Зинаи охирин

(пора аз қисса)

— Не, — оташин мешуд Кирилл, — ба ҳеҷ ваҷҳ одамони фарҳангию бомаърифат (шогирди донишгоҳи Қазон ё ғайри он) боиси чунин ғорату қашшоқии тамоми мамлакат шуда наметавонистанд. Заррае одами фарҳангӣ нестанд онҳо, барбаронанд, нохондаҳо, ноқисулақлҳо, ҷоҳилонеанд, ки бар замми ин вуҷудашон пур аз кину адовати ночизу қасосгирона аст. Ҷинояткоронеанд, ки ҳукуматро ғасб кардаанд. Хайр, худат бигў — магар маҳв намудани зебоӣ роҳзанӣ нест? Зебоии замин, симои аслии онро нест кардаанд онҳо. Он зебоӣ, охир, на маҳсули дасти онҳо буд. Бандҳои охири «Влас»-и Некрасовро бихон, Рўбоҳак.

Лиза ҳамоно ба қироати возеҳ шурўъ кард:
Меравад ў дар зимистон,
Меравад хангоми гармо,
Ҷуста аз руси баимон
Туҳфаҳои бешу камро —
Медиҳандаш раҳгузарҳо...
Мешавад аз саҳми мардон
Маъбади бисёр барпо
Дар диёри беҳтар аз ҷон...

Инро Некрасов, шоҳиди беғараз, метавон гуфт, ки демократи инқилобӣ навиштааст. Яъне, дуруст аст, ки ин зебоӣ дар саросари Россия бо ранҷи заҳматкашон, бо саҳми тамоми халқ бунёд ёфтааст.

Кӣ муқобили он бархоставу даст бар он бардошта метавонист, кӣ ба худ иҷоза медод, ки онро таҳқир бикунаду паст бизанад? Танҳо душманони Россия, танҳо интиқомҷўёни ношуди хашмӣ, танҳо авбошону ҷинояткорон. Наход ин ба ягон кас нофаҳмо бошад?

— Ў ҳам қасд мегирифт? Қасди кирову чиро?

— Чӣ хел қасди киро? Қасди бародарашро! Бародарашро овехтанд-ку, ана, баъд ў гуфт, ки мо бо роҳи дигар меравем. Қасам хўрд. Модараш низ ҳамаи онҳо, бачаякони худро ба харобсозии Россия раҳнамо шуд. Ба бунёдкорӣ фақат муҳаббат қодир аст, дар банди кину адоват танҳо хароб кардан мумкин. Агар вусъати харобкорӣ, вакхоналияи* тахрибкориро ба назар бигирем, он хашму ғазаб ваҳшиёна, ҳайвонсифатона буд**.

Манзараи гўё, ҳамин тавр не?

Ва, ҳамин тавр, аз пеши чашми мо, аз дилҳои мо, ки ҳар бор ғарқоби хун мешуданд, маъбадҳои сари теппаҳо, маъбадҳои иҳотаи дарахтон, маъбадҳои байни деҳаҳо, маъбадҳои хилватгоҳҳо, маъбадҳои якгунбазаву панҷгунбаза мегузаштанд ва ҳама яксон берўҳу беҷон ва сарнагунсару муҳаққар.

Агар яке ба анбори колхоз табдил меёфт, воридаш мешудем. Бўи гўшти гандида ба димоғ мезад, фарш пур аз пўстҳои хоми намакзадаи гову гўсфанд буд, ғарам-ғарам комбикорм барои хукҳо дучор меомад. Дар анбори дигар лўлапечҳои тол, бузургкалобаҳои сим, қуттиҳои шиша, банкаҳои ранг нигаҳдорӣ мешуданд. Тамоми фарши анбори сеюм аз ғалладона, масалан, ҷав ё зағирпояи тираранги пурчангуғубор, пур буда метавонист.

Ба як калисои байни дарахтон расида, ба маъбади беҳад харобаш надаромадему дар айвончааш нишастем, ки ба сукути муҳити буттаҳои ёсу ақоқиё ва гули паридаранги хайрӣ гўш бидиҳем.

Ҷои холиву фаромўшшуда, аммо чизе, ки он ҷо пайдо нашуд, сукути том буд. Дар тарақҳои зангўлахона оҳиставу боалам бод менолид. Дар он ҷое, ки мо нишаста будем, дар байни буттаҳо насиме намевазиду ҳаво гарм буд, дар боло, рў-рўи буттаҳову дарахтон, наздиктар ба салиб, қаринтар ба абрҳои нимрўзӣ боди нуроние сайр мекард.

Оқибат аз андеша раҳо гашта бархостем, чунки садоҳои бегонае ба оромгоҳ наздик шуданд. Гўё садои по буд ё овозе хира, ки на гиря буданаш маълум буду на тарона буданаш.

Аз паси буттаҳо нигариста, дидем, ки аз сўи деҳа ҷанозае наздик мешавад. Маълум шуд, ки ин ҷо ҳанўз батамом фаромўш нашудаасту чун пештара қабристони деҳа аст. Чӣ хел мо пай набурдем, ки баъзе пуштачаҳои байни алафзори нодуруда хеле тозаанд ва ё, ба ҳар ҳол, осори дасти гули инсон дар онҳо эҳсос мешавад.

Ҷаноза серодам не, ҷанозаи одии деҳотӣ буд. Аз кўдакӣ ёд дорам, ки дар деҳаи мо марҳумонро чӣ хел мегўронданд. Тобутро аз ҳотаи калисо тавассути дарвозаи асосӣ, ки танҳо дар чунин рўзҳо боз мешуд, мебароварданд... Пеш-пеш салибу сачоқ, пас он ким-чи хел чароғе, ки нағз дар ёдам намондааст. Зангўлаи калонтарин аҳёнан, бо танаффусҳои тўлонӣ садо медод. Аз як зарб то зарби дигари он ҷаноза метавонист сӣ-чил қадам пеш биравад. Ҳамин хел аст зангўлазании маросими дафн. Чизе беҳад мутантан эҳсос мешуд дар ин зарбҳои аҳёну ногаҳони вазнину сангин. Гўё бар-бари ин ҷанозаи кўчак помонии баҳодуронаву хоси касе, қадамҳои маргу мотам, равиши замонро медидӣ. Бум! — чил қадам. Бум! — чил қадами дигар. То қабристон тақрибан панҷоҳ бор садо медиҳад зангўла.

Ҷанозахонии ҳақиқии калисоро дер боз нашунидаам, аз ин рў, дар ёдам намондаасту тасаввураш карда наметавонам, ки чун аст, лекин боре, чанд сол пеш, ҷанозаи Алексей Алексеевич — падари худамро шунидан насибам шуд. Воқеан, ҷанозахонӣ ҳам набуд он: падар Александр, ки аз пирӣ овозаш намебаромад ва Поля-хола Московкинаю Володя Постнов, ки сари овоз мегирифтанд — як дастаи оҷизу бечора. Вале ман гўш кардам ва баногоҳ саропоямро раъша фаро гирифт. Ҳоло ёд надорам, лекин суханони мутантану хосе барои чунин ҳолатҳо, яъне ҳарфҳои бузурге мегуфт бадоҳатан падар Александру сариовозгирон, ки дар умқи вуҷудам андешае рух менамуд: агар дар болои ҷасадат чунин суханон бигўянд, мурдан чандон мудҳиш ҳам нест.

Акнун садои зангўлаи калон ба гўш намерасид, ҷанозахонӣ ҳам.

Хомўшу сархам марди русеро дар он гармои дилгир бо роҳи пурчангу ғубор мебурданд, ки хуб заҳмат кашидаву кор хўрда, хуб киштаву даравида ва серӣ тамоку дуд додаву аз ҳаёти сангин серӣ ҳақоратҳои обдор ба забон оварда буд. Ва ё зани русеро, ки басо фарзандҳо зодаву серӣ дегу табақдорӣ карда, ҳиссаи заҳматашро кашидаву ҳиссаи ғамашро хўрдааст.

Хостем бубинем, ки чӣ хел мегўронанд онҳо, расми аз онҳо рабудашудаи ҷанозаро бо чӣ иваз мекунанд.

Ман, масалан, чун як адиби масковӣ, дар бораи ҷаноза тасаввуроти хешро дорам. Бояд тобутро ба ХМА*** биёранд (барои ин муваққатан мизу курсиҳои тарабхонаро меғундоранд), бояд Михалков сухан бигўяд, бояд Роза Яковлевна дастбандакҳои мотам тақсим бикунад, бояд мусиқии мотам ва ё ягон мусиқии хуб садо бидиҳад.

Фарз кардем, ки ман аз ин беҳтарашро намехоҳам ва ҳаминро барои худ «ҷанозаи инсонвор» медонам. Ва агар ҳоло қаблан ба ман бигўянд, ки баъди марг ҷасадамро барои хўрдан пеши ҳайвонҳои ваҳшӣ ё барои нўл задан назди мурғон мепартоянд, инро сангдилии ноодамона хоҳам шумурд. На ҳайвонҳо лозим ба ману на мурғон.

Аммо дар Ҳиндустон қавмҳое ҳастанд, ки ба даридану нўлзании ҳайвону мурғон ҳавола шудани ҷасадашонро асли обрў медонанд. Аз назари онҳо, ин «инсонвор гўронда шудан» ном дорад. Ё худ, дар соҳили Ганги муқаддас сўзонда шудан. Агар ба ҳинду бигўӣ, ки дар лаби дарёи Ганг сўзонда намешавад ва ё ҷасадаш туъмаи ҳайвону мурғон намегардад, инро бераҳмии ноодамона хоҳад донист.

Кўтоҳи гап, ҳар инсон, бо вуҷуди беҳуқуқӣ дар зиндагӣ бояд аз ҳуқуқи муқаддаси аз назари худаш баъди марг «одамвор гўронда шудан» бархурдор бошад.

Инак, калисоро мебандем, яъне, бо як амал садҳо пиронсолон, мўсафедону кампираконро аз ҳуқуқи «инсонвор ба хок рафтан» маҳрум мекунем, чунки онҳо дигар гуна дафнро «сагвор», «ҳайвонвор», «лошавор» гўрондан мешуморанд. Чунинҳо дар миқёси мамлакат миллионҳо нафаранд. Кӣ чунин ҳуқуқи бераҳмии даҳшатнокро аз худ карда?

Пиразане, деҳқонзане рус, модаре рус, модаркалоне рус умр ба сар мебарад. Албатта, дар миқёси вилояту ноҳия касе нест ў, на говдўш асту на зарбдор ва на узви дастаи меҳнати коммунистӣ. Ба хотири дафни ў аз ноҳия оркестр намеояд, байрақҳои мотам намеафрозанд.

Оре, ў на говдўш асту на зарбдор. Лекин инсон аст ў, ин-сон! Ва ҳама орзўяш, охирин орзую ормонаш ин аст, ки ҷанозаашро дар калисо бихонанд. Аммо маҳз аз ҳамин маҳрумаш кардаанд. Маҳрум карданашон кам буд, ки дар зиндагиашон ба гўшашон хондаанд, то ягон хел калисову ягон хел ҷанозаро дар гўшаи хаёл ҳам роҳ надиҳанд.

— Баъди маргам чӣ мешавад?

— Бурда мегўронем.

— Ҳамчун ҳайвон?

— Чӣ хеле ки бифаҳмӣ.

Куҷост меъёри сангдилӣ, таҳқири одамон, помолкунии эҳсоси инсонӣ?

То ман инро аз дил гузарондан ҷаноза ба қабристон расид. Мо ҳам назди гўри тоза омадем. Замини ин ҷо саросар гили сурх будааст, дар пушта хокӣ ва иборат аз чоркунҷаҳост, лекин дар деворҳои гўр, дар буришгоҳҳо дурахшон буда, чун равған ҷило медиҳад.

Инак, одамон ба назди гўр омада, тобутро дар паҳлўи он ниҳоданд. Ҳиқ-ҳиқи занҳо баландтар шуд. Ҳама тобутро гирд карда, дар атрофаш бечораҳолона ҷамъ омаданд. Баногоҳ эҳсос кардем, ки даступо хўрдаем. Касе намедонад, ки акнун чӣ бояд кард. Охир, ягон кор бояд кард, ки эҳтироми охирин, маросими вопасин бошад... Ягон маросимро намедонист ин ҷамъи кўчак.

Кампираке, ки ба марҳум наздиктар меистод, салиб кашида, ба кафани сафед хоки резони сурх пошид.

— Тобутро маҳкам кунед, мардҳо, чӣ нигоҳ карда истодаед?

Кор, ки ёфтанд, зинда шуданд мардон. Амали дигарро кафолат намедиҳам, лекин мех кўфта метавонем мо. Зарбҳои ҷарангосиву ғампарвари ду болға баланд шуд. Дар як лаҳза тобутро мех зада, маҳкам карданд, ресмонҳоро аз тагаш гузаронданд. Оҳувоҳ кардаву базўр мувозинатро нигоҳ дошта, тобутро ба умқи сарди гилӣ фуроварданд. Арғамчинҳоро кашида гирифтанд. Садои кунду ғамбори рўи тобут афтодани кафҳои хок ба гўш расид. Ҳарчи кундтару бесадотар меафтод кафҳои хок. Батадриҷ ба хиш-хиш мубаддал шуд он.

Хокро ба рўи гўр кашиданду боз зору ҳайрон монданд. Вақти пароканда шудан фаро расида буд. Лекин гўё дар вуҷуди ҳар як нафар чизе анҷомнадода, чизе ногуфта ва ё ба таври зарурӣ баиҷронарасида эҳсос мешуд.

Лекин дигар кор набуд. Гўр карданд, чӣ, акнун то бегоҳ дар болояш биистанд? Якҷоя не, гурўҳ-гурўҳ пароканда шуданд мардум. Зани тахминан панҷоҳсолае ба ҳар нафар хотиррасон мекард, ки ба маросими ёдбуд биёяд.

Албатта, ҳатман. Акнун дар кулбаи он зан ҷамъ меоянд, менўшанду мехўранд, масти лояъқил шуданашон ҳам аз эҳтимол дур нест. Чӣ ҷои таъна? Алами ҷонкоҳи комилан эҳсоснашуда ва ё аслан даркнагаштаро баровардан лозим, охир.

Барои маҷмўи аксҳои дигар ва, ростӣ, дуюмдараҷаи худро ҷамъ овардан, Кирилл қариб дар ҳар як деҳа хоҳиш мекард, ки раиси колхозро биёбам. Нақши асосӣ аз он сабаб насиби ман шуда буд, ки то ҳамчун журналист бо раис суҳбат кардану аз корҳои хоҷагӣ пурсидани ман, Кирилл баҳузур мавқеи мувофиқ ёфта, бо истифодаи дастгоҳи наворбардорӣ чеҳраи раисро «ба худ наздик овардаву» калон карда, симои ҳамсуҳбати маро, ки баъзан аккосӣ шуданашро пай намебурд ва, пай барад ҳам, албатта эътироз намекард, балки хурсанд мешуд, ки «баъдан ба газета мебарояд», дар дастгоҳаш бо худ мегирифт...

Лекин «баъдан» фаро намерасид. Баъдан Кирилл суратҳоро дар рўи мизаш гузошта, мегуфт:

— Бубин, бубин. Ана, фармонфармоёни кишоварзии мо. Ақаллан як чеҳраи хос биёб, дар як чеҳра заррае рўҳ пайдо бикун. Бодиққаттар бингар. Рў нест инҳо, берўист. Нотарошида, аз махмурӣ ё бехобӣ варамида. Дар ягон чеҳра ирода, ҷилваи хирад, ҷилои шахсиятро мебинӣ? Сарбасар берўёни худбохтаву ҳайрон, ки намедонанд чӣ мехоҳанд аз онон. Ҳама кореро, ки аз боло бифармояндашон, мекунанд ин зотҳо. Бифармоянд, ки ҷуворӣ бикор, мекоранд. Бифармоянд, ки ҷувориро решакан бикун, решакан мекунанд. Супориш бишавад, ки колхозҳоро муттаҳид бикунед, муттаҳид мекунанд. Амр биёяд, ки тақсиму майдаашон бикунед, тақсиму майдаашон мекунанд. бифармоянд, ки рўзи кор ҷорӣ бинамоянд, рўзи кор ҷорӣ менамоянд, бигўяндашон, ки рўзи корро ба моҳона иваз бикунед, иваз мекунанд. Лозим нест, ки худашон биандешанд. Худашон танҳо ба ҳилаву найранг қодиранд, то ки дар курсиашон бимонанд, барои ин, илоҷе карда, роҳбариятро бо ҳисоботи бардурўғ фирефтан, дурўғ гуфтан, ки «ҳамааш аллакай киштаву ғундошта шудааст» ва дертар ба ҳар ҳол он нақшаро иҷро намудан лозим аст. Лекин иҷрои нақша на ҳамеша муяссар мешавад. Фиреб фиреби нав мезояд. Ва вазъияте ба амал меояд, ки дар коғаз як чиз асту дар амал — чизи дигар. Фиреб болотар — аз ноҳия ба вилоят мебарояд. Дар мақоми охирин дигар касе намемонад, ки фиребаш бидиҳанд, аз ин рў, худро ва тамоми халқро аз минбари анҷуман ва ё иҷлосияи Шўрои Олӣ фиреб медиҳанд. Ҳамзамон рақамҳои коғазии ба воқеият номувофиқро аз мардум пинҳон медоранду бо роҳи хариди гандуму ҷав аз Амрико, Канада, Австралия рўпўш мекунанд...

Ба ҳар ҳол, то навор бардоштани Кирилл, маро бо раис суҳбат кардан лозим меомад ва ман бе душворӣ, чун дар имтиҳон, бо саволи дуюм даҳонашро мебастам, чунки вазъи колхозҳоямон ҳамон вақт чун рўз бароям равшан буд. Аввал хуб калонгарӣ мекард, лекин, дере нагузашта, маълум мешуд, ки ҳосили порсола ҳамагӣ нуҳсентнерӣ будааст, говҳо дуҳазорлитрӣ шир медиҳанд, бо вуҷуди аз шаҳр автобус-автобус қувваи корӣ овардан қисми картошка дар саҳро зери барфу борон мондааст, хўроки чорво то нимаи зимистон ҳам намерасад — ва раис маъюс мегашту ба гуфти Кирилл «мешикаст» ва ҳамоно аз нарасидани қувваи корӣ менолид.

Як директори совхоз рўирост гуфт:

— Пагоҳ маҷлиси умумӣ мегузаронам, ба мардум муроҷиат мекунам, ки хешону шиносҳояшонро барои кор ба совхоз даъват бинамоянд, қувваи корӣ намерасад.

— Мардум куҷост?

— Мегурезад, — кўтоҳу фаҳмо ҷавоб дод директор.

— Бо вуҷуи ин, хонаҳо зиёд-ку дар совхоз ва дар онҳо одамон зиндагӣ мекунанд. Сониян, магар гап фақат дар сари шумора аст? Ман боре дар Дания будам ва таваҷҷуҳ кардам, ки...

— Хайр, дар Дания чӣ гапҳо будааст? — мутаваҷҷеҳ шуд директор.

— Дар он ҷо хоҷагидории фермерӣ ҷорист. Россия ҳам, бо амалӣ шудани ислоҳоти Столипин, бояд ба ҳамин роҳ мерафт. Ҳамин тавр ҳам номида буданд ислоҳотро, ба фикрам — «роҳи Дания». Лекин Дания майдаяк аст. Маҳсулнокии гўшношунид ҳам дошта бошад, вусъаташ начандон аст. Агар ҳамин маҳсулотнокӣ дар масоҳате чун Россия мебуд...

— Чӣ хел аст маҳсулнокиашон?

— Хайр... Ман хоҳиш кардам, ки ягон хоҷагии начандон калонро нишонам бидиҳанд. Онро интихоб накарданд, воқеан. Дар роҳ равон будем, ки гап баромад, аз роҳи калон ба аввалин хоҷагии дучоромада даромадем.

— Хайр?

— Ҳафт гектар замин. Зану шавҳар. Ҳарду сисола. Духтари наврасашон аспи савории худро дорад. Аспи кориашон низ ҳаст. Ним трактор ҳам.

— Чӣ хел — ним трактор?

— Бо ҳамсояашон як трактори шарикӣ харидаанд... Олоти кориашонро медидед! Панҷшоха, бел, хаскашакҳояшон аз рангубор медурахшанд, дастаҳояшон тавре қат карда шудаанд, ки қувва камтар сарф мешаваду истифодаи олат ҳарчи қулайтар аст. Ду мошин доранд — сабукрав ва боркаши начандон калон. Маҳсулоташонро худ намехўранд. Фармудаҳояшон — гўшт, нахўди сабз, испаноғро мошини махсус меорад... Кадбону яхдонашонро, ки сандуқро мемонад, нишонам дод. Сарпўшашро кушодам, пур аз маҳсулот буд. Ҳама — чун аксҳои китоби ғизои бомаззаву солим тару тозаву дурахшон.

— Чӣ истеҳсол мекардаанд?

— Се навъи маҳсулот: шир, тухм, хукбача. Ман, албатта пурсидам, ки дукаса дар он ҳафт гектар чӣ қадар маҳсулот истеҳсол намудаанд.

— Хайр?

— Ду тонна тухм, шир, агар бо маска ҳисобаш кунем, 1800 килограмм ва чил хукбача барои гўшт.

— Тухмро бо вазн меҳисобанд?

— Бале. Дар мағозаҳояшон ҳам бо кило фурўхта мешавад. Яъне, қариб сӣ ҳазор дона. Агар ба ҳарсеяшон тақсим кунем, сари ҳар кас даҳҳазорӣ рост меояд, лекин амалан бояд понздаҳҳазорӣ бигўем, чунки танҳо ду нафар кор мекунанд. Ана, маҳсулнокӣ. Дар хоҷагиҳои шумо чӣ гап?

— Чӣ гап ҳам мешуд? — гўё аз хоби хуше бедор шуд директор.

— Шумо фермаи мурғ доред?

— Дорем.

— Ба ҳисоби миёна сари ҳар нафар чанддонаӣ тухм супурдед?

— Дар хоҷагии мо асосан тухм не, шир аст.

— Бо вуҷуди ин...

— Не, охир.. — забон хоид директор. — Гуфтан шармовар аст.

— Бо вуҷуди ин...

— Сетухмӣ сари ҳар кас.

— Акнун маҳсулоти асосии шумо — ширро мегирем. Говҳои ў баҳузур панҷҳазорлитрӣ шир медиҳанд. Гуфтамашон, ки биёед ба кишвари мо ҳамоно ситора мешавед, аксатонро дар рўзномаи ноҳиявӣ чоп мекунанд, шояд унвони Қаҳрамони меҳнат ҳам бидиҳандатон. Не, гуфт, як илоҷ карда, дар ҳамин ҷоҳо, бе рўзномаи ноҳиявӣ, корамонро пеш мебарем... Ҳа, акнун маҳсулоти асосии шумо — ширро мегирем.

— Намегирифтемаш, беҳтар буд, — посух дод директор. — Шуморо нағз фаҳмидам. Сохти дигар — натиҷаҳои дигар. Акнун фаҳмидам, ки дар совхози ман на норасоии қувваи кор халал мерасонад, балки он як идораи ноуҳдабароён аст. Он ҷо ду нафар чил хукбача доранд. Агар ба ҳар коргари ман бист хукбача рост меомад, мо вилоятро пури гўшт мекардем. Бубинед-а, ҳазору ҳаштсад кило маска дар як сол. Ду кас-а. Боварат намеояд! Бигирем, ки дар совхози мо сесад нафар кор мекунанд. Пас мо бояд шаш миллион дона тухму тақрибан сӣ тонна маска ҳосил бикунем ва барои гўшт шаш ҳазор хукбача бисупорем. Не, инро ақли ман намегирад...


* Вакхоналия — ҷашне, ки дар Юнону Рими қадим ба шарафи худои шаробу шодӣ Вакх барпо мешуд; маҷозан — базми фосиқона.

** Ана, манзарае, ки коменданти собиқи Кремл П. Малков тасвир кардааст. Ба ў супориш доданд, ки то 1 май Кремлро тозаву озода кунад. Ва ў ин корро кард. Минбаъд — айнан мувофиқи матн. Малков П. «Ёддоштҳои коменданти Кремл». «Молодая гвардия», 1968, саҳ 127.
«Владимир Илйич бадар омад. Хушҳол буд, шўхӣ мекарду механдид. Вақте ки наздаш
рафтам, самимона бо ман салом кард, идро муборакбод гуфт, баъд баногоҳ шўхиомез бо
ангушт ишораи таҳдид кард.— Хуб, азизам, ҳамааш хуб, лекин, ана, ин баднамудро ҳанўз ҳам нагирифтаед. Нағз
не ин, азизам, нағз не, — ва ба ҳайкале, ки дар қатлгоҳи князи бузург Сергей Александрович қад афрохта буд, ишора кард.
Ман пуралам оҳе кашидам ва гуфтам:
— Дуруст, Владимир Илйич, нагирифтем, вақт нашуд, коргар нарасид.
— Аҷаб баҳонае ёфтӣ! Коргар нарасид, мегўед? Барои чунин кор ҳозир коргарон ёфт
мешаванд. Чӣ гуфтед, рафиқон, — ба атрофиён рў овард Илйич.
Аз чор тараф овозҳои ҳамраъйӣ ўро дастгирӣ карданд.
— Дидед? Шумо мегўед, ки коргар нест. Алҳол, ки то намоиши идона вақт ҳаст, ку,
арғамчинҳоро биёред.
Ман тозон ба комендатура рафта, арғамчин овардам. Владимир Илйич чолокона нўги
онро ҳалқа карда, ба гардани ҳайкал партофт. Ҳама ба кор шарик шуданд ва дере нагузашта, ҳайкал аз ҳама ҷониб арғамчинпеч гардид.
— Ку, якҷоя кашидем! — бошавқ амр дод Владимир Илйич.
Ленин, Свердлов, Аванесов, Смидович, дигар аъзои КИМ ва Шўрои комиссарони халқ
ва кормандони камшумори дастгоҳи ҳукумат ресмонҳоро ба гардан гирифтаву хаму рост
шуда, кашиданд ва ҳайкал ба роҳи сангфарш афтод.
— Аз пеши чашм гумаш кунед, ба партовгоҳаш баред! — амрдиҳиро идома мебахшид
Владимир Илйич.
Даҳҳо даст сўйи арғамчин дароз шуданд ва ҳайкал, рў-рўи роҳи сангфарш тарақо-туруқ садо бароварда, сўи боғи Тайнитск роҳ пеш гирифт.
Аслан Владимир Илйич тоби дидани ҳайкалҳои шоҳон, князҳои бузург, ҳар гуна генералҳои дар замони шоҳ шуҳратёфтаро надошт... Бо  таклифи Владимир Илйич соли
1918 дар Москва ҳайкалҳои Александри II дар Кремл, Александри III дар назди маъбади
Исои Масеҳ, генерал Скобелев сарнагун карда шуданд... «Мо ин лашулушро аз пой афканда, дар Москва ва дигар шаҳрҳои Россияи шўравӣ ҳайкалҳои Маркс, Энгелс, Марат, Робеспйер, қаҳрамонони Коммуна ва инқилоби худамонро мегузорем», — изҳор намуда буд
ў

*** ХМА (ЦДЛ) — Хонаи марказии адибон, ки мансуби Иттифоқи нависандагони СССР буд.