Зимистон

Мекунам омода чойу хушк нонамро,
Мекашам аз сурате акси асалро бў.
Мушаке меорад аз таҳхона бар боло
Январи ман — сап-сафед он гурбаи бадхў.

Мекашам то нофи хеш эзорро боло,
Рўшании беҳад аст аз шамъҳо ҳосил...
Мекунам омода чойу нони хушкамро...
«Барфакам!» — мегўям аз ҷон бар азизи дил.

Ў ҳамеҷўшонад оби барфро хомўш,
Ҳамчу моҳи осмонӣ мешавад он об,
Равзани яхбастаро ў мешавад раҳпўш
Бар сари тиллоии монандаи маҳтоб.

Бо суруди тозае, к-аслан бувад дерин,
Медиҳад барбод дарди хешро чун коҳ.
Чойу нонашро чу як ноништаи ширин
Мекунад омода, бар лаб ҳарфи «Баҳманмоҳ».

«Ҷони ман, — мегўяд, — инак мечакад бомам...»
Ман ба ў оҳиста мегўям: «Дареғу дод!»
Карда як ҳамроҳи миз он муши дар домам,
Оҳи сарде мекашам аз дил: «Зи дай фарёд!»

Ў ҳамеҷўшонад оби барфро аз нав,
Мехарошад дегро бо одатӣ кафгир.
Мепаноҳад бо сари пурнуру пурпартав
Мулки оҳу додро дар ин ҷаҳони пир.

Ғарқаи дуди тамоку аз Сибир он дам
Ман ҳамехонам суруди дилкашу дилхоҳ...
Чой ҳам омодаву хушкида он нон ҳам,
Ман ба ў оҳиста мегўям: «Дареғу оҳ!»