Ars poetica
Нигар, хонандаи ман, рӯ ба раҳ кун!..
Ту, лоақло, ба як чашме нигаҳ кун!
Ба қирри чашм бингар, не ба ин сӯ!
На бар ман, балки болотар ба менӯ!
Ба феъли ман, нахоҳӣ, рӯ наёвар,
Вале, бин, чист аз дурӣ мунаввар!?
Дурахши рӯ... На рӯи чеҳраву тоб,
На Блок, балки абре дар сари об!
Фақат абре, ки дорад андаке нур,
Ту ҳам шояд варо дидастӣ аз дур.
Канӣ? Ёдат расид акнун, биё, бин,
Чӣ ангезиш диҳад монанди пешин.
Чӣ гуна абр сӯзад дар ғурубаш,
Чӣ хуш бошад маро ин акси дилкаш.




