Масхараӣ
...Ё Трепанга халиҷ оё
Ё ки дар хоби аҷина он яке дарёнавард,
Аз паси тиреза мебинад ҷазира
Пеши чашм оби ғализи баҳр.
Андар он ҷое, ки мегӯӣ филм дорад идома,
Мекунад аблаҳ қафасро боз,
Мепарад мурғе ба шодӣ,
Мезанад маҳмез палтопӯш аспак бар фароз.
Бин, ки ширинкор ҳазёнро
Бас ҳунармандона ҷавлон медиҳад.
Дударо бо сеҳр рангин мекунад,
Табъи рахшон медиҳад.
Ин дурӯғин зиндагиро мебарад
Бо ароба ҷониби ҳар сӯй ширинкор,
Ё фаришта мебарад ӯро
Аз деҳе бар деҳ беозор.
Бингарӣ бо чашми ибратбин
Аз ҷазира ҷониби соҳил.
Чашмҳо бозанд аз ин бозӣ,
Ҳарф ҳазён, зиндагӣ ботил.
Ё ки дар хоби аҷина он яке дарёнавард,
Аз паси тиреза мебинад ҷазира
Пеши чашм оби ғализи баҳр.
Андар он ҷое, ки мегӯӣ филм дорад идома,
Мекунад аблаҳ қафасро боз,
Мепарад мурғе ба шодӣ,
Мезанад маҳмез палтопӯш аспак бар фароз.
Бин, ки ширинкор ҳазёнро
Бас ҳунармандона ҷавлон медиҳад.
Дударо бо сеҳр рангин мекунад,
Табъи рахшон медиҳад.
Ин дурӯғин зиндагиро мебарад
Бо ароба ҷониби ҳар сӯй ширинкор,
Ё фаришта мебарад ӯро
Аз деҳе бар деҳ беозор.
Бингарӣ бо чашми ибратбин
Аз ҷазира ҷониби соҳил.
Чашмҳо бозанд аз ин бозӣ,
Ҳарф ҳазён, зиндагӣ ботил.




