Дар бемористон
Агар ин тани фақирам, ки чу косаи қадим аст,
Шиканад зи ҳодисоте, ба куҷо равад равонам?!
Ҳама кас дар ин маконе, ки чу дўзахи сафед аст,
Ба балои худ гирифтору манам дар ин гумонам.
Ба ҷаҳон ғаминтар аз ҳастии одамӣ надидам,
Ки чу он набуда покеву мубораку мубарро.
Ва чу дард имтиҳоне набувад ба кас гаронтар,
Ки ба ҳабби ромиш онро бикунӣ даво ту шабҳо.
Ба сияҳдарахти берун, на муруввате, на раҳме,
Ки ба барфҳои шохаш чӣ такон ҳаменамояд.
Ва кати равону раҳрав ва садои пурғаши он,
Ки дарозтар зи умри гузарон ҳаменамояд.




