Бар сараш хокистарӣ дорад кулоҳ...
* * *
Бар сараш хокистарӣ дорад кулоҳ
Бо худи худ мондаву танҳо.
Сарсарӣ байни дурӯғу рост
По ниҳода байни барзанҳо.
Интихоби як харак дар боғи сабз
То бимонад баҳри мо умре аён.
Васл карда рафтаву ояндаро,
Боз то гардем бар он як замон.
Дӯстдори ҷумла тасвири ғамангез
будаму он тирамоҳӣ аксҳо,
байни тасвири кубуди кӯлмакҳо
меваҳои буттагӣ ҳамчун ғубайро.
Гарчи оғозаш зи хотир рафт,
тафсилоташ нест андар ёд,
мисли борон рехту бигзашт,
ё набуду буд, бурдаш бод.
Лек наврас буд, наврас буд,
даст бар рӯ бурда меовард,
менавишт ӯ шеъру ҳар сатраш
пештар мерафт бо ҳар дард.
Бар сараш хокистарӣ дорад кулоҳ
Бо худи худ мондаву танҳо.
Сарсарӣ байни дурӯғу рост
По ниҳода байни барзанҳо.
Интихоби як харак дар боғи сабз
То бимонад баҳри мо умре аён.
Васл карда рафтаву ояндаро,
Боз то гардем бар он як замон.
Дӯстдори ҷумла тасвири ғамангез
будаму он тирамоҳӣ аксҳо,
байни тасвири кубуди кӯлмакҳо
меваҳои буттагӣ ҳамчун ғубайро.
Гарчи оғозаш зи хотир рафт,
тафсилоташ нест андар ёд,
мисли борон рехту бигзашт,
ё набуду буд, бурдаш бод.
Лек наврас буд, наврас буд,
даст бар рӯ бурда меовард,
менавишт ӯ шеъру ҳар сатраш
пештар мерафт бо ҳар дард.




