Аз силсилаи «Гимн»

Дар дурдаст

Бетафриқа бар шуҳрату ҳурмат, ба шуҷоат
Дар ҳифзи ту ман сина ба ҳар тир кушоям.
Монандаи сарбоз ба як гӯшаи дуре
Ман рӯзу шаби умри туро ҳифз намоям.

Аз тири қазо захм чу садбарг шукуфост,
Ҳар хор ту мегӯӣ, ки худ ҳофизи ишқ аст.
Дур аз ту дар ин гӯшаи мурғони муҳоҷир
Ҳар узви ман антенаи ту, роизи ишқ аст.

Гап нест, чу ёрон ба фаромӯшӣ диҳандам,
Бори ғами ёрон ба дилам манбаи ёд аст.
В-он гаҳ, ки шавам хастаи данёи дур аз ту
Ба тири ту оғӯши ман умрест кушодаст.

Ёди ту маро ҳеҷ намонад, ки шавам суст,
Баръакс бувад нури дилу чашм дар ин раҳ.
Бинам, ки дар ин гӯша ба танҳоӣ расидам,
Сатрам чу дароз аст, бувад зиндагӣ кӯтаҳ.

Дар хонаи шустушӯ

Сигори ман занад кафке чу собун,
Туро дар умқи оби ишқ шӯям.
Шудем испедмӯ чун моҳи июн,
Магӯ аз марг ҳаргиз рӯбарӯям.

Нигоҳат бигзарад аз обу аз ман,
Бигӯӣ чун насим аз худ вазида,
Каси бе ёди мурдан зуд мирад,
Ки бе андеша з-олам кай рамида.

Ба шампун шуста, механдам ба посух,
Азизам, ту чу баҳри сабз пирӣ...
Қабои махмалин дар рӯи курсӣ,
Бигиряд буғ ба ашконам ба дерӣ.

Дар ҷангал

Яхи якумра шуд дар чашми ман об,
Якасра торикӣ дар дидаам сӯз.
Ману ту мусбату манфӣ ду ноқил,
Ману ту ноҷудо мисли шабу рӯз.

Манам ҳамсар фитода пеши поят,
Ба сутхонат нами ашкам расонам.
Зи сутхоне, ки рустӣ Одами ман,
Бихушконам, ки дар ҷагал бувад нам.

Ҳазорон сол бигзашт аз адам лек,
Нарафт ишқат, ки он яктост, яктост.
Ҳама маънои ҳастиву ҳақиқат,
Нарафт ишқат, ки асли маънии мост.

Аз он пашми тило то реги тилло,
Бишуд аз ишқи поки мо муҷалло.
Ҳама бебахтиву бахт аз муҳаббат,
Вале аз макр шуд олам таҳи по.

Суханро дода рангу бори дигар,
Барои ишқ мебардор соғар.
Намирад сояат, эй рӯшани ман,
Чу рафтӣ ту, равад хомӯш аз бар.

Дар назди дарвозаи Яффо

Ман Суламифи туям, шоҳи куҳани ман Саломон,
Мушакҳои ту суст шудаанд, аммо нигоҳат гузаранда аст.
Асроре нест барои ту, аммо, нигариста ба ёнаҳои сабз,
Ту мани то пошнаҳо хилъатпӯшидаро намешиносӣ,
Аз миёни кампираконе, ки ангури сурх мечинанд.

Ҳатто дар ҳолати бараҳнагӣ ҳам намешинохтӣ, чун мавҷҳои
                                                                                  рег шиками маро,
ва кайҳост, ки пойҳои ман чандирии химчагини худро гум кардаанд,
синаи ман чун меваи пажмурда дар нахли куҳан,
аз моварои пӯстҳо рагҳо намудоранд чун аз моварои қаноти сӯзанакҳо
ва гоҳе ман туро интизорам дар дами дарвозаи Яффо.

Аммо ба ту наздик намешавам, чаро малӯл кунам шоҳро?
Мард бо рӯҳаш шуҳрат дорад, зан бо ҳуснаш.
Аз оғӯши ту сард гаштаву боз даргирифта,
Ман роҳат кардам аз суруди ту на камтар аз пайкари чандират,
Зеро ишқ ба шарофати суруд ба вуҷуд омадааст.

Ваҳ, бо чи суханҳое ту сомеъаи маро бедор кардӣ,
Ҳатто мӯйи маро бо зулфони офтобӣ шабоҳат додӣ,
Барои эҳтироси берӯҳ даҳмарда ҳам ба кор меояд,
Аммо сухан дар сари он нест, ки хун ҷӯш занад чу оби ҷӯшида,
Балки дар он аст, ки дил чу патҳои пухтаи шафтолу парвоз кунад.

Ман суханҳои туро чашидам, чунон ки ору ғубори гулро,
Наход, шоҳи ман, суруди дӯстдоштаи ту ба васфи зебоӣ
То ту дастраси ягон сарояндае набуд,
Ҳамин ки ту пир шудӣ, туро ба оворагӣ овард –
Ба саҷдаи гӯсолаи тилоии аҷнабӣ овард?

Дур аз ту бо ҳама муҳаббат барои ту
Ҳамеша дуо мекунам. Ва ҳоло ҳам дар хамӯшии шабона
Ҳафт шамъро дар зарфи регӣ дармегиронам,
Медаронам куртаамро ва мечошам хокистари сӯхтаро
Ба сафедиҳои мӯ: Шоҳро қувват деҳ ва гӯсоларо сар бибур!

Дар хараки боғ

Хараки боғ, ба байни алафи бегона
То шаби тор нишинем ба дур аз хона.
Пушти по карда ба синн пешиниён пиронро
Мо ду пирем, надорем тавони дигар,
Ки нишинем ба ҳам бе фару бе шӯру шарар.

Рӯзи мо гашта тиҳӣ аз ҳама ташвиш дигар,
Кори мо гашта кунун бастану бикшодани дар.
Ба чӣ минвол расам то дари дорухона,
Ба чӣ пул дору харам рафта бурун аз хона,
Пухтани шарбати меваст ба мо касбу ҳунар.

Хаста аз хондани журнолу китобем дигар,
Рӯзнома ҳама пур гашта зи ҳангомахабар ,
Қартабозист кунун шуғли гирифтории мо,
Лек аз бохтананат тарс маро дар ҷон аст,
Нест дар бохтани карта туро ҳеҷ ҳунар.

Бохта менигарӣ ҷониби ман мисли паланг,
Ҷанг бар мард бувад арсаи номусу нанг,
Саҳнаи вақт... туро зинда расонидам, шукр,
Гарчи дар Ҷанги бузурги ватанӣ будат ҷанг,
Ту маро гӯш макун, гарчи бигӯям сад ранг.

Картаҳо рангибаранганд чунон ҳолати мо,
Он яке муждаи васл асту яке пайки фано,
Гарчи осон бирасидат, биравад боз осон
Шоми ғарқи таманност зи амри фардо,
Рӯзи дигар чӣ паёми дигар орад зи Худо.

Рашк

Меравад, чашмам ба пушташ аз тиреза...
Рашки ту таъсирбахшу хандаовар, —
Ту намебинӣ, ки ҳам пирам ва ҳам безеб,
Ғайри ту лозим набошам бар каси дигар.

На, чи ҷои хандаву таъсир, зеро ту
Хуни моӣ, бар танат мӯина пӯшида,
Аз табиат сар ба пои туст камбудӣ,
Аз сари рашкат ба кас хезӣ насанҷида.

Назди мо ҳар кас зи роҳи нек меояд,
Ё барои тоза кардан ё ба ислоҳи мурувват,
Боз гул ҳам баҳри ман бо хеш меоранд,
З-он ки ман ҳастам парастори ту бо иззат.

Боз андар ҷони мо умедҳое ҳаст,
Зистан бо обрӯ, бо давлати пирӣ.
Дӯстдоре будан андар синну соли мо,
Ҳамд бишнидан, ки аз он лаззате гирӣ.

Рашк бар ман мекунанд аз бо ту буданҳо,
Ин бувад, ки рашки худро мон ту бар сӯе.
То дар ин дунё, ки бад бисёру фурсат кам,
Во кунам дарвозаро бар кас ба хушхӯӣ. 

Вохӯрии мо

Мезанад эзорсурхак нӯл — кирмак ҷустуҷӯ дорад,
Хестам ман субҳу хезонамт, мефорад- намефорад?

Хизмататро кардаӣ ту бешумору беадад, эй дӯст,
Заҳмати бисёр кардӣ, то ба охир мерасад, эй дӯст.

Мурдахона сард буду он ятим пеши табибон рафт,
То барад тобут баҳри ҷустани ҷон рафт.

Маънии махфист дар пайванди ду тақдир,
То ки бошад гарм ҷонат, ман шудам ҳозир. 

Бар сари корез

Азизам, мон, ки соҳибхонаҳо аз дай биандешанд,
Таваҷҷуҳам бар он бошад, ки дар ин ҷо
Тамоми сабзаҳову баргҳову тайласон аз зиндагӣ шодоб
Чу ҳарфи сабз гардида дар авроқи кабуд пайдо.

Ва шояд бар ту аз Одесса, аз Боку барои ман
Саломе ҳаст чун пешин, чу худ Маскав ба пушти мост.
Ману ту ғуссавар, овои мурғон аз алафзор аст,
Ману ту ғуссавар, овои « ку-ку» аз куҷо пайдост.

Бале, империя бигзашт, андар зодгоҳи мо
Ба олам омада чун одами нав кишвари дигар.
Маро ин ҳодиса чун ғеша андар рӯҳи ман руста,
Ба дандон тундии нопухта гӯӣ мезанад ханҷар.

Чу кастона дар он ҷо лафзи русӣ нашкуфад дигар,
Ба русӣ кай дигар гӯянд дар он ҷо ба ҳам: инҷир.
Намезебад, ки мо маҳзун шавем аз олами рафта,
Вале чун метавон тан дод бар ин ғуссаи тақдир.

Аз ин рӯ аз захира дар зимистон ҳарфҳо мегӯ,
Ғами моро барад аз мо хаёли рӯзгори хуш.
Зи мо ғам мегурезад, то ту ҳастӣ дар канори ман,
Канори ғам набошад бо ту будан дар канори хуш.

Садои мавҷҳои баҳр таскин медиҳад моро,
Маро ин зиндагӣ хуш бод бо ин меҳру ин бовар.
Ба оҳанги ҳазини дил барорам ин дуо аз лаб:
Замино, бо ҳама нерӯи охир бош зеботар.

* * *

Ту қурбонии тоҷӣ, ман шикори эҳтимоли худ,
Ба ин қоил шудан нанге надорад дар маҷоли худ.

Чу будӣ ҳамнавои ҳастии неку сиришти пок,
Ба чашми вақту ин олам нигаҳ андохтӣ бебок.

Ба д-ин пирии пирӣ мо ҷавону пуртавон ҳастем,
Басо зарби замон дидем, аз ин рӯ ҷавон ҳастем.

Касони дода ҷон дар роҳи ҷонон зинда мемонанд,
Барои он ки танҳо ҷоннисорон зинда мемонанд.