Аз падар мехостам ҳарфе нависам...
* * *
лек тарсидам, нависам,
инак, акнун шиштаам чун гӯспанд.
худ намедонам чӣ гӯям.
Аз ҳама чизе, ки дорам ёд аз ӯ,
ман фақат як лаҳзаро мехостам гӯям,
не, на сайри лижаронӣ ҳамраҳи ӯ,
не, на аз он сарзузашти пурнумӯям.
Ҳам на аз пиво ба «Дихлофос»,
не зи курсӣ бар сари модар,
не аз он бозичаҳоям, ки барои май
ӯ ба савдо зад ба пушти дар.
Аз падар миннатпазир фарзанд
з-он бувад, ки дафъае дар базми нӯшонӯш,
н-аз Брежнев буд латифа он замон, балки
буд аз «Пинк Флойд», то ҳоло бувад дар гӯш.
Бе ягон шубҳа Wish You Were Here
Бозӣ мекарду агар не, буд равшан
Рӯшноие, ки касро фош мекард,
Мешавад оё гуноҳи хешро охир харидан.
Ба Катя КоповичАз падар мехостам ҳарфе нависам,
лек тарсидам, нависам,
инак, акнун шиштаам чун гӯспанд.
худ намедонам чӣ гӯям.
Аз ҳама чизе, ки дорам ёд аз ӯ,
ман фақат як лаҳзаро мехостам гӯям,
не, на сайри лижаронӣ ҳамраҳи ӯ,
не, на аз он сарзузашти пурнумӯям.
Ҳам на аз пиво ба «Дихлофос»,
не зи курсӣ бар сари модар,
не аз он бозичаҳоям, ки барои май
ӯ ба савдо зад ба пушти дар.
Аз падар миннатпазир фарзанд
з-он бувад, ки дафъае дар базми нӯшонӯш,
н-аз Брежнев буд латифа он замон, балки
буд аз «Пинк Флойд», то ҳоло бувад дар гӯш.
Бе ягон шубҳа Wish You Were Here
Бозӣ мекарду агар не, буд равшан
Рӯшноие, ки касро фош мекард,
Мешавад оё гуноҳи хешро охир харидан.



