Мон, ки истанд он чунон, к-истодаанд...
* * *
Мон, ки истанд он чунон, к-истодаанд
Ин ҳама, ҳаргиз макун беҷояшон.
Байнамон гӯям, ки ҳастам расмиятчӣ,
Кӯҳнапарвар, низ тарсуи замон.
Лек бошад.., хоҳиши ман, к-ин ҳама
Монад он соне, ки буда дар назар.
Ту нарас, гулдони болоро магир,
Мон, ки монад пеши дида ҷилвагар.
Хуб бошад, ки набинам нақши ранг,
Қирро ҳам, ин бувад одат маро.
Ту ба ман гуфтӣ, ки ҳасатам кӯҳнавар,
Ин лақаб оё бадӣ дорад, чаро?
Нест ҳарфе аз шуҷоат ё зи шаън
Дар канори вартаҳо дар ин ҷаҳон.
Лоақал, эй кош, монад пойдор
Сояе аз ҷилва, тобиш з-ахтарон
Ту ба феврал бахш пирӯзӣ фақат,
Октябр худ муваффақ мешавад,
Инқилоби зан хушам ояд ҳаме,
Моҷароҷӯ, ки тахайюл парварад
Мон, ки истанд он чунон, к-истодаанд
Ин ҳама, ҳаргиз макун беҷояшон.
Байнамон гӯям, ки ҳастам расмиятчӣ,
Кӯҳнапарвар, низ тарсуи замон.
Лек бошад.., хоҳиши ман, к-ин ҳама
Монад он соне, ки буда дар назар.
Ту нарас, гулдони болоро магир,
Мон, ки монад пеши дида ҷилвагар.
Хуб бошад, ки набинам нақши ранг,
Қирро ҳам, ин бувад одат маро.
Ту ба ман гуфтӣ, ки ҳасатам кӯҳнавар,
Ин лақаб оё бадӣ дорад, чаро?
Нест ҳарфе аз шуҷоат ё зи шаън
Дар канори вартаҳо дар ин ҷаҳон.
Лоақал, эй кош, монад пойдор
Сояе аз ҷилва, тобиш з-ахтарон
Ту ба феврал бахш пирӯзӣ фақат,
Октябр худ муваффақ мешавад,
Инқилоби зан хушам ояд ҳаме,
Моҷароҷӯ, ки тахайюл парварад




