Арғунчак
Мон, бигардад сабзу хзуррам боғи ман,
то ки арғунчак занад алвонҷ озод,
мон, ки хушбахтона биброрад садое
он даме ки сахттар бидҳанд бод.
Дар нишастангоҳи чӯбини харакҳо,
Баста андар ресмону карда овезон,
Меравӣ сарзер бар дунёи дигар
Гар биафтӣ ҳам аз он ҷо болафшон.
Меравӣ бо авҷи пешонӣ ба пеш,
Меравӣ боло дар ин олам яқин,
Як — муҳаббат шуд мусовӣ бо чароғон,
Ду — мусови шуд муҳаббат бо замин.




