Саргузашт
Марди тануманди панҷоҳсола Григорий Петрович Гуляев фавтиду дар хонаи якҳуҷрааш ҳамсараш Наталя Семёновнаи аз ў даҳ сол ҷавон ва писарчааш Воваи ҳаштсола танҳо монданд. Ў боз хешовандони дуру наздик низ дошт, аз қабили хоҳараш Елизавета Петровна, ки дур аз ў мезист.
— Ҳайф шуд Гриша, — гуфт яке аз хешовандони ў кампир Агафя. — Ногаҳону барвақт рафт...
— Кӣ вақти мурданашро медонад? — эътироз кард хеши дигарашон, зани тануманд. — Аз мо, муфтхўрон, магар касе мепурсад, ки кай бояд бимирем.
Ҳамсараш Наталя Семёновна хомўш аз ояндаи худ меандешид. Писараш Вова бепарво буд, гумон дошт, ки падараш ба саёҳати дур рафтаасту ба қарибӣ ў низ ба назди вай меравад.
Ба ҳар ҳол ғами гўру чўбро хўрдан даркор. Айёми душвор — охири солҳои навадуму анҷоми ҳазораи дуюм. Григорий Петрович, ки шахси масъул, хидматчӣ буд, ҳамкоронаш ёрӣ доданд. Масъалаи ёфтани ҷойи қабр каме мушкил шуд; оқибат, ба душворӣ бошад ҳам, ёфтанд дар як қабристони нағзакак. Аммо касе намедонист, ки Григорий Петрович одами диндор буд ё не? Ба ҳар ҳол маросими мотамро аз рўйи қоида барпо намуданд.
Он дар клуби дучархаронон баргузор гашт. Дар қабати аввали бино зали калоне буд, ки тирезаҳояш ба боғчаи сарсабзу тозаяке кушода мешуд. Тобутро дар пешгаҳ — дар муқобили даромадгоҳ гузоштанд. Гул, ҳатто парчам оварданд. Аммо одам зиёд набуд. (Наталя Семёновна дар маросими дафн иштирок кардани Вовкаро нахост, бино бар ин ўро ба бўстонсарои холаи калониаш фиристод.)
Дар даруни тобут Грирогорий Петрович пир ва ба назар на панҷоҳсола, бал сад-саду даҳсола менамуд. Чашмонаш абадан пўшида, пўсташ якбора пажмурда шуда буд. Дастонашро низ тавре гузошта буданд, ки дигар ҳаргиз кушода намешаванд.
Гиряи зиёд накарданд. Танҳо ҳамсарашу хоҳараш фиғон бардоштанду халос. Волидайни Григорий Петрович кайҳо гузашта буданд аз дунё. Ду нафар дўсташ наомаданд барои видоъ. Баръакс, понздаҳ нафар аз ҷамъияти дучархаронони ба аҳли оилаи марҳум ношинос ҳузур доштанд.
— Сакалтуи бисёр омадаст, — норозиёна ғур-ғур мекард кампир Агафя. — Марҳум майзада набуд, ки аз ҳама ҷойи Москва ҳамқадаҳҳояш оянд. Ў одами оромтабиату масъулиятшинос буд, ҳамеша ғами оилаашро мехўрд.
— Бетартибию расвоист, — сухани ўро қувват дод яке аз хешовандон. — Ҳатто дар тобут ором намегузоранд бечораро. Ана ҳамин хел тамоми умр азоб мекашӣ, азоб мекашӣ, дод мезанӣ, ким-чиро меҷўӣ, оқибат ягон подоше нест ба ҷуз дағалӣ. Дар тобут хобию ба рўят туф мекунанд бешармҳо...
— Нагўед, — пичиррос зад хеши сеюм, — ин бачаҳои ношинос яқин сархушанд...
Ин вақт дар бехи буттаҳои ҳавлича ду ҳамсояи Григорий Петрович — Николай ва Сергей барои нўшидан омодагӣ медиданд.
— Хайр, дуо мекунем, — гуфт яке аз онҳо.
— Бале, — посух дод дигарӣ.
Дуо карданду нўшиданд. Сергей ба ёд овард:
— Раҳматӣ пеш аз марг нодуруст рафтор кард...
— Чӣ хел нодуруст? — ҳайрон шуд Николай.
— Занозанӣ мекард ҳама вақт. Барои дупула гап ба фўки одамон мефуровард. Ҳарчанд бемор буд, ақлаш нағз кор мекард.
— Наход, — ҳайрон шуд Николай.
— Рост мегўям, — истодагарӣ кард Сергей ва баъд андешаманд афзуд: — Зиндагӣ ҳамин хел душвор шуд.
— Магар пеш аз маргаш ҳам занозанӣ мекард?
— Бале. Аммо ту фикр накун, ки вай доим авбошӣ мекард. Вақти дар хона танҳо буданаш доду фарёдашро мешунидам. Девори хонаҳои мо бориканд.
— Ба ҳама одамон раҳмам меояд, — гуфт бо овози хиррӣ Николай. — Ў шояд як чизро намефаҳмид: чӣ хел нобуд шудани ҷисмро. Ҷисман бақкувату зебо буд вай. На ин ки...
— Худо раҳмат кунад, — ғурунгид Сергей ва онҳо боз нўшиданд.
Ин лаҳза аз даромадгоҳ Григорий Петровичи зинда ба толори орому сокит ворид шуд. Оҳистаякак, номаълум, бе сару садо мисли паррандаи олами дигар ворид гашт. Аввал касе аҳамият надод: хайр, як нафар омад, шояд ҳамқадаҳаш бо Григорий Петровичи дар тобут хобида видоъ кардан мехоҳад. Худи Григорий Петрович, аниқтараш, ягон раги Григорий Петровичи дар тобут хобида, ҳатто наҷунбид: дароз хоб буд. Маълум ки одами мурда. Аммо Григорий Петровичи зинда оҳиста-оҳиста ба вай наздик мешуд. Оқибат ҳамсараш дод зад:
— Гриша!
Бале, Гриша, ҳамон пиҷак, ҳамон гашт, табассуми шинос, ки дарҳол мефаҳмӣ: Ўст, Гриша, Гуляев Григорий Петрович, шахсан ташриф овардааст. Ҳамзамон ҳамин шахс ботантана, ғарқи гул, ором дар тобут хобидааст.
Наталя Семёновна бори дигар чашмонашро калон кушоду гумбуросзанон ба замин афтид: Гриша!
Рости гап, касе чизе нафаҳмид: ҳама сактаи дил шуд, гўён ба сари Наталя Семёновна давиданду танҳо чанд нафар шах шуда, ба Григорий Петровичи зинда менигаристанд.
Ҳоҳараш Елизавета Петровнаи дурушттабиат (гоҳо дар зери қатора мехобид) каме ба Григорий Петровичи зинда наздик шуда пурсид:
— Ту кӣ?
— Ҳамоне ки дар тобут хобидааст, — гуфт Григорий Петровичи зинда ва ба назди Григорий Петровичи мурда омад. Хоҳари карахтшудааш низ аз қафо наздик шуд. Дигарон дуртар аз онҳо бо Наталя машғул буданд ва ё рост меистоданд. Бархе дар канор байни ҳам пичиррос мезаданд.
Григорий Петровичи зинда бодиққат ба ҷасади худ менигарист. Елизавета Петровна тарсону ларзон ба майит ишора карда, пурсид:
— Пас, ин кист?
— Ин ман, — маъюсона посух дод Григорий Петрович.
— Гриша, охир, ту мегардӣ, гап мезанӣ, — ғурунгос зад Елизавета ва як чашмаш беҷо шуд.
— Хайр, чӣ? — тамасхуромез гуфт Григорий Петровичи зинда ва баъд узромез ба ҷасади худ ишоракунон китф дарҳам кашид.
— Чӣ хел хайр? — ба даҳшат омад хоҳар.
— Ана ҳамин хел, — Григорий Петрович ҷониби хоҳараш, ки қариб беҳуш мешуд, рўй овард. — Хайр, Лизаҷон, медонӣ чӣ: ту ба Наталя расон, ки ман бегоҳ ба назди вай меоям. Фақат Вовкаро наорад. Ва хўроки шом тайёр кунад: тухмбирён бо ҳасиб, ҷурғот, бўлка. Арақ лозим не.
— Ман чӣ? — мулоим пичиррос зад хоҳараш
— Ту чӣ? Ману ту бе ин ҳам наздики наздикем.
Григорий Петровичи зинда чанд маротиба бо виқор аз назди тобути худ гузашту ба гулҳо, мўйҳои сафедгаштаву пешонии зардранги худ даст расонд, номаълум аз гўши мурда кашид ва баъд ба хоҳараш нигарист.
— Медонӣ чӣ, — пичиррос зад ў. — Агар Наташка тарсад, бигзор хоб кунад. Гўй, ки ҳарос дошта бошад, бигзор хоб кунад. Ман худам дар ошхона илоҷашро меёбам. Ягон чиз мехўраму баъд дар бари ў мехобам...
Ва Григорий Петрович дилпурона, аммо маҳзун, ҷониби баромадгоҳ рафт. Бисёр нафарони барои гусел омада чеҳраи ўро нағз намешинохтанд ва ў озодона аз толор берун шуд.
Ба ҳар ҳол писарбачае дар чеҳраи ў марҳумро шинохта, хост аз дасташ дорад, аммо оқибат ҷуръат накард.
Се нафаре, ки Григорий Петровичро нағз мешинохтанд, беҳуш дар рўи фарш мехобиданд. Як нафар нишаста, бехудона мушт ба сандуқи синааш мезад. Дигарон то ҳол Наталя Семёновнаро ба ҳуш овардан мехостанд. Бархе дар хусуси таваҳҳум мегуфтанд.
Боқимондагон каҷ-каҷ ба Григорий Петровичи мурда менигаристанд: оё намеҷунбад? Як мўйсапеди болобаланди эҳтимол фирқагар вазъиятро печида кард: вай ҳамаи ин рўйдодҳоро назоракунон ба тобут наздик шуду ба рўйи мурда таҳдидкунон туф кард.
Чӣ шўре бархост баъд аз ин!
Хешовандон, хусусан хоҳари майит, ба мўсапед дарафтоданд, касе аз ришаш дошта кашид. Ҳуштак садо дод, шояд касе милитсияро ҷеғ задааст.
Дар айни замон навозандагон ба ҳеч чиз эътибор надода, тибқи қарордод марши мотамро навохтанд. Аллакай дар толор кор ба занозанӣ расида буд. Мўсапеди фирқагари либосҳояш дарида дар фарш мехобид.
Ҳамин вақт Наталя Семёновна ба ҳуш омаду мутаҳаййир ба атроф нигарист. Ҳарчанд тобут дар ҷояш буду марши мотам садо медод ва дар ҳавои он занозанию доду вой идома дошт, бегона метофт ин дунё ба чашми ў.
Аллакай дар толор овоза паҳн шуда буд, ки ҳамин ҳозир Григорий Петрович зинда, ба пойи худаш ин ҷо омада буд ва... ин маросим шубҳанок барин. Як марди зардинаи бўзбала «мурдаро иваз кардаанд» гўён майитро аз тобут берун кашид. Баъди базўр майитро аз дасти ў гирифтан, воқиаҳо гардиши аҷибе гирифтанд: ҳама бар зидди якдигар меҷангиданд, боқимондагон фиғон мекашиданд.
Наталя Семёновна ин манзараро дида, фикр кард, ки вай дар он дунёст ва дубора аз ҳуш рафт.
Ҳамсояҳои майзада — Сергей ва Николай доду войкунон ҷаҳида аз зери буттаҳо баромаданд, онҳо Гришаи аз толор баромада ҷониби истгоҳ равандаро дида, чунин маст шуданду ба ин ҳол афтиданд. Дар ин вақт милитсия низ расида омад. Аввал сардор — лейтенанти фарбеҳи сапедмўй аз мошин берун шуд. Аммо афту андоми дар назди тобут занозанкунандагонро дида, ноилоҷ монд. Ў ва ҳамроҳонаш баъд аз панҷ-шаш дақиқа ба худ омаданд.
— Пароканда кардан даркор ин маросими мотамро! — дод зад лейтенант ба назди Наталя Семёновна омада. Касе ба ў гуфт, ки ин зан ҳамсари майит аст. Ногаҳон марде дар тан либоси урфӣ, яқин сардори клуби дучархаронон, пайдо шуд. Наталя Семёновнаро ҷунбонда-ҷунбонда ба ҳуш оварданд ва ў чашмонашро кушод.
— Ин шавҳари шумо ё не? — дод зад он мард ба тобут ишоракунон. Наталя Семёновна гиря кард. — Шумо бо ин ҷанозаи ваҳшиёнаатон демократикунонии ҷамъияти моро вайрон мекунед!!! — чиррос мезад он одамак дар атрофи Наталя Семёновна ҷастухезкунон.
— Монед, то худашро ба ифоқа орад, — дод зад ба сари он мард кампир Агафя. — Беқарорҳо! Ҳама чизро бояд зуд донед! Тоқат кунед, худаш аниқ кунад, ки шавҳараш мурдааст ё зинда?!
Аз ҳайрат чашмони лейтенант қариб аз косахонааш баромада буд. Ў ин қабил суханҳо ва занозаниро дар атрофи тобут таҳаммул карда натавониста, ба мобайни толор омаду аррос зад:
— Бас кунед ин бетартибиро, вагарна мепарронам!
Ва таппончаро ба даст гирифта, ба кадом сабабе мили онро ҷониби тобут равон кард. Баъд хатои худро фаҳмид магар, онро ба шифт нигаронд. Милитсионерҳои ҳамроҳаш ҳангу манг шуданд. Аммо суханону чеҳраи бадхашмонаи ў кора карду занозанӣ қатъ гардид ва ба ҷуз баъзе фарёди ҷунуномез оромӣ ҳукмфармо шуд. Сардори клуби дучархаронон ба назди лейтенант омад.
— Чӣ кор мекунем, рафиқ... ҷаноби лейтенант? — эҳтиёткорона пурсид ў.
— Чӣ кор мекунем? — андешаманд ба забон овард сардор: — Якум: дар бораи ин воқеа ҳеч кас даҳон накушояд. Дуюм: маросими мотаму мусиқинавозиро бас карда, дарҳол ба гўристон раванд. Мошин, алабатта, ҳаст? Ҳаст. Ман назора мекунам, ки ҳамааш аз рўи қоида бошад.
Ҳама ба фармони ў гардан фуроварданд.
Тобутро ба мошин бор карданд. Аммо андешаи одамон дар гўронидани майит мухталиф буд: бисёриҳо мегуфтанд, ки ҳоҷати ба гўристон рафтан нест, зеро киро мегўронанд, аниқ касе намедонад.
Наталя Семёновна аввал ба рафтан мутлақо розӣ набуд, аммо баъд вақте ки тобутро ба дарунтар тела доданд, сарпўши тобутро кушода, фиғон бардошт:
— Охир, ин Гриша — шахси азизу маҳбуби ман! — Ва бо ин суханҳо ў аз қафои мошини тобутдор ба роҳ даромад. Аз қафои ў хоҳари Григорий Петрович Елизавета ва чанд нафари дигар равон шуданд.
Дар роҳ Елизавета ба Наташа дар хусуси гапҳое, ки Григорий Петровичи зинда ба ў гуфта буд, ҷиддӣ гуфтугў кард. Дар охири суҳбат чашмони Елизавета Петровна хумор рафтанд ва ў яқин дар дунёи дигари шарире сайр дошт. Баъд Елизавета Петровна ба сухан омад:
— Аҷиб, ин ҷо Григорий Петрович дар назди мо мурда хобидаасту дар айни замон Григорий Петровичи зинда омада буд. Онҳо дутоянд — яке мурда ва дигаре зинда.
Пас аз ин суханҳо ҳамсари Григорий Петрович андўҳгин шуд. Маросими дафн бисёр сард анҷом ёфт. Ҳама хомўш буданд. Милитсия танҳо аз дур назора мекард.
Инак Григорий Петровичро зуд ба хок супурданд. Ҳеч гуна нутқи тагдору духўра гуфта нашуд. Аммо дар охир шумнафасе пайдо гашт. Мўсапеди дар занозании қаблӣ шаллоқхўрдаи чиркин, дар тан либосҳои даридаю муйҳояш парешон, аз байни тўдаи камшумори одамон зада баромаду қабрро нишон дода, девонавор дод зад:
— Мо ҳам бояд ба он ҷо равем! Ба он ҷо! Зеро Григорий Петрович дар як замон ҳам мурда асту ҳам зинда. Вай ҳам дар даруни тобуту ҳам роҳ мегардад!.. Мо низ бояд ба он ҷо равем, ба он ҷо! Ба назди Григорий Петрович!
Милитсия наздик омад. Дами мўсапедро гирифтанд ва ҳамааш ба хубӣ анҷомид.
Наталя Семёновна ғамгин ба хона баргашт. Ўро Елезивата Петровна гусел кард. Дигар хешовандонро гўё бод бурд. Баъд хоҳари марҳум низ ғайб заду Наталя Семёновна танҳо монд. Дар сараш танҳо як андеша буд — Григорий Петрович ваъда дод, ки бегоҳ ба хона меояд.
Вай ба хонаи якҳуҷрадори хеш ворид гашта, чароғро даргиронд ва беихтиёрона, тавре ки Григорий Петрович фармуда буд, бо ҳасиб тухмбирён омода намуд...
Ва ҳар замон ба соат нигоҳ карда, мунтазир нишаст. Баъд аз карахтӣ раҳоӣ ёфту безобита шуд: магар ў ақлашро хўрдааст? Охир, ў киро интизор аст? Григорий Петрович дар зери хок, дигар ҳаргиз аз он ҷо намебарояд. Аммо баъд ў ба назди оина омаду мўйҳояшро ба тартиб овард, лабонашро андак ранг кард ва хост мисли ҳарвақта ба пешвози шавҳараш баъд аз сафари дуру дарози хидматӣ ягон пероҳани зебо ба бар кунад. Аз ин амалу андешаҳо ба худаш раҳмаш омаду зор-зор гирист, ки шояд ў дар ҳақиқат девона шудааст. Баъд худашро ба даст гирифт ва ҳама фикрҳои бад бартараф шуданд. Барои бекор нанишастан ҳуҷраро рўбучин кард: шаб обистан аст, то чӣ зояд субҳ.
— Хоб кардан даркор, — гуфт ў ва ним истакон арақро нўшида, либосҳояшро кашиду даруни ҷогаҳ даромад. — Пагоҳ ташвиш зиёд мешаваду ин ҳама нофаҳмиҳо фаромўш мешаванд...
Ва зуд хобаш бурд.
Дар хобаш чашмони пурхумори Елизаветаро дид. Пасон, аз миёни хоб, садои бо калид дари хонаро кушодани касе расид. Аммо аслан ин дар хоб набуд, вай инро ҳис мекард, лекин мадори чашм кушодан надошт. Хастагӣ, таъсири шароб ҷисмашро бемадор карда буд ва... дигар барои ў фарқ надошт. Як қисми майнааш дар хоб буду нимаи дигари он ҳушёр ва бо ҳамин қисми бедор ў воқеиятро дарк мекард. Ба ошхона ворид шудани касеро шунид ва овози шавҳараш, чалп-чалп тухмбирён хўрдани ў ва садои ба ҳам хўрдани табақчаю чумчаро шуниду шинохт. Пас аз як дақиқа ҳама ҷо ором шуд. Баъд ногаҳон: модараш, садои табақча, ғалоғула ва овози шавҳараш, ки таом бад тайёр шудааст, дар ҳама ҷо нонхўракҳо; баъд боз модараш, қул-қули об... Ниҳоят хобаш сахт бурд, хоби амиқ.
Соати даҳи пагоҳӣ бедор шуд Наталя Семёновна. Арақшор вориди ошхона гашт; тухмбирёнро хўрда буданд, табақчаҳо шикаста, об рехта. Аммо дар хона касе набуд. Наталя Семёновна ба бадани худ нигоҳ карду девонавор дод зад: дар он пайи таҷовуз намудор буд...
— Гриша, азизам, ин чӣ ҳол аст? — дод зад ў.
Қисса кўтоҳ, Григорий Петрович дар зери замин хоб буд, Григорий Петрович зинда дар рўи ҳамин замин мегашт ва вақте ки Наталя Семёновна бедор шуд, ў каме дуртар аз хона қарор дошт. Рўҳи ҷовидонаи Григорий Петрович зиндаю мурдаи ўро тарк кардаю худашро дар ин дунё танҳо гузошта, ба дуриҳо, ба назди Худованди хеш рафта буд.
Худованди кайҳонӣ Арад, ки ин воқеа тасодуфан ба назаргоҳи маънавияш уфтод, аз ин мусибати инсонӣ чунон хандид, чунон хандид, ки ҳатто сайёраи дар ихтиёраш будаи Д. аз ин хандаи ў мувоҷеҳи мушкилот шуд ва дар он тўфон ба амал омад.



