Нест дар атроф, не хешу на наздикон...

* * *
Нест дар атроф, не хешу на наздикон,
Баҳр, танҳо баҳр метобад парешон.
Ахтаре ҳамчун чароғе тофт аз боло,
Мавҷ бо мавҷи дигар дар баҳси бепоён.
Нест дар атроф кас (дар зарф заҳр аст),
Шаб фақат ҳангоми торикист.
Мебиёяд зиндагӣ не чун ҷарима,
Гуфтаанд андар китоби рӯзгору зист.
Дар кинофилме (кӣ дорад ёд аз он филм?)
Дар паси Додор он ҷо буд сайёде.
Ҳеҷ кас дигар набуд ҷуз хонаи холӣ,
Як шабаҳ мисли савори пайкари боде.
Фурсати чанде миёни мову он дунё,
Байни мову он қабатҳои сиёҳифом,
Ғӯтавар гардида дар он, баъд мерақсем
Бо ҷасорат, ё ки тарсида зи ҳар фарҷом.
Чун худиҳоро ба оташ... нестанд оё дигар?
Не худӣ, не ақрабое андар он атроф.
Як дамида нури ахтарҳо, на ширину на талх,
Нест дар «Сабти тилоӣ» — ву дар он акноф.
Нест дар атроф кас... дар ҳарф-ҳарфи ман,
Розҳое нокушуда хуфтаанд оё?
Чанд ин ҷо посбон истодаам, дарёб?
Ёбу гир аз шеърҳои ман кунун маъно.
Он гаҳе ки як ба як аз ном мепурсид,
Муждаи васли нигорам чун ҳаво бигзашт.
Дар ҷавоби посухи ӯ лол будам ман,
Бодбезак дар кафам аз бодҳо бигзашт.
Зиндагӣ чун абри тори рӯи қабристон,
Ноаёну нонамоён аз барам бигзашт.
Андар он кишвар ба пушти он пули деҳа,
Сояи хомӯшу тори модарам бигзашт.