Борони олус

Борон гузашту рафт аз он сӯи кӯчаҳо, Аммо накард куртаи манро тар андаке. Ин сон фақат саге бикунад сайр одатан, Вақте ҳудуди худ бикунад ҳифз аз саге. Аз ростӣ, ки шодию хурсандии зиёд Пас аз тайи дарозтарин раҳ ба дил нишаст. Дар гармие, ки худи дамосанҷ аз он кафад, Борони сел муъҷизаи осмонӣ аст. Бо ғурриши ҳаросфикан зери раъду барқ Бигрифт хонаи куҳанам пешвози сард. Инак, ба мисли як зани деринтизори шӯх Борон гузашту рафт зи роҳи пиёдагард.