Фаришта
Он зан кайҳо дар ин шаҳри кўчаки шимолӣ нест ва касе дар хонаи аҳмарфоми фаросўйи дарёчаи Корога намезиҳад. Валекин чун ба Анисим Иванович ғанаби нимрўзӣ тасаллут ёфта, сояву суроби манораҳо ва деворҳои пушти тиреза ранг мебозанд, пеши назари вай дар гулгашти барфаш рўфташуда бонуи миёнақади ситорагарме падид меояд. Чашмони бону фараҳбору фурўғнисоранд, овози пасту ҳалимонааш гўшнавоз аст, мўзааш дар фарши айвонча ғарч-ғарч мекунаду ҷорўби дасташ хаш-хаш. Ў ба кулбаи аз гармии бухорӣ тасфон медарояд, либоси болоияшро мекашад ва хандон-хандон ба чойнўшӣ меоғозад. Бо назокати бонувона рўйи пиёла хам шуда, ба ҳалқакулчаи намаксуди дўстдоштааш қисир-қисир дандон мезанад. Сонӣ боз автобус меояд ва аз он хамёзакашон сайёҳони аз кўфти роҳ ланҷу лакот мефуроянд. Любов Фёдоровна аз ҷо бархеста, бо табассум истиқболашон мегирад ва онҳоро тавассути гулгашт сўйи манораи баланди болои дарвоза, ки боднамое ба сурати фариштаи шайпурнавоз дорад, роҳнамун мешавад.
Ў бо дасташ фариштаро нишон дода, чизе мегўяд, ҳатто аз дурӣ Анисим Иванович буғи даҳонашро мебинад, ки доира-доира берун гашта, ба қабзаҳои гесўйи тилорангаш яхча мебанданд. Лек мардону занони хоболудро на аз бону парвоест ва на аз фаришта, онон байни ҳамдигар чона мезананд, кароҳатомез абрў чин мекунанд ва барои бону беҳадду канор алами Анисим Иванович меояд, мехоҳад ҷаста барояду зоиронро, мушобеҳи кўдакони бадтарбия, гўшмол диҳад...
Вале бонуи наҳифандом ва атрофиёнаш дар шодурвони барфрезаҳо ғойиб мегарданд ва чи басо даврон мегузарад, то даме ки ў бозмеояд, дастонашро назди бухорӣ гарм мекунад ва шомҳангом чашмонаш дар партави оташ зиё меборанд.
— Анисим Иванович, — мегуфт бону, мад кашида, — аҷаб номи ғалатие доред, азизам. Ва худатон ҳам аҷаб ғалатиед.
Посбон сурх мешуд, атса мезад. Аммо Любов Фёдоровна ба чашмони озармгину сурурманди вай бо чунон содадилие менигарист, ки ҳатто агар ба майнаи Анисим Иванович андешае роҳ ёбад, ки ин бонуи шўх мазоҳаш мекунад, боз ҳам намеранҷид. Ва бо диққат гўш мениҳод, ки чӣ тариқ бону роҷеъ ба гунбадҳои калисоҳо, ғурубҳои зангорӣ, манораҳои одӣ ваҷдомез сухан мегўяд. Лек ба зудӣ, ба зудии зуд, бегоҳ фаро мерасид ва бону ба кўчаи тирафоми бекас баромада, сўйи хоначаи хидматияш ба он сўйи дарё роҳ мепаймуд. Он гоҳ ў ба худ тасаввур менамуд, ки чӣ сон ин бонуи ҷавони дар донишгоҳ таҳсилварзида об мекашонад, ҳезум мешиканад, дар бухорӣ оташ меафрўзад, ғизои шомгоҳӣ омода месозад ва сипас шаби дароз танҳо нишаста, ба хишир-хишири ҷонварон ва нўлаи бод андаруни лўлаи дудбаро гўш медиҳад.
«Бону меравад, ҳатман меравад», — меандешид Анисим Иванович, — монанди ҳама касоне, ки то ў дар ин ҷо ҳаёт ба сар бурда, саранҷом таркаш намудаанд, рахт бармечинад. Валекин моҳ аз пайи моҳ сипарӣ мегардиду Любов Фёдоровна ба ҳеҷ куҷо намекўчид, чашмонаш нишотмандонатар фурўғ мепошиданд, овозаш, мушобеҳи танини қатраҳои борони найсонӣ, ки аз боми калисо фурў мечаканд, ҷарангоситар мешуд. Ў соатҳо дар анборҳо ғайб мезад, иконаҳо ва китобҳои бостонӣ, асбобу анҷомро аз назар мегузаронид, Анисим Ивановичро сўйи худ мехонд, чизеро мепурсид, чизеро тавзеҳ медод, дар дафтарчааш чизе менигорид, акс мебардошт ва зимнан дар чашмонаш чунон саодати беҳадде инъикос меёфт, ки посбони туршчеҳраву одамгурез, ки барояш чӣ биноеро муҳофиза кардан бетафовут буд, бидуни ихтиёр аз ин пас ба калисо таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Вай аввал аз кунҷковии худ шарм мекард, лек чун бону ҳавасманд мегардонидаш, ба тааммулу тафаккур варзидан пардохт.
— Ту, Любов Фёдоровна, мегўйӣ, ки айёме Игнатийи валӣ умр ба сар мебурд ва ба ў боре ваҳй омад: бирав ба Корога ва он ҷо нишеман бигир. Аммо ман чунин фикр дорам, ки Игнатий худ марде буд заковатманду фаросатманд. Хархашаҳои ҳамондавраинаи Маскав ба дилаш заданд ва ў бархосту раҳ пеш гирифт сўйи беша. Чун ба соҳили кўли мо расид, солмунмоҳиеро ба шаст овард, мазаашро чашид, сонӣ ҳамин ҷоро манзил қарор дод. Агар аз ҳар навъ аломоту каромот пурсӣ, инҳоро ё одамон солҳои баъдин паҳн кардаанд ва ё худаш бофтааст, ки мабодо ўро аз ин маъвогаҳаш биронанд.
Бону гесўвони рўйи китфҳояш парешонро афшонда, дўшизавор ва марғуладор қаҳ-қаҳ хандид:
— Оҳ, Анисим Иванович, шумо бояд на осорхонаро нигаҳбонӣ, бал роҷеъ ба омўзаҳои даҳриёна мавъизахонӣ мекардед. Он гоҳ тамоми профессорҳоро ба як нўл мезадед.
— Ту маро ба даҳригӣ муттаҳам насоз, духтарак, — ранҷид ў, — магар ман барои ту ягон аблаҳам?
Сипас хомўш монд, валекин таҳаммулаш ба дарозо накашид, — чашмони Любов Фёдоровна он сон меҳрогин зиё пошиданд, ки Анисим Иванович боз даргирифт: — Ту чӣ гумон бурдӣ? Роҳибон ҳам мард буданд. Ман ба ту мегўям: занбезор шуданд, аз ҳамин боис рўзгори узлатиро ихтиёр намуданд. Хоҷагии худӣ созмон доданд, моҳигирӣ мекарданд, боғ мепарвариданд ва ин ҳама дар маҳалли мо сурат мегирифт. Ҳозир чӣ?
Посбон даст афшонда, гиреҳ бар ҷабин андохт. Бону ҳам ғарқи андўҳ гардид ва аз сарвари осорхона шикоят намуд, ки ба ҳеҷ чиз кораш нест, маблағҳоро чошу пош кардааст, нигораҳои гаронарзиштарин ба Маскаву Ленинград кашонда шудаанд.
Анисим Иванович хайрхоҳона гўш андохт ва таскиномез гуфт:
— Роҳбари собиқ аз ин ҳам хабистар буд. Дар давраи вай то худи замони ҷанг иконаҳо бар фарш рў ба само мехобиданд ва одамонро маҷбур менамуданд, ки боло-болои онҳо равуо кунанд. Ин айём ҳадди ақал чунин бесарусоҳибӣ нест.
Шаҳрак дар хилватмакон ҷой дорад, зиёратгарони андакшуморе ин ҷо қадам мемонданд ва ҳарчанд масъулин мебоист кайҳо ба тармим мепардохтанд, онро доимо мавқуф гузошта, калисоҳои футуррафтаро яке пайи дигаре мебастанд ва ҳамагон ба ин хў гирифтанд: нигора кам бошад, кор ҳам кам аст. Танҳо Любов Фёдоровна барошўбид:
— Ҳой, ба ман фаҳмонед, чаро мо, аҳли кишвари сарватмандтарин, ба коинот ҳазорҳо радифи маснуъ мефиристем, коргоҳҳою пойгоҳҳои беҳисоб месозем, аммо барои таъмири осорхонае, ки баҳо надорад ва агар нест шавад, бо ягон чиз иваз нахоҳад гашт, навад-сад ҳазор сўм ёфтан наметавонем?
— Биё мон, Любов Фёдоровна, — бо оҳанги қатъӣ эътироз намуд Анисим Иванович, — кадом коинот? Соли шастуякум, ки Гагаринро ба фалак равон карданд, чанд сардор ин ҷо омаданд, хостанд калисои ҷомеи марказиро хароб намоянд. Гуфтанд, Худо нест, илм номавҷудияшро ба исбот расондааст, валекин калисои шумо хеле баланд, аз ҳама иншооти шаҳр баланд аст ва ин мардумро ба хиҷолат меандозад. Меҳнаткашон талаб доранд, имзо ғун овардаанд, — ғазабнок ба замин туф андохт, — он замон фақат як омил наҷот бахшид: маводи тарканда камӣ кард. Ҳоло, ки касе ба мо кор надорад, шукри Парвардигор.
— Эҳ, чаро шумо ҳарфҳои беҳуда мегўед? — оташ гирифт бону. — Имрўзҳо кӣ иҷозат медиҳад, ки ёдгореро битарконанд?
— Хайр, агар натарконанд ҳам, ягон зиштамалии дигаре содир мекунанд.
— Не-не, — гуфт бону бо матонат, — ман ба маркази вилоят меравам ва ба мақсадам ноил мешавам.
Ва ҳақиқатан ҳам ў раҳ пеш гирифт. Чун бозомад, аз чеҳраи сурхидаву озурдааш дида мешуд, ки сафараш, тавре посбон чашмдор буд, ба нокомӣ анҷомидааст. Анисим Иванович пурсуков нанамуд, вале фардорўз худи Любов Фёдоровна даҳон кушод:
— Маро берўйии ин разилон ба шигифт намеоварад.
Анисим Иванович як қад парид, чунин суханони дурушт ба ин бонуи назокатманд ҳеҷ намечаспиданд.
— Шумо ҳақбаҷонибед, аз онҳо имдод нахоҳад расид. Аммо одамон, одамони одӣ, барои чӣ онҳо ба ҳама чиз ин қадар оромона менигаранд? Кулли нафароне, ки ман ба онҳо рў овардам, хоҳиш намудам, ки оянду дастикам барои партовғундорӣ ёрӣ диҳанд, хандиданд ва ё сукут варзиданд. Ҳол он ки шаҳр ба шарофати дайр арзи ҳастӣ намудааст. Валекин бипурсед, аз сокинони таҳҷойӣ кадоме лоақал як бор ба осорхона қадам гузоштааст? Ман шахсан ин ҳама вақт ягон касро надидаам. Ба ин ҷо аз ҳазорҳо километр дурӣ сайёҳон меоянд, лек онҳое, ки зери ин деворҳо мезиҳанд, донистан намехоҳанд, ки баъди даҳ сол деворҳо метавонанд фурў афтанд.
Анисим Иванович хомўш монд, вале пеши худ андешид, ки ин воқеият ҳеҷ шигифтангез нест. Одамон маҳз аз ин сабаб одаманд, ононро зуҳуроте ба ташвиш меоварад, ки ҳар рўз вомехўрандаш, масалан, фурўшгоҳҳо холианд, роҳҳо вайронанд, бемористон харобистон шудааст, валекин дайр чизест бегона, он барои шахсоне мавҷуд аст, ки савори автобуси сурхфом меоянду мераванд ва аз байни мағозаҳо фақат ба мағозаи китобфурўшӣ сар мехалонанд. Агар фардо дайр аз миён равад, эҳтимол касе ғам нахўрад, ба худи Анисим Иванович ҳам аз осорхона чӣ суд?
Вале бонуи наҳифпайкари пурэҳтирос вайро ба изтироб меовард, вомедошт, ки посбон ба дунё бо чашмони ў нигоҳ афканад ва андар замири ў андўҳи кундеро бедор месохт. Анисим Иванович, ки худро ҳаргиз ба ғаму ғуссаи зиёдатие мубтало наменамуд, ба ҳама рўйдоди қисмат сар мефуровард ва солҳои охир берағбату бепарво буд, ногоҳ ба андешаварзӣ пардохт, ки ҳаёташ қариб сипарӣ шуда ва пучу бемаънӣ сипарӣ шуда: вай саломатияшро ҳанўз айёми ҷавонӣ дар корхонаи таҳияи чўбу тахта аз даст дод; завҷаи умрбод бемораш якчанд сол қабл оқибат аз ранҷи рўзгор бираст. Кирдигор фарзандро лоиқашон надид, филҷумла, ҷуз ҳамин посбонхона барояш чизе намондааст.
Ин фикрҳо ба майнаи Анисим Иванович пештар низ мечархиданд, вай ҳамеша аз онҳо меҳаросид, лек онҳоро рафъ намудан метавонист, зеро бо зўри бода фурў менишондашон. Акнун ўро масъалае азоб медод: чаро ин тавр шуд ва ин ба кӣ лозим буд, ки бад-ин миқдор нерў сарф карданд, дар ҷанг ғолиб омаданд, вале зиндагӣ бадтару бетартибтар гашт, аз ҳама ваҳшатангезаш, одамон одамиятро аз даст доданд, ба ваҳшигӣ гароиданд, виҷдонро пушти по заданд. Ин афкор дилгираш мекарданд, хашму ғазаб мушобеҳи як лўнда роҳи нафасашро мебаст. Валекин бонуи бегона, бонуи аз кадомин дуриҳо омада, ки ноогоҳона чунин андешаҳоро дар дили ў бармеангехт, ба тариқи аҷибе сабукруҳиву сабукҳолӣ низ меовард. Ва агар бону бебозгашт аз шаҳрак мерафт, вай ин маҳрумиятро, дар қиёс бо фирори даврони бачагӣ аз хонаи васеи падар ба ҷангалистони пурбодлох, сангинтар аз сар мегузаронд.
Анисим Иванович дар бораи худ ба Любов Фёдоровна кам ҳикоя мекард, меандешид, ки дар ҳаёти вай барои бону ягон ҷанбаи ҷолиб мавҷуд нест. Лек ҳангоме бону, гулўяшро аз дами бод сармо хўронда, тамоми шом сукут меварзид ва қулт-қулт алафчой менўшид, ба посбон чунин метофт, ки ҳатто фақат ҳузури ў дар ин хона тасаллияш мебахшад ва дардҳои бисёрсолаашро сабук менамояд, ҳамзамон бо ин андеша дар дили Анисим Иванович ҳисси ташвишу ғамхорӣ нисбат ба Любов Фёдоровна роҳ меёфт, биангорӣ, ў духтараш, духтари нохуҷастақисматаш бошад. Валекин, чунон ки Анисим Иванович ба бону дар боби худ кам қисса мекард, бону ҳам аз рўзгораш лаб намекушод, бад-ин лиҳоз Анисим Иванович роҷеъ ба ў чизе намедонист ва сарфаҳм намерафт, ки ба хотири чӣ ин гуна зани ҷозибаноку оқила дар айёми беҳтарини ҳаёти худ тани танҳо ба чунин дурӣ омадааст. Ў бо ягон сокини бумӣ сарукор надошт, ба кинотеатр, маҳфили рақс намерафт. Анисим Иванович, ки худаш дар корҳои ишқу ошиқӣ ҷасоратманд набуд, ба хулосае омад, ки боиси ин амали бону беҷуръатист. Вале Любов Фёдоровна таваҷҷуҳи касонро ҷалб менамуд. Боре як дўсти Анисим Иванович — шарики моҳигирии ў, ки писараш аз хидмати ҳарбӣ баргаштааст, аз хусуси зани мусофир сухан кушод.
— Ў ҷуфти бачаи шўрапушти ту нест, — туршрўёна гуфт вай ва суҳбат бо ҳамин анҷом ёфт.
Валекин рўзи дигар Анисим Иванович бонуро бо моҳишўрбо зиёфат дода, гўиё ҳамту дар омади гап, дармонда-дармонда, оид ба он ҷавон суҳбатро шуруъ намуд. Бону сукутмандона моҳишўрбо мехўрд ва посбон аз итоаткории ў ба илҳом омада, роҷеъ ба он, ки бачамард, албатта, дар донишгоҳ таҳсил наварзидааст, лек одами бад нест ва маоши хуб низ ба даст меорад, сухан кард.
Любов Фёдоровна сар бардошт ва оҳиста ба забон овард:
— Аз шумо хоҳиш мекунам, дигар ба ман дар ин бора ҳарф назанед.
Ва аз ҷо бархеста, ҷониби дар равон шуд. Дили пирмарди фарсудатан ба сўзиш даромад, биандешид, ки бону аз ин пас барои чойнўшӣ намеояд, танҳо гоҳи аз наздаш гузаштан бо чашмони бегона ба ў нигариста, бо забони бегона ба ў сухан гуфта, сардоҳанг салом хоҳад дод. Бечора Анисим Иванович намедонист, ки чӣ чора ҷўяд, чӣ сон хатояшро ислоҳ намояд. Лекин шояд раҳми бону омад, ки ҷонибаш рў гардонд:
— Шумо гумон мебаред, ки ман бадбахтам, а? Ман ин ҷо озодам, мефаҳмед? Ман ба тарзе, ки мехоҳам, зиндагӣ мекунам, кореро, ки писандам аст, анҷом медиҳам, ба ҳеҷ кас вобаста нестам. Ман ба ин ҷо мушобеҳи Игнатий аз кашокашҳои Маскав гурехтаам ва бароям ин дайр, ҳавз, кулбачаам дар он сўйи дарё, ин китобҳои куҳан, бойгонӣ азизанд, аз ҷумла шумо низ. Ҳатто аз сайёҳони каллавараме, ки гоҳ-гоҳ ба майнаашон лоақал мазмуни кўчакеро ҷой кунондан метавон, бадам намеояд. Ва ҳар гоҳ ки андўҳ фароям гирад, фариштаи болои дарвоза ба ёдатон ҳаст? Он замон ман ба ў менигарам ва андеша меронам: садҳо сол муқаддам ўро ин ҷо гузоштаанд ва ў шайпур дар каф ба рўзгори табоҳи бадахлоқонаи мо дида медўзад. Борон, шамол, барф, офтоб абгораш мекунанд, аммо ў бо вуҷуди ин ҳама ором-ором шайпурашро менавозад, то он рўзе, ки сури исрофилии даҳшатангезашро бидамад. Хайр, чаро шумо ба ман ин қадар тараҳҳумомез менигаред? Беҳтараш, ба моҳишикор ҳамроҳатон баред, қасам ба Худо, ки халал намерасонаматон.
Анисим Иванович аз дил гузаронид, ки бону роҷеъ ба моҳигирӣ ҳамту дар омади гуфту бас, валекин баъди як ҳафта онҳо равон шуданд. Любов Фёдоровна аввал худро нигоҳ медошт, хамўшӣ меварзид ва мушоҳида менамуд, ки посбон чӣ сон асбобу анҷоми моҳигириро уҳда мекунад, лек сонӣ ба шавқ омад, аломоҳӣ ва хўсандамоҳиҳоро аз об берун кашида, механдид. Ин дам чунон бонафосату боназокат буд, ки ба назари посбон паримоҳии зебое метобид, ки аз пешинаайём ба туфайли муъҷизае зинда монда, тани танҳо рўз ба сар мебарад. Ва ин моҳии гаронбаҳои зебо дар ин кўли хилват чӣ кор мекунад? Чун шабона бону, рўяшро сабук пўшонда, назди гулхан бар шохаҳои арча хобид, замири мўйсафедро ғами ширине фаро гирифт ва худро назди асрори ҳаёти оянда, ки ноаён даъваташ менамуду бахти саид ваъда медод, аз нав кўдак эҳсос мекард. Лек маълум гашт, ки бону нахуфтааст.
Ў ба шуълаи ларзандаву лапандаи гулхан чашм дўхта, ногоҳ ба сухан даромад:
— Шумо гуфтед, ки роҳибон низ мард буданд. Дуруст аст, онҳо ҳам моҳӣ мегирифтанд, ҳам пода мечаронданд, ҳам боғ мепарвариданд, вале ин орӣ аз аҳаммият аст. Дунё, азизам, бар дўши онҳо қарор дошт. Фақат дар китобҳо навишта шуда, ки ҳама воқеаҳо худ аз худ ба амал меоянд. Ҳаргиз ин тавр нест, ҳама чиз ба чизе такя дорад. Масалан, тасаввур кунед, инак шаб аст, мардум хобидаанд, фақат роҳибон бедоранд, ҷумлагӣ барои олам ба ниёиш менишинанд ва бори гарони онро бар дўш мегиранд. Охир, онҳо ба ҷангал на ба он хотир паноҳ меоварданд, ки аз дунё раҳо гарданд, бал ба он хотир, ки дунёро раҳоӣ бахшанд.
Худоё, Анисим Иванович садои Любов Фёдоровнаро чӣ қадар дўст медошт, вале муҳим он набуд, ки ў чӣ мегуфт, муҳим он буд, ки чӣ тариқ чашмонаш шарар мепошиданд, чӣ тариқ пойҳои андаруни мўзача андохтаашро зер кашида, бароҳат менишаст. Ва дили посбон чунон фараҳ меёфт, бовараш намеомад, ки чунин муъҷиза бо вай рух дода истодааст. Он гоҳ мўйсафед нохост ба забон овард, ки «туӣ фариштаи тамоми ҳаёти ман», бону он сон баланд хандид, ки ҷангали хуфта бедор гашт, мурғи шабовез фарёд кашид ва оҳуи лаби обхўра пуршитоб худро ба ҷангалзор афканд. Любов Фёдоровна сўйи вай хам шуд, сарашро байни дастон гирифт, ба сандуқи сина ҷафс кард, рухсори ришдамидаашро бўсид ва пичиррос зад:
— Эҳ, азизам, агар сӣ сол ҷавонтар мебудед, савганд ба Кирдигор, зани шумо мешудам.
Чунин гуфт ва барҷасту ба пушти буттаҳои лаби соҳил давида, худро ба кўл партоб кард ва ба гўши Анисим Иванович шалаппоси об расид. Чун бону дар Корогаи ғанаболуд ба шино даромад, об ҳалқа-ҳалқа даврашро печонид. Хуб шуд, ки Любов Фёдоровна ба посбони аз хиҷолат сурхида ва аз гармии оғўши ў нафасбанд нанигарист. «Ҷонаки ман ту, ҷонаки ман ту», — пичиррос зад Анисим Иванович.
Ин дам низ, ки дар посбонхонаи миёни барф ғўтида нишастаанд, Анисим Иванович, овозҳои бегонаро нашунидаву чеҳраҳои бегонаро надида, ҳамин калимотро мукаррар ба забон меовард. Вай ҷуз бону касе надошт, онҳо сол пайи сол ҳамин тариқ мезистанд, айнан охирин роҳиб ва роҳибае, ки дар маъвогаҳи бенигоҳубину бесомон танҳо мондааанд. Гурўҳҳои сайёҳӣ меомаданд ва Любов Фёдоровна ба онҳо қиссаи ҳазрати Игнатийро, ки дар замонҳои қадим чиллахонаро манзил қарор додааст, нақл менамуд. Сипас ба посбонхона барои нўшидани чойи самовор ва хўрдани ҳалқакулчаҳои намаксуд бармегашт; зимистон пайроҳаҳоро аз барф мерўфт, тирамоҳ баргҳои хазонро меғундошт, бегоҳиҳои тўлонии тобистон ба сайри талу теппаҳои атрофи шаҳр мерафт. Посбон, солиёни зиёд ин ҷо зиста, боре ҳам ба он талу теппаҳо қадам ранҷа нанамудааст.
Аз он баландо аломатҳои харобазоршавӣ ба назар намерасиданд, шаҳраки чўбин назди деворҳои азими дайр фишор хўрда, аз ҷангалистони беҳудуд ба онҳо паноҳ мебурд. Ва аз он ҷо кас намехост сўйи лойқазор, дашномҳои мастона, шиору лавҳаҳои рангпарида бозгашт кунад. Дайр беш аз пеш футур мерафт, биангорӣ, бемории ноаёне онро аз дарун мехўрд ва инак бемории мазкур берун задааст. Гунбад ва манораи яке аз калисоҳо фурў афтод, зери деворҳо гаштан хатарнок шуд. Ва ҳайфи Анисим Иванович омад, на ба вазъи дайр, бал ба аҳволи бонуе, ки соатҳо гирду пеш гашта, кафидагиҳову фурўрехтагиҳоро аксбардорӣ менамуд.
Любов Фёдоровна мактубҳо менавишт, аксҳоро мефиристод, сониян ҳангоми рухсатӣ ба Маскав мерафт. Чун бозмегашт, Анисим Иванович саргаранг мешуд, то ҳамин дараҷа чеҳраи бону ба назари вай хаставу бетоб менамойид. Посбон бо андўҳу алам медид, ки чӣ сон пирӣ ба бону ҳуҷум овардааст, пўсташ пажмурида, дар гирди чашмонаш ожангҳо падидор гаштаанд. Ва Анисим Иванович меандешид, бону ҳам мушобеҳи ин дайри фартут, ки ба касе лозим нест ва касе арҷгузорияш нанамуд, рў ба вайронӣ ниҳодааст.
— Шумо бояд аз ин ҷо равед. Бояд тамоман равед, — гуфт вай, ҷуръат пайдо карда ва дардеро дар замири худ фурў нишонда.
Ин дафъа бону ба аломати эътироз даст наафшонд, фақат лабханди талхе бар лабонаш дамид.
— Оҳ, куҷо меравам ман акнун? Дар он ҷо, Анисим Иванович, чизе надорам, нафаре маро мунтазир нест. Шояд ман беҳуда ин ҷо омадам ва ба ин ҳама корҳо даст задам, аммо илоҷам нест. Танҳо асафангез аст, ки ниятам барор нагирифт. Охир, ман ба патриархия ҳам рафтам, он ҷо низ гуфтанд: Мо барои дайри шумо маблағ надорем. «Пас, бояд нобуд шавад?» — пурсидам ман. Онҳо даст афшонданду бас. Вале, медонед, ман чӣ фикр дорам: бигзор ману шумо фақат ду нафар бошем, ба ҳар ҳол коре аз дастамон меояд-ку, масалан, партовҳоро ҷамъ овардан, деворҳоро андовидан. Муҳиммаш, кўшишу ғайрат аст, ҳамту не? Валекин шумо маро тарк намекунед-а?
Пирмард сар ҷунбонд ва ба дили ҳарду сабукӣ роҳ ёфт. Рўзи дигар дар яке аз толорҳои осорхона қуттии пулғундорӣ гузоштанд. Ва бону зиёратгаронро хоҳиш мекард, ки барои таъмир, ҳар кас ҳар қадар тавонад, пул партояд, онҳо не нагуфтанд. Лек нозири қитъа омад ва аз хайрот пурсон шуда, маблағҳоро ғайриқонунӣ эълон кард. Бону лаб газида-лаб газида, ба суолҳои ў писхандомез ҷавоб дод. Чун ин марди шикамсери палид, ки аз давру бар ришва ҷамъ меовард, ишора намуд, ки шояд пулҳоро бону ба ҷайбаш меандозад, Анисим Иванович худро аз даст дод. Вале ҳангоме достони қуттии пулғундорӣ овоза шуд, муомилаи сокинони шаҳрак бо роҳбалади осорхона тағйир хўрд. Сонӣ занон ин ҷо қадам ниҳоданд ва аз Любов Фёдоровна пурсиданд, ки чӣ ёрӣ расонанд, мардонро бо абзорҳои корӣ фиристоданд. Лек як бор омаданд, ду бор омаданд, акнун мардҳо фақат ба ивази шароб розӣ мешуданд, ки дасти мадад дароз намоянд, ташвиши ҳама аз мўйи сараш зиёд-ку, аслашро гирем, деворандова чӣ корест, ҳол он ки ҳамаашро мустаҳкам гардондан зарурат дорад, масолеҳи сохтмон, техника овардан лозим, ба даст чӣ кор ҳам мекунӣ?
Бад-ин сон, Анисим Иванович ва Любов Фёдоровна бо ҳам танҳо монданд ва бигзор ҳамин тавр ҳам мебуд, бигзор чизе дигаргунӣ намепазируфт — охир, ҳамааш дар як лаҳза фурў намерафт, онҳо ба коми худ боз солиён мезистанд, лекин тағйироте, ки дар бораашон аҳолии шаҳрак, ба ҳукуматдорон аз боиси маҳдудияти хариду фурўши машрубот лаънат фиристода, лавандонаву нобоварона мегуфтанд, саранҷом то ин хилватмакон бирасиданд.
— Шунидед, — иброз намуд боре Анисим Иванович, — ин ҷафопешаи моро аз кор хориҷ кардаанд.
— Хайр-чӣ, — бепарвоёна ҷавоб дод бону, — боз дигарашро мефиристонанд, аз ин тоифа шарирон дар хазинаашон беҳисоб доранд.
— Э, не, сардори нав, мегўянд, аз бўстонсаро даст кашидааст, мошинро худаш меронад, ҳама кору рафтораш ба одамон чун рўз равшан аст.
Гуфтанду шуниданд ва бо ҳамин аз хотир сутурданд, валекин бо убури ду моҳ роҳбарияти нав ба шаҳрак ташриф овард ва пас аз сарфи ғизои нисфирўзӣ ба осорхона сар халонд.
Любов Фёдоровна дар тан корҷомаи гардолуд меҳмононро истиқбол гирифт ва ба онҳо синчакунон чашм дўхт. Аз аҳли рикоб марди солхўрдаи шикамдамидаи қабопўш пеш баромад ва бо нишотмандии дурўғин гуфт:
— Хайр, хўҷаинбону, мулку маконатро нишон деҳ.
— Михал Михалич, ба шумо чӣ рух дод? — абрў дарҳам кашида, дар ҷавоб изҳор кард Любов Фёдоровна. — Боз бемор нашуда бошед? Ин қадар сол аз як канор гузашта мерафтед, имрўз ногаҳон падидор гашта, нишон деҳ мегўед.
Ҳамагон сўйи ў мазамматомез нигаристанд, танҳо марди қадпасти чорпаҳлу, ки ба бар палтои одӣ дошт, куҷковона назар афканда фармуд:
— Любов Фёдоровна, лутф бикунед.
— Рафтем, агар бароятон дилбазан набошад.
Ва онҳоро ба дайр роҳнамун шуд, лек на чунон ки имрўзҳо ба зиёратгарон хидмат мерасонд, бал ҷое бурд, ки деворҳо мерехтанд. Чун ба калисо ворид гаштанду Анисим Иванович қулфи дарро кушод, вазъи ҳавлангез падид омад: шамоли дайду, заҳу нам, зери гунбади сўрох-сўрох зоғони ғавғоӣ, чеҳраи дар нимторикӣ хира-хира намоёни кадом як зоти ақдас. Любов Фёдоровна, гўиё ҳеҷ воқеа сар назада бошад, аз пиллакони куҳнаи шикаставу фарсуда сўйи болохона раҳ мепаймуд. Ў ногаҳ ба қафо рў тофта, гиреҳ ба пешонӣ андохт:
— Кулоҳ аз сар гиред.
— Мебахшед, чӣ гуфтед?
— Гоҳе ки ба хонаи Худо медароед, кулоҳро аз сар гирифтан лозим аст.
— Узр, узр, — марди чорпаҳлу, кулоҳашро гирифт, аз пайи ў дигарон ҳам бо ғур-ғури норозиёна сарҳои калашонро намоён карданд.
Любоф Фёдоровна онҳоро то говгум давр занонд, ҳама тарқишу сўрохҳоро нишон дод, ба тахтаҳои алвонҷхўранда баровард, биангорӣ, бонуи бераҳму бебок онҳоро месанҷид. Анисим Иванович ба чунин амал қодир буданро аз Любов Фёдоровна интизор надошт, аммо ин ҳама ба хотири чӣ? Охир, меҳмонон дигар ба суханони ў гўш намедоданд, кайҳо хаста шуда, хунук хўрда, ба гарду чанг ғўтида буданд, вале чунон тарбия гирифтаанд, ки то он чорпаҳлуи мўзапўш амр надиҳад, сарсониро идома мебахшиданд, ҳарчанд ў шояд ҳамсинни фарзандҳояшон бошад. Ва чорпаҳлу ҳамвора суол медод, лек на дар бораи Игнатийи валӣ, бештар дар бораи он, ки тўли як моҳ чанд гурўҳ сайёҳон меоянд, оё аз онҳо даромад ҳосил мешавад, чӣ миқдор барои шаҳр, чӣ миқдор барои осорхона, чӣ миқдор барои бунгоҳи сайёҳӣ ҷудо мегардад, қавоқ меандохт, ким-чиро ҳисоб мекард. Оқибат ба ҳамроҳони нафасгиршудааш, ки ин ҳангом дар қабати болоии ноқусхона меистоданд ва аз он ҷо саросари ҷангалистон, Корогаи паҳновар, ҷазираҳо, соҳилҳои баланду паст, даравҷойҳо, теппаҳои дарахтпўш ба назар метофтанд, бо садои ҷарангосӣ гуфт:
— Ана пулҳое, ки дар зери по хобидаанд. Ба ҳамаамон кифоят мекунад.
Сонӣ илтифотомез ба бону муроҷиат намуд:
— Ба шумо чӣ қадар музд мепардозанд, Любов Фёдоровна?
— Яксаду бист сўм, — хашмгинона ҷавоб дод ў. — Шумо барои худатон чанд сўм таъйин кардаед? Панҷсад, ҳазор?
— Беҳуда ин тавр мегўед, — созишкорона гуфт мард, — ман дар масъалаи пул фақат бохтаам,
Ҳангоми хайрухуш ба бону рўй овард:
— Любов Фёдоровна, ман ба шумо ваъдаи қатъӣ медиҳам, ки ёрӣ хоҳам расонд. Ҳамаашро барқарор мекунем.
— Эҳ, — даст афшонд бону, — ман ба шумо бовар надорам, ба ҳеҷ кас бовар надорам.
— Ба фикратон, ман бовар дорам? — лабханд зад марди чорпаҳлу. — Хайр, майлаш, ин кори шумо, валекин ман дар навбати аввал ба дайр машғул мешавам.
Ва раҳораҳ тахтаеро аз фарш баргирифта, канор гузошту бадар рафт. Дигарон аз нигаристан ба зани корҷомаи оҳаколуд пўшида нигоҳашонро гурезонда, ба дунболи сардор афтоданд.
— Ана ҳамааш ҷобаҷо шуд, — гуфт Анисим Иванович бо дудилагӣ, — ин мард хоҷагидориро метавонад, ҳеҷ чиз аз дасти ў халос намехўрад, пештар ба ҳайси раиси колхоз фаъолият дошт, одамон аз колхозаш ба ягон ҷо намерафтанд.
— Чашмони вай шариру ҳарисанд, — нохоҳам иҷобат кард бону ва дили посбон аз эҳсоси пешакии фарҷоми баде фишор хўрд, имрўз онҳо ҳатто чой нанўшиданд, — Любов Фёдоровна хомўшона либосашро ба бар намуда, сўйи Анисим Иванович оҳиста сар ҷунбонд ва ба кулбачаи худ равон шуд.
Лек чун моҳи май фаро расид, ба осорхона мошинҳои пур аз хишт, семент, чўбу тахта раҳ кашиданд, як даста тармимгарон омаданд, хоначаҳои ҷамъугиршаванда оварда, дар соҳили кўл барниҳоданд. Байни шаҳриён миш-мише паҳн гардид, ки акнун роҳро ҳам таъмир менамоянд, меҳмонсарои нав месозанд, хатто барои ободонидани бемористон пул медиҳанд. Ва Любов Фёдоровна, биангорӣ, аз нав ҷавону неруманд шуд, ў роҳ намесипарид, бал парвоз менамуд, ба ҳама ҷо расидагӣ мекард ва ёриашро дареғ намедошт, садояш боз мисли ҳашт сол муқаддам ҷарангос мезад. Валекин ҳисси пешомади бади қарибулвуқўъ посбонро тарк наменамуд, дилаш аз беилоҷӣ танг мешуд ва намедонист, ки ба суолҳои шафқатомези бону чӣ ҷавоб диҳад. Сонитар Любов Фёдоровна як рўзи тасфони ҳузнангез ба посбонхона ворид гашта, ба паҳлударӣ такя кард ва бад-ин тарз шах шуда истод.
— Худоё, аҷаб шармандагие, — саранҷом, рухсори сурхидаашро миёни кафҳояш фишурда, изҳор намуд.
— Чӣ воқеа шуд?
— Аҷаб шармандагие, аҷаб шармандагие, — такроран ба забон ронд бону, сипас кафҳояшро фурў гирифта, садҳо маротиба сардоҳангтар аз рўзе, ки мўйсафед барои шўрапуштписар хостгорияш карда буд, садо берун овард: — Магар шумо намедонед? Онҳо дайрро фурўхтанд.
— Чӣ тавр фурўхтанд? — нафаҳмид посбон.
Бону посух надод, Анисим Иванович ҳам, бо тамоми вуҷудаш сукут ва халои даҳшатбореро дар атроф эҳсос намуда, аз гуфтор монд. Ин дам нафаре дарро сабук-сабук ангушт зад, сонӣ ҷавобро мунтазир нашуда, ҳамон марди чорпаҳлуи мўзапўш ворид гашт. Фақат ин, ки чашмонаш мисли онвақта бовармандона не, бал нооромона метофтанд.
— Любов Фёдоровна, — оҳиста ном гирифт вай.
Бону сукут ихтиёр намуд. Он гоҳ мард ба худсафедкунӣ даромад, ки дигар чора вуҷуд надошт, ин ягона роҳ аст барои наҷот бахшидани дайр. Албатта, ин беҳтар аз он, ки дайр хароб гардад. Вилоят ба ин восита соҳиби асъори хориҷӣ мешавад. Дар бораи Любов Фёдоровна гапзанон кард, ўро ба кори сермуздтарин мепазиранд. Тадриҷан ба садои мард қатъият бозгашт, биангорӣ, инак вай ба издиҳоми мардум муроҷиат менамуд. Бону рў як сў гардонд ва посбон дид, ки чашмони ў пур аз ашки аламанд. Он гоҳ Анисим Иванович худ аз худ бехабар, ки чӣ кор мекунад ва чаро мекунад, тунд бархоста, меҳмони нохондаро аз посбонхона берун афканд.
— Беҳуда вайро рондед, — гуфт бону мушаввашхотирона, — охир, вай ҳарчи беҳтар шудани корро мехоҳад. Аздусар, ман дигар ин ҷо мондан наметавонам.
Анисим Иванович ногаҳон хиҷолат кашид, биангорӣ, ба ҳамааш гуноҳи ўст, биангорӣ, маҳз ў калисоҳои сафеду деворҳои куҳанро, паримоҳии гаронарҷи ягонаашро эҳтиёт нанамуд ва, Худо медонад, он шинокунон аз назди ў ба кадом маъвои дур ғойиб хоҳад гашт. Ҳақиқатан ҳам паримоҳии ягонааш, бо касе дуруст хайрбод накарда, ҳамон бегоҳ рахти сафар баст. Аз он рўз то имрўз роҷеъ ба ў хату хабар наомад, — куҷо рафт, чӣ ҳол дорад, нафаре огаҳ нест. Анисим Иванович тоқу танҳо монд, ба гўшаш гапу ҳарфи бегонаи тармимгарони малламўй меомаду бас. Барояш фақат як чиз тасаллибахш аст: чанд рўз пас аз ғайб задани Любов Фёдоровна шаҳрро тундбод муҳосира кард, он сон тундбоди даҳшатноке буд, ки чунинашро пирмардон то бад-ин замон ёд надоранд. Он боми хонаҳоро барканд, ҳезумҳои талчидаро ҳар сў пош дод, дарахтонро фурў ғалтонд. Субҳгоҳ Анисим Иванович дид, ки фариштаи шайпурнавоз ҳам аз баландӣ афтодааст, ба ин сўву он сў дуздона нигариста, вайро пуштора гирифт ва ба посбонхонааш овард, то шабҳо ба таронаи нафистанинаш гўш фаро ниҳад.