарор гирифта буд, ҷой додам.
Ӯ ба модарам писанд омад — ба вай эътимод меварзид.
Модарам тамоми умраш бо падари ман ҳаёт ба сар бурд, ҳаргиз ба сараш ин андеша намеомад, ки зани аз шумори ангуштони дасташ бештар марддидаро метавон бо номи дигаре, ба ҷуз «фоҳиша» ном бурд.
Гузашта аз ин, кӣ метавонад писари ӯро — ин муҷассамаи ақл, одоб, зебоӣ ва мардонагиро ислоҳ намояд. Яъне ҳамин каззоб, даҳонаш пур аз ифлосиро, ки бар заифон дастболост, дурӯғ мегӯяд, маккорӣ мекунад, худро паст мезанад, масъулиятро нодида мегирад, хоҳиши донистани чизеро надорад, батакрор худро дар оина тамошо мекунад, аз сару либоси худ завқ мебарад — лаққию худхоҳро...
Аз хизмати низомӣ ҷавоб шудам, арӯс истиқболам нагирифт, дар назди бибиаш истироҳат мекард, магар метавон бибиро танҳо гузошт, ман мефаҳмам. Бо гузашти як ҳафта омад, ба ҳамон сурати собиқа, хандонрӯ, маҳинсадо, худро чунон вонамуд кард, ки гӯё ӯро бо селофан печонидаанд. Аз рухсорааш мебӯсӣ — гӯё пӯст аст, гӯё атр мешамӣ — аммо, ба ҳар сурат, селофан барин.
Шом ҳамаи селофанро қабат-қабат во намудам, дар баъзе ҷоҳо часпидааст, андармон шудан лозим омад. Хоҳиш кард, ки чароғро фурӯзон накунам — дар торикӣ биҷӯ, синча бикун, дар хеш кӯрмушро инкишоф бидеҳ, дастгоҳи шабназора бихар, тахайюлатро кор фармо.
Тахайюли ман якуним сол кор кард, ман дар тамоми ин муддат мисли трасфрматор ғурридам, то охирин ҷузъиётро фикр намудам, ки чун ба хона ҷавоб мешавам, маҳз чӣ рух хоҳад дод, — аммо ҳаёт хости худро пешниҳод кард. На, мо раванди рӯйдодро дар шаби аввал, баъди бозгашт аз зиндагии урфӣ...дақиқтараш ба зиндагии маъмулӣ чунин пешгӯйӣ намекардем.
Ҳаёти баъди хизмат нокомӣ овард. Якуним сол анҷоми дурусти чизҳои одиро аз ёдам рабудааст. Ин ҷо ба ӯ ёрӣ расон, он ҷо на чунин аст, дурушт, он ҷо напуч, барои чӣ ин тавр намебӯсӣ?
Чӣ тавр?
Гузашт, аҳаммият надеҳ. Ҳамту, ман хаста шудаам.
Хаста шудӣ? Дар якуним сол хаста шудӣ? Ва ё дар якуним сол дам нагирифтӣ? Ту ба назди бибиат рафтӣ — ҳатто дастшӯйи ошхонаро нашустӣ. Ванна занг задааст, гӯё ту дар он ҷо одами оҳанӣ ё чӣ буд, асби оҳаниро пӯст кандаӣ.
Ҳа? Ва ё шояд комбайнро шустушӯ кардӣ?
Бас кун додзаниро. Ту чӣ, маро монда рафтӣ, ки ба сифати зарфшӯй зиндагӣ бикунам. Агар медонистам...
(...ҳаракати рафтан кард, бо ҳаракати мутақобила, бо ҳама ҷусса пеши роҳашро гирифтам, мазмун: сабр бикун, ҳоло ҳама гап гуфта нашудааст; ҳарчанд ки ҳаракати дасти ман маънои каме фарохтар дошт: тараддуди куҷо дорӣ, э ҳей, ман ин ҷо бо ту чӣ хоҳам кард?)
То субҳ гуфтугӯ кардем. Ӯ дар ҳолати азияти сабук, ман дар ҳоли ваҷди ба охир нарасида. О, ту медонӣ ман чӣ рӯзҳоеро паси сар кардам? Ту медонӣ, ҳайвонҳо чӣ тавр моро куфтанд? Чӣ хел ҳангоми иҷрои вазифа маро қариб сармо занад? Чӣ гуна наздик монда буд, ки моро Чучмекистон бифиристанд — ман аввалин шуда номамро ихтиёрӣ сабт кардам, шояд дар сағона бармегаштам, он гоҳ ту ғам мехӯрдӣ: оҳ, чаро ман ӯро аҳён-аҳён хурсанд мекардам. Сардори ротаи мо чӣ гуна кас буд? Аҳмақи беназир! Қумондони баталён чӣ? Аблаҳ! Ман ҳатто як дафъа генералро ҳам дидам! Оё медонӣ, билохира, каме монда буд, ки ба даҳонам шамъро тиқонанд, нишон диҳам, ки чӣ тавр?
Наздик ба субҳ ҳамааш талх, турш, ҳузнангез, якбора, бидуни гармӣ, бе нафас ҳалли худро ёфт, кош намеёфт.
Рӯзи дигар телефон садо дод: гӯширо мегирам — алло? — дар он тарафи хати алоқа каме дудилагӣ эҳсос мешавад, баъд хиҷолатзада бо бепарвогӣ мепурсад: Тинаро мумкин?
(Ӯ хоб аст; агарчи бо пушти сарам медидам, ки бедор шуда суҳбатро мешунавад).
Дар гӯшӣ овози шиноси мардона: ҳамсинфи ман, Тина бо ӯ то ман ишқварзӣ мекард, баъд ба назди ман омад, аммо вайро то дер боз ёд мекард — ӯ аз ман баландтар, зеботар, сарватмандтар буд, — то замоне, ки дӯст буданд, ман ба вай даст нарасондам. Аммо замоне, ки ман қадами низомӣ мезадам, оинномаро ҳамчун рамзи садоқат риоя мекардам, ва саломи низомӣ медодам — дастрасонӣ кард. Аз афташ, арӯс ба вай нагуфтааст, ки дар хонаи ман зиндагӣ мекунад: чӣ лозим? Барои он ки баъди баргаштанам ин хонаро оташ занам?
Хонумро аз ин хона пеш карда, ман ба дунёи наве рафтам, ки шеър мехонанд ва драмаи нав мебофанд, дунёе, ки ҷавонон бо либоси ҳайратовар сигорҳои арзони худро бо оташафрӯзҳои калони ба сурат чун сангпӯшт дуд мемонанд («...ин артистона буд, чунин аҳвол хоси нависандаҳост, махсус дар вокзал харидам, бародар, то нишон бидиҳам, ки мо ҳам аноӣ нестем...»), он ҷо ки духтарон назар ба ҷавонон ба маротиб либоси зеботар мепӯшиданд (ҳар кадоми ин ҷинспӯшҳо офтоби гармро меовард, ки ҳаргиз пеши одамони одӣ тулӯъ намекунад) ва ба ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир намесозанд, танҳо истеҳзоомез ба косахонаҳои сар (оташафрӯзҳо) менигаранд, ки баъди кӯшиши панҷум оташи хушбӯро тавлид месозанд, вале ботаваҷҷуҳ ва нигоҳи мустақим ба устодон менигаранд, охир онҳо суханони арзишмнд меофаранд, устодонро бо пиҷаки қиматбаҳои (на ба он ҳад қиммате, ки дил мехост) ғиҷимшуда дидаед... Бродскийро? Куҷо Бродский? Онҳо Бродскийро умуман намедиданд...
Мо — ман ва боз чанд нафари дигари аз рӯйи синну сол каму зиёд то ҷое ба ман баробар — ба як даста табдил ёфтем; аз ҳама калонсолҳо миёни ҷавонон, аз ҳама ҷавонҳо миёни калонсолон — дар асри гузашта таваллуд ёфтаву ба воя расидагон ва аз рӯйи тавон дар куҷое хизматкардагон, ба ҳазорсолаи нав на танҳо бо оташафрӯзи ба сурат чун сангпӯшт, балки бо бағоҷ, ки имкон дошт дар намоишгоҳи шуҳратпарстӣ, барор ва умед ба маърази намоиш гузошта шавад, омада буданд.
Ман лақаби нав гирифтам: эҷодкор, адиб.
Ман бародари на бародар, аммо рафиқи хубу бузургҷуссаву мурғчашм доштам, ки зиндагии озод дошт ва талаб мекард, ки афроди дигари ҳамроҳ ҳам саъй бикунанд: то ҳамаи кор аз таҳти дил, ошкор, бидуни шарм, баръало ва озод бошад...
Бо гузашти вақт ӯ аз нигоҳ кардан ба пешу қафо даст кашида, ба атрофиёнаш бо қираи чашм менигарист, то ҳадде ки олус шуд. Гурехта, барои моҳигирӣ ба лаби баҳр рафт, ба ҷое, ки худро озод ҳис крадан, танҳо бо худ будан, аз эроду шилқинии дигарон натарсидан, дилхоҳ ғубори дилро баровардан мумкин буд...
Аммо то рӯ ба фирор овардан рафиқи ман аз гиребонам гирифт, дар худи лаҳзаи супоридани ҷоиза (бо сабади гул, дар таги он сабзкоғазҳои зебо буридашуда ба тартиб мехобиданд), — чунон аррос зад, ки ҳама атрофиён мутаваҷеҳ шуданд — ҳам духтарон, ҳам устодон ва ҳам ҷавононе, ки оташафрӯзҳои сангпӯштмонанд доштанд, — ба ҳамин минвол чашми ҳамаро кушод.
— Шумо фикр мекунед, ки ин кист? Ӯ на онест, ки худро муаррифӣ мекунад! Ӯ каззоб, палид, майнаи маккор аст, одами даҳонаш пур аз ифлосӣ, дар пешонааш килимаест иборат аз чаҳор ҳарф, номи дуздидашуда дорад, ҷонаш дар сари мушхор аст! — ва ба ман синчакорона нигариста, бо ангушташ ба қафаси синаам зад: — Ошкор шав, хоин, ту моро фиреб додӣ!
Ҳама хомӯшона ба ман менигаристанд. Сангпушт дар дасти баъзеҳо базӯр чик-чик садо мебаровард ва дигар мадори эҷоди оташро надошт.
Ман (сабадро напартофта) ба кӯча гурехтам; нагиристам, нахандидам — ҳамту бо сари гиҷе, ки дар он ҳаё сӯхта, холӣ шда буд, нафас мекашидам: ҳамин тавр, ман фикр карданро ёд нагирифтам. Ба шақиқаҳоям мекуфт: акнун чӣ тавр метавон зист, оё баъди ин ҳама метавон?
Дар кӯча боз ҳам моҳи охири зимистон, ки танҳо дурӯғ ва азияту дарди шамолхӯриро ваъда медод, рад мешуд.
Гулҳои сабадро ба рӯйи барф партофтам, сабзкоғазҳоро ба кисаҳоям гузоштам, боз касе нарабояд.
Ҳамин тавр, ман ба падарам расида натавонистам.
Ҳамааш аз оғоз ногувор ҷараён гирифт.
Ҳамааш дигар мешуд, агар ӯ намерафт.
Ҳамааш дигар мешуд, агар ӯ он лаҳза намерафт.
Ҳамааш дигар мешуд, агар ӯ он лаҳза аз маро тарк намекард.
Бовар кардед? Бовар кардед, а?
Фикр мекунед: ана, баръало шуд, билохира, мо тахмин кардем, ки ботини ӯ ғамолуду лағжон аст.
Шумо чизеро тахмин намекардаед, хомӯш бошед.
Акнун бо тарзи дигар қисса мекунам.
Дар деҳаи ман, дар масофаи як соат пиёдарав теппаҳо дида мешавад — барои минтақаи миёна баланд ва агар ба ҷарӣ, поён биҷаҳӣ, куллан мешиканӣ.
Дар сармои навбатӣ, ман — бачаи даҳсола ба он ҷо рафтам — чаро дар зимистон дар ман хоҳиши ба теппа баромадан пайдо шуд, касе тавзеҳ дода наметавонист. Ҷое то зону, ҷойи дигар то қафаси сина барф буд, бояд бо қадами аввалро ба сӯйи теппаҳо гузоштан фавран пас мегаштам, аммо ман ба боло роҳ пеш гирифтам — роҳравон дод мезадам, суруд мехондам, як дафъа гиря ҳам кардам: то боло ҳоло дур ва барои баргаштан ба қафо дер шуда буд.
Ҳатто дар тобистон на ҳар кас ҷуръат мекард ба он ҷо барояд.
Он гоҳ, ки офтоб майл ба ғуруб дошт, ба қулла баромадам: кисаҳо, намадмӯза ва дастпӯшҳоям пур аз барф шуда буд, анбори пури барф, гӯшҳоям пур, чашмҳоям пур... фикр кардам ва даҳонамро аз барф пур намудам: феврал, ман туро фурӯ мебарам.
Кулоҳамро гирифтам, аз мӯйҳоям арақи гарм мерехт, то ҳадде хубу гуворо буд, ки аз ҳуш рафтам.
Ба муддати як дақиқа, як соат: аз кӣ бипурсам, намедонам.
Ба худ омадам — ва бошитоб пою сару ҷонамро гирифта сарозер шудам.
Атрофро торикӣ фаро гирифт, деҳа дар ин торикӣ хеле дур ба назар менамуд ва чароғҳои он базӯр милт-милт мекарданд.
Аммо дар ботинам шодиву нишот маъво пайдо кард.
Саропо яхбаста баргаштам, танҳо пушти сарам гарм буд, гӯё ки чун пули мисии тафтдода офтоби зимистонро ба он ҷо мӯҳр зада буданд: дар ҳамин ҳолат маро бедор карданд.
Аз кадом синнусол, бигирем аз понздаҳсолагӣ, дар ҳама ҷамъомад ман хомӯш барои худ хулоса мебаровардам: «Дар ин ҷо мард ман ҳастам»; агар қароре бояд қабул мешуд — онро ман қабул мекардам. Пеш аз ҳама, ба он сабаби сода, ки кисе дигаре ба чизе ҷуръат намекард.
Ман барои зиндагӣ ҳеч саъю кӯшише намекардам, аз ин баъд худаш зери поям пойандоз мешуд.
Дунё ба ду нима қисмат шуд — бархе бо ман дӯстӣ мекунанд, дигарон аз ман заифтаранд. Боз кадом гурӯҳи сеюме ҳам ҳаст, аммо мо ба ҳамдигар коре надорем.
Аз ман танҳо онҳое канор рафтанд, ки дӯсташон намедоштам, аммо онҳое, ки дӯсташон медоштам, бо ман монданд.
Ҳамонеро, ки дар мактаб кулоҳи заргӯшии маро гирифта, ба рӯйи барф партофта буд, бо гузашти понздаҳ сол дар кӯча вохӯрдам, боз ҳам, се сару гардан баландтар гашта буд — зарурат омад, ки хез бизанам. Ҳаяҷонзада шуд, чашмаш дар як мижа ба ҳам задан сиёҳ гардид, гӯё ба он ранг рехта буданд.
— Ту чӣ, ҷалаб? — пурсид ӯ.
Мо дигар ба чунин саволҳо ҷавоб намедиҳем.
Ҳамон арӯсе, ки селофанпеч буд, бо гузашти ҳабдаҳ сол ба ман мактуб навишт: ман кӣ будани туро намедонистам.
Бояд медонистӣ, пас, барои чӣ зан ҳастӣ; танҳо мардҳо ҳақ доранд, ки надонанд.
Нуздаҳ сол пас ба деҳаам баргаштам — ман ҳар сол ба он бармегаштам, гӯё чизеро дар он ҷо гум карда бошам — калӯшамро дар барф? тангаи нуқрагинро? чалипое, ки ба гардан меовезӣ? — омадам, деҳа боз ҳам барфпӯш буд, роҳравон меандешам: агар барфро бирӯбам, — он ҷо изи пойҳои урёни кӯдакии ман аст. Агар бо ин изҳо биравам, мустақиман ба худам мерасам, ба зиндагии худам ворид мешавам, ҳамаашро аз сар мегузаронам, боз дар ҳамон ҷо ба фикр фурӯ меравам: агар барфро бирӯбам, — он ҷо изҳоянд...
Мебинам — тудаи барф дар ҷойи пешини худ истодааст, замини рус тамомнашаванда аст, ҳарчанд асбу трактор дар русто нест, — аммо ба ҳар сурат чизе дар кӯлмак сиёҳ мешавад, қул-қул мекунад, ҷӯш мезанад, садо мебарорад, қулдур-қулдур мекунад.
Наздик шудам — Чебряковҳо, ҳарду бародар дароз кашидаанд, яке дармонда ва дуюмӣ ӯро кашола мекунад, ба сагҳои пир монанданд, садояшон шунида намешавад, оби даҳон ба рӯйи хунукхӯрдаашон мечаспад. Мисли собиқа чеҳраи яксон доранд. Чашмонашонро касе макидааст, чизе дар умқи онҳо ашколуд ба назар мерасад.
Ба кашида баровардан оғоз намудам, аз дасти кадоме аз онҳо гирифтам — дасташ канда шуд: сабил монад, чӣ бояд кард, намехостам — фаҳмо, вақти ҳисобро баробар кардан расид, аммо то ба ин ҳад... Баъд фаҳмидам: остини камзули ғафсашро аз китфаш канда гирифтаам.
Дар барф дасти урёни сармохӯрда намудор шуд, бо ангуштонаш барфро чангол мезад.
Дигар намегузоштем, ки ба касе зулм карда тавонанд...
Ман то сарҳади таҳлука расидам ва ба сӯйи одамон тир холӣ кардам, аммо кадоме ҳамаи тирҳои парондаи маро ба кафи дасташ ҷамъ карда, мисли пучоқ ҳаво медод. Дақиқан касеро накуштам, бешак, инро медонам — аммо агар хоҳиш бикунам, ба куштан ҳам розиянд. Ҳарчи лозим аст, медиҳанд.
Падарам рафт, ман ба ӯ расида натавонистам.
Агар вай бармегашт — он гоҳ ҳама он чиро, ки айни ҳол бо саховатмандӣ медиҳанд, медоданд.
Ман-ку, албатта, ин ҳама меҳрбониҳоро пшти по мездам, то ки падарамро дарёбам, ба хотири он, ки танҳо ба ӯ бирасам, — аммо касе бо ман савдо намекунад, касе чизеро пешниҳод намесозад: ин ҷо табодул нест, дар ин ҷо ҳама чизи аҷибро пеши чашм густарда месозанд — ва ман мегирам.
Интихоб нест. Албатта, метавон нагирифт — аммо он ҷо ба ҳама мерасад, ман дидам. Он ҷо ба касе бадӣ намехоҳанд, дар он ҷо хӯҷаини дарёдил нишастааст.
...ва он вақт, ёд доред, ки ман сабзкоғазҳои ҳаринаро ба ҷайбам мегузоштам — ба боло нигаристам ва рӯямро лесиданд — бо ҳама ин гармии сиёҳи феврал, чун забони саг, гӯё гуфтанӣ буданд: ту чӣ? кӣ метавонад туи девонаавзоро биранҷонад?
Ба толори бузург баргаштам, ҳама ба ман табассум мекунанд, ассалому алайкум, номат чӣ буд, бародари мо-пушкин, бародари мо-хлестаков, салом, мо мехостем туро бихӯрем, аммо ба ҷойи ин туро ба дили бузурги худ пахш мекунем.
Ба ҳар ҳол рафиқамро, ки шудгоркуниро дӯст медошт, ёфтам, аз тугмааш гирифта, ба як гӯша бурдам, ба рӯяш гуфтам, чашм ба чашм — вай медонад, ба ёд дорад, фаромӯш карда наметавонад, бахшида ҳам наметавонад: ман ҳамчун одам, ҳамчун мард, ҳамчун суҳбаторо, ҳамчун ёғию бесар, ба ҳар сурат, ки бошад, аз ту қавитарам. Маро фаҳмидӣ? Калла ҷунбонд: фаҳмидам. Гум шав! — фармудам. Ӯ ғайб зад.
Бале, дар пасманзари мағлубияти даврони кӯдакӣ ҳама гуна пирӯзии айёми калонсолӣ хандаовару хурд ба назар менамояд, аммо чӣ метавон кард.
Ба ҳар ҳол акнун ман худ метавонам калимаи дилхоҳро дар пешониам нависам ва ҳуқуқи ман ба ин аз болои ҳама гуна писханд убур мекунад — дандонҳоятро эҳтиёт бикун, одами аблаҳ, сари чӣ механдӣ, одами аҳмақ, ту ба худат механдӣ. Омин.
Шарфи рангоранг аз нафасам моломол аст, барф дар ҳаво об мешавад, феврал лоф мезанад, ту бохтӣ ё шояд бурдӣ, ту ҳамаро ба ман омӯхтӣ, аммо ман аз гузашта хеҷ сабақе бардошта наметавонам.
Акнун дар остона истодаам, фарзандонам саволомез ба либоси зимистонаи ман менигаранд, чашмонашон гарм аст, чашмони онҳо менигаранд.
Мепурсанд: ба куҷо, ба муддати тӯлонӣ?
Ба қароре омаданӣ мешавам: равам, ба пас нигоҳ накарда? Ва ё баргардам — болои даст бигирам?
Чӣ тавр бифаҳмам, чӣ ба онҳо ёрӣ мерасонад?