Ҷонварони хонагӣ
Дар пуштаи сабз хоби ман бурд,
Бедор шудам ба гиря аз хоб,
Ду одами неку нурафшон
Дар хоб даромадам чу маҳтоб.
Дар хоб ҷавонӣ ёдам омад,
Бо он ду равонаам ба хона.
Он як фару нури хонадон буд,
Буд он дигарӣ фари замона.
Бар ҳарду ниҳода номи заррин,
Сармаст шудам зи номи эшон.
Мон, сояи саг чу гург тобад,
Аммо фари гурба шери ғуррон.
Дар пуштаи сабз хоби ман бурд,
Ман хестам аз замин, ҳаво сард.
Не гурба, на саг, мани сағира!
Як роҳ ба тирамоҳи пургард.
Оё, ки ба ин канораи дур
Он ҷонвари зирак ояд аз пас?
Танҳоиву сардӣ, кишвари ғайр...
Дур аз Ватану на роҳи вопас.



