Бикардам орзу бо ҷуғз гардам ошно, аммо...
* * *
Бикардам орзу бо ҷуғз гардам ошно, аммо
Дареғо, ки надидам ҳеҷ гоҳе ҷузғро бо чашм
Нарафтам ҷониби чархофалак дар боғ,
Агарчи хотири ман об шуд чун шамъ.
Ба ёдам ҳаст, агарчи ақрабакҳое ба шакли бум
Ба рӯи мизи ман дар баччагӣ буданд овезон.
Басе бо мушҳо ман аҳди ёрӣ хостам бандам,
Ки меҳмонӣ равам, оям ба хонешон бародарвор,
Валекин соҳибони хона ҷумла дар сафар буданд
Ва он гоҳе, ки будам хоб бо дарди гулӯ бемор,
Муши дамкардаро бар ҷогаҳи ман зер мекарданд,
Ки овои аҷибе мебаровард аз пасу пешаш.
Чу бар боғи вуҳуш баҳри тамошо мешудам ҳар вақт,
Ба пеши ҳар даре шах гаштаву ҳайрон,
Дар он ҷо аккаҳо бо ғул-ғули худ ҳарф мегуфтанд,
Вале аз ҷангали гармои тобистон ба сӯи ман
Ҳаёти деҳагӣ бо чангу боду хок
Хабар аз дӯстии барабас медод.
Қафо гардонам аз инҳо сари хаста,
Фиканда сӯи боғи шом чархакҳои гардонро,
Барорам ушпулакро аз қафои худ,
Ки то мушҳо ба пичиррас ҳарфи зиндае гӯянд,
Суруди ҳарбӣ то хонад бароям ҷуғз,
Чу бар фарзанди беақлу калони худ.